Президенти Қирғизистон: Баҳсҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд!

Президенти Қирғизистон: Баҳсҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ҳал шаванд!

Ахбори минтақа

Раиси ҷумҳури Қирғизистон, Содир Ҷабборов, дар Нишасти сарони кишварҳои Туркзабон таъкид намудааст: Баҳсҳои марзӣ бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шавад.

Дар ин нишаст, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, бештар ба масоили ҳамгароӣ ва таҳкими созмон пардохта шудааст.

Ин дар ҳолест, ки ду моҳ пеш, дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон низ дар он ҳузур доштанд, байни ду кишвар муноқишаи шадиди мусаллаҳона сар зад ва аз ду ҷониб садҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт.

Дар паи ин даргиҳо, дар назар буд, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон, роҳи ҳалли муноқишаҳои марзиро баррасӣ кунад, ки боз ҳам бенатиҷа будааст ва даргириҳо ва ҷангҳои иттилоотӣ байни ду кишвар ҳамчунон идома дорад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нигоҳе мухтасар ба зиндагонии Паёмбар(с) – II
Истифодаи Украина аз таҷҳизоти низомии “Исроил” дар ҷанг

Матолиби пурбоздид