Путин: Дар ҷасади кушташудагони ҳавопаймои Пригожин тиккаҳои норинҷаки дастӣ кашф шудааст

Путин: Дар ҷасади кушташудагони ҳавопаймои Пригожин тиккаҳои норинҷаки дастӣ кашф шудааст

Ахбори ҷаҳон

Расонаҳои русӣ гузориш кардаанд, дар ҷасади бархе аз кушташудагоне, ки бо раиси гуруҳи Вагнер – Пригожин дар ҳавопаймои суқуткарда ҳузур доштанд, тиккаҳои норинҷаки дастӣ мушоҳида шудааст.

Ба гузориши ин расонаҳо, Путин эълом намудааст, ки дар ҷасади бархе аз кушташудагони ин ҳолиса, тиккаҳои норинҷаки дастӣ кашф шудааст.

Ҳамчунин Путин гуфтааст, дар дафтари Вагнер, дар Петербург, даҳ миллиард рубл пули нақд ва панҷ килограм кокаин кашф шудааст.

Ин иддаоест, ки қаблан Русия даст доштани гуруҳи Вагнер дар қочоқи маводди мухаддирро рад мекард ва ба гуфтаи коршиносон, ин мавзӯъ метавонад ин эҳтимолро тақвият кунад, ки афроди наздик ба ҳукумати Русия дар қочоқи маводди мухаддир мустақиман даст доранд.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сафири ҷадиди Узбекистон дар Исроил мансуб шуд
Вазири хориҷаи Исроил аз талоши Узбекистон барои густариши равобит ташаккур кард

Матолиби пурбоздид