Пушти пардаи мухолифати Синвор бо пешниҳоди табодули асирон 

Таҳлили хабарӣ
Пушти пардаи мухолифати Синвор бо пешниҳоди ҷадиди табодули асирон 
Дасти бартари муқовамат
Таҳлил
“Саҳюнистҳо дар як ҳафтаи гузашта пешниҳодҳои мутаъаддиде аз тариқи миёнҷиҳои қатарӣ ва мисрӣ барои табодули асирон бо муқовамати Фаластин матраҳ кардаанд, ки муқовамат ҳамаи онҳоро рад ва таъкид кардааст, қабл аз таваққуфи комили таҷовузҳои режими ишғолгар алайҳи Ғазза ва барқарории оташбаси доимӣ, ҳеч музокирае анҷом нахоҳад шуд ва муқовамат ба шартҳои худ пойбанд аст…”
Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм:
Яҳё Синвор, раиси ҷунбиши Ҳамос дар навори Ғазза ва женеролҳояш, ин рӯзҳо тамоми талоши худро бар ин мавзӯъ мутамаркиз кардаанд, ки чӣ гуна метавонанд бештарин талафоти инсониро ба низомиёни ишғолгар ворид кунанд. Ба ҳамин далел аст, ки ӯ ба ҳеч як аз музокироте, ки миёнҷиҳои арабӣ ба дархости Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими ишғолгар ва таҳти назорати мустақими Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико анҷом мешавад, таваҷҷӯҳе надорад.
Ин барномаи Яҳё Синвор дар рӯзҳои ахир бисёр муваффақ буда ва муваффақияти ин роҳбурдро дар афзоиши теъдоди куштаҳо ва маҷрӯҳони артиши режими саҳюнистӣ дар ҷанги заминӣ дар Ғазза мебинем; ҷойе, ки нерӯҳои вежаи боқимондаи гурӯҳи “Гулонӣ” баъд аз ҳалокати фармондеҳи он ва дастикам 88 нафар аз низомиёни аршад ин гурӯҳ ва афсарони он ки шомили 44 дарсади нерӯҳои типи “Гулонӣ” мешавад, по ба фирор гузоштанд. Натонёҳу дар изҳороти худ эътироф карда, ки Телавив ин рӯзҳо баҳои сангине дар ҷанг – чӣ дар навори Ғазза ва чӣ ҷануби Лубнон – мепардозад, аммо гузинае ҷуз идомаи ҷанг то – ба иддаои вай – нобудии Ҳамос ва бозгардондани ҳамаи асирони саҳюнист ва таъмини амнияти шаҳракнишинон дар атрофи навори Ғазза надорад.
Аз рӯзи ҷумъа танҳо тайи 24 соат 14 низомии аршад ва афсари саҳюнист дар каминҳое, ки размандагони муқовамат дар маркази Ғазза ва ХонЮнус эҷод карда буданд, ба ҳалокат расиданд ва 3 тонки артиши душман мунҳадим шуд. Илова бар он, даҳҳо тан аз низомиёни саҳюнист дар даргириҳо дар Ҷаболиё, Дейр ал-балаҳ ва Шуҷоъия дар даргириҳои мустақим, ба шиддат захмӣ шуданд. Ин амр собит мекунад, размандагони муқовамат дасти бартарро дар майдон доранд ва аз стратегияи дифоъ ба ҳамла мунтақил шуда ва силоҳҳои ҷадидеро вориди хидмат кардаанд.
* * *
Он чи ки мӯҷиб шуда раҳбарии муқовамат вақти худро бо пардохтан ба пешниҳодҳои беҳуда дар бораи табодули асирон талаф накунад ва бар ташдиди тақобул бо аносири душман ва ворид кардани талафоти бештар ба нерӯҳои он мутамаркиз шавад ва аз сабри роҳбурдӣ истифода кунад, чандин далел дорад:
1) Яҳё Синвор ва женеролҳояш, комилан эътимоди худро ба миёнҷиҳои араб аз даст дода ва ба ин бовар расидаанд, ки ин миёнҷиҳо таҳти дастури давлати Омрико, бо ҳамоҳангии режими ишғолгар барои дастёбӣ ба аҳдофи ин режим дар ҳазфи муқовамат ва иҷрои комили хостаҳои режими саҳюнистӣ амал мекунанд.
2) Дигар он ки тайи чанд ҳафтаи гузашта, шоҳиди боз шудани ҷабҳаи набард дар баҳри Сурх тавассути Яман алайҳи режими саҳюнистӣ ҳастем; ба тавре, ки киштиҳои исроилӣ ва ҳар киштии дигаре, ки ба самти Фаластини ишғолӣ ҳаракат кунад, мавриди ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Яман қарор мегирад ва вуруди ин киштиҳо ба Бобулмандиб ва сипас бандарҳои Фаластини ишғолӣ мамнӯъ аст. Илова бар ин, нерӯҳои муқовамати Ироқ тайи чанд рӯзи гузашта майдони гозии “Кориш”-ро дар баҳри Миёназамин ҳадаф қарор доданд. Ҳамчунин амалиётҳои Ҳизбуллоҳ зидди аҳдофи низомии режими ишғолгар дар шимоли Алҷалил (шимоли Фаластини ишғолӣ) низ ба шакли қобили таваҷҷӯҳе ташдид шуда ва артиши ишғолгарро дар ин ҷабҳа ба ҳам рехтааст. Ин бад-он маъност, ки саҳюнистҳо маҷбуранд ҳамзамон дар чанд ҷабҳа биҷанганд.
3) Омрико ва режими ишғолгар аксари шартҳои муқовамат дар хусуси оташбаси фаврӣ ва хуруҷи тамоми нерӯҳои исроилӣ аз навори Ғаззаро рад карданд ва сипас вориди гоми севвум, ки музокира барои табодули асирон аст шуданд. Ба назар мерасад, ки Омрико ва режими ишғолгар бо ин шартҳои худ тасаввур мекунанд арабҳо аҳмақ ҳастанд ва ба роҳатӣ фиреб мехӯранд.
4) Тайи рӯзҳои гузашта ағлаби матбуоти ғарбӣ дар гузоришҳои худ дар бораи ҷанги Ғазза мутамаркиз бар посух ба шартҳои муқовамат ҳастанд. Томас Фридман, нависандаи яҳудии рӯзномаи Ню-йорк Таймз, яке аз барҷастатарин шахсиятҳо дар ин замина аст, ки дар мақолаи ахири худ навишт: “Вақти он расида, ки Иёлоти Муттаҳида аз Телавив бихоҳад, ки ин пешниҳодро барои Ҳамос рӯйи миз бигузорад: ақибнишинии комили нерӯҳои исроилӣ аз Ғазза дар изои озодии ҳамаи гаравгонҳо аз Ғазза ва оташбаси доим таҳти назорати байналмилалӣ аз ҷумла нозирони омрикоӣ, аъзои НАТО ва кишварҳои арабӣ…”
* * *
Равшан аст, ки Томас Фридман ин идаҳо ва тавсияҳоро аз ҷониби худаш намегӯяд, балки инҳо идеҳои давлати Бойден аст, ки Фридман бисёр ба он наздик мебошад. Дар ин миён, баёни шарти озодии ҳамаи асирони саҳюнист бидуни озодии ҳамаи асирони фаластинӣ, як талоши дигар барои фиреби фаластиниҳост, ки хатари он камтар аз хатари фиреби фоҷеабори тавофуқҳои Осло нест; ҳамон тавр, ки ҳадаф аз ин пешниҳоди ҷадид, ки Фридман дар бораи он сӯҳбат мекунад низ табдил шудани Созмони озодибахши Фаластин ба бозуи амниятии режими ишғолгар ва вогузории 90 дарсади Фаластини таърихӣ ба душмани саҳюнистӣ аст. Ҳадаф аз ибтикори Фридман, ки дар воқеъ ҳамон ибтикори Бойден мебошад, нобудии ҷунбиши Ҳамос ва ҳамаи гурӯҳҳои дигари муқовамат дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ва қарор додани ин манотиқ таҳти таваҳҳуми роҳкори дудавлатӣ аст.
Муқовамат дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ, тасмимгирандаи аввал ва охир аст ва бояд аз ҳимояти ҳамаҷонибаи фаластиниҳо ва ҳамаи арабҳо ва мусалмонон дар саросари ҷаҳон бархӯрдор бошад, то роҳаттар муқобили ин тавтиаҳо биистад, ки Омрико ва режими ишғолгар саъй доранд аз тариқи миёнҷиҳои араб ва шамшери куштори ҷамъии мардум Фаластин дар навори Ғазза, онҳоро иҷро кунанд.
Режими саҳюнистӣ дар навори Ғазза ва каронаи Бохтарӣ ва низ дар баҳри Сурх шикаст хӯрд ва саккуҳои нафтии он дар баҳри Миёназамин ба охирин аҳдофи муқовамат табдил шуданд. Илова бар он, ба зудӣ шоҳиди озодсозии ҳамаи сарзаминҳои ишғолшудаи Лубнон ва низ Алҷалил тавассути Ҳизбуллоҳ хоҳем буд. Ҳамчунин ағлаби тангаҳо ба рӯйи киштиҳои саҳюнистӣ ва ҳомиёни ин режим баста хоҳад шуд, ки аз тангаи Бобулмандиб шурӯъ мешавад ва ба тангаи Ҳурмуз ва сипас Ҷабалутториқ мерасад.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чи касе посухгӯст?
Мутафаккири фаластинӣ: “Исроил ба ботлоқи Ғазза афтодааст”

Матолиби пурбоздид