Равил Айнуддин: “Ташкили кишвари мустақилли Фаластин, танҳо роҳи поёни хушунат дар минтақа аст”

Равил Айнуддин: “Ташкили кишвари мустақилли Фаластин, танҳо роҳи поёни хушунат дар минтақа аст”

Муфтӣ Равил Айнуддин: “Ташкили кишвари мустақилли Фаластин, танҳо роҳи поёни хушунат дар минтақа аст”
Ахбори байналмилал
Anadolu
Раис Шӯрои исломии Русия рӯзи сешанбе (12 декабр) гуфт, ки ташкили кишвари мустақилли Фаластин, ба хушунат поён медиҳад ва сулҳу суботи баландмуддат дар минтақаро тазмин мекунад.
Ба гузориши Anadolu, Равил Айнуддин дар 19-умин Маҷмаи мусалмонон дар Маскав афзуд, ки Русия тарафдори як кишвари мустақилли фаластинӣ бо пойтахтии Байтулмуқаддаси Шарқӣ аст.
Вай идома дод: “Ин роҳи ҳалли асосӣ барои поён додан ба хушунат, тазмини сулҳи баландмуддат ва тавсиаи пойдор дар Ховари Миёна, амнияти ҷаҳонӣ ва коҳиши таниш дар саросари ҷаҳон аст”.
Вай, бо таъкид бар ин ки ин мавзӯъ бояд аз тариқи сиёсӣ ҳал шавад, гуфт: “Идомаи хушунатҳо мунҷар ба даргириҳои дигар хоҳад шуд.”
Муфтии Русия тасреҳ кард: “Бидуни сулҳи одилона ва ҳамаҷониба дар сарзамини муқаддас, амнияти ҳеч кас дар минтақа тазмин намешавад. Масъалаи Ховари Миёна яке аз печидатарин мушкилоти ҷаҳонӣ боқӣ мондааст”.
Вай баён дошт, ки бӯҳрони кунунӣ танҳо бо ташкили “назми ҷаҳонии одилона” бар асоси усули чандқутбӣ ва тавозуни марокизи мухталифи қудрат қобили ҳал аст.
Anadolu
Қаламонлайн
Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

The Guardian: Ҳушдори Ҳусиҳо ба киштиҳое, ки ба Исроил мераванд
Ҳизбуллоҳ: “То таваққуфи ҷанги Ғазза, ҳамла аз ҷануби Лубнон ба Исроил идома дорад”

Матолиби пурбоздид