Раиси Созмони ҷосусии хориҷии Англис (MI6): “Эрон ҳамчунон дар ҳоли барномарезӣ барои интиқомгирӣ аз терури Исмоил Ҳаниа аст”

Раиси Созмони ҷосусии хориҷии Англис (MI6): “Эрон ҳамчунон дар ҳоли барномарезӣ барои интиқомгирӣ аз терури Исмоил Ҳаниа аст”

Ахбори байналмилал

Middle East Eye

Ричард Мур, раиси Созмони ҷосусии хориҷии Англис (MI6), дар нишасти хабарии муштарак бо мудири Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA) гуфт, ки мӯътақид аст, Эрон ҳамчунон дар ҳоли барномарезӣ барои интиқомгирӣ аз терури Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос аст.

Вай дар дидори Уилям Бернс, раиси Созмони иттилооти марказии Омрико (CIA) ҳушдор дод, ки ҳамчунон эҳтимоли иқдоми Эрон алайҳи режими Исроил дар вокуниш ба терури Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар Теҳрон вуҷуд дорад.

Ба навиштаи Middle East Eye, Ричард Мур ба рӯзномаи англисии Financial Times гуфт:

“Гумон мекунам, ки онҳо талош хоҳанд кард ва мо наметавонем муроқиби навъи фаъолиятҳое бошем, ки эрониҳо мехоҳанд дар ин росто анҷом диҳанд.”

Гуфтанист, Исмоил Ҳаниа, раиси шаҳиди дафтари сиёсии Ҳамос, дар Теҳрон тавассути авомили режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом карда, ки режими саҳюнистӣ боисте мунтазири хунхоҳии шаҳид Ҳаниа бошад. Теҳрон бо ин вуҷуд, дар бораи навъ ва замони ин ҳамалот изҳор назар накардааст.

Middle East Eye

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргае аз таърихи начандон дури Тоҷикистон
Bloomberg: “Омрико дар баҳри Сурх дар муқобили Ҳусиҳои Яман дар ҳоли шикаст хӯрдан”

Матолиби пурбоздид