Раиси ҷумҳури Исроил: Давлат дар вазъияти изтирорӣ аст

Раиси ҷумҳури Исроил: Давлат дар вазъияти изтирорӣ аст

Исроил дар вазъияти изтирорӣ аст

Ахбори байналмилал

Президенти Исроил бо ҳушдор дар бораи вазъияти изтирорие, ки дар паи тарҳи тағйироти қазоии нахуствазири Исроил эҷод шудааст, хостори ҳусули иҷмои ҳаддиаксарӣ бар сари ин тарҳ шуд.

Исҳоқ Ҳертзуг – раиси ҷумҳури Исроил ҳушдор дод, ки ин режим дар паи тарҳи тағйироти қазоии кобинаи Тел-Авив, дар вазъияти изтирории дохилӣ қарор гирифтааст.

Ҳертзуг бо судури баёнияе дар мавриди раъйгирии Кенест (порлумони Исроил) бар сари тағйироти қазоӣ, аз эътилофи аҳзоби кобина ва ҳамчунин аҳзоби мухолиф хост то дар мавриди қонуни тағйироти қазоӣ ба иҷмоъ ва иттифоқ бирасанд.

Ҳамон тавре гузориш шуда буд, дар ин сарзамин муддатҳост даргириҳо ва мухолифатҳои мардумӣ идома дорад ва дар идомаи даргириҳо ва мухолифатҳои мардумӣ, аз субҳи имрӯз, садҳо нафар аз мухолифон хиёбонҳоро баста ва ҳатто бо пулис даргир шудаанд ва ду нафар аз шаҳрвандони яҳудии исроилӣ низ захмӣ шудаанд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гулистон
Тромп: Бойден фосидтарин раиси ҷумҳури Амрикост

Матолиби пурбоздид