Раиси ҷумҳури Колумбия: “Натонёҳу девона аст”

Раиси ҷумҳури Колумбия: “Натонёҳу девона аст”
Ахбори байналмилал
Anadolu
Ба гузориши Ожонсии Anadolu, Густаво Петро, раиси ҷумҳури Колумбия гуфт: “Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, марде девона аст, ки ба гуфтаи Инҷил, ба сабки Ирода, подшоҳи Яҳудо, ки дастури куштори бегуноҳонро содир кард, дар Ғазза “мардуми зиёдеро мекушад”.
Петро гуфт: “Имрӯз мо марде девонаро мебинем, ки Натонёҳу аст. Ӯ мутаваҷҷеҳ нест, ки дар ҳоли куштани афроди зиёде аст, на фақат калонсолонро, балки навзодонро ҳам мекушад”.
Петро ба таври мудовим дар сафҳаи худ дар Х (Твиттери пешин), аз ормони Фаластин дифоъ карда ва ба шиддат аз Исроил ба далели бомбборон ва ҳамалот алайҳи навори Ғазза, ки дар он ҳадди ақал 13000 фаластинӣ кушта шудаанд, интиқод кардааст. Вай борҳо вазъияти Ғаззаро бо урдугоҳҳои кори иҷбории фашистҳо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум муқоиса карда, ки боис шудааст давлати Исроил изҳороти ӯро “яҳудситезона” тавсиф кунад.
Anadolu
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зиндагии шоду солим
Фишори Apple, Disney ва IBM ба Илон Маск ба хотири мавозеи зидди исроилӣ

Матолиби пурбоздид