Раисӣ хитоб ба нерӯҳои амрикоӣ: “Зудтар минтақаро тарк кунед!”
Ахбори байналмилал
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт: “Паёми артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи мо ба нерӯҳои фароминтақаӣ ба вежа нерӯҳои омрикоӣ ин аст, ки ҳар чи зудтар минтақаро тарк кунанд.”
Раисӣ дар маросиме ба муносибати Рӯзи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо баёни ин ки “имрӯз мардум эҳсоси яке будан бо артишро доранд”, изҳор кард: “Имрӯз мардум бо ҳамаи нерӯҳое, ки посдори ҳарими Ҷумҳурии Исломӣ ҳастанд эҳсоси яке будан доранд. Ҳузури нерӯҳои мусаллаҳи мо барои минтақа амниятсоз аст.”
Вай афзуд: “Паёми ин ҳузур ва Рӯзи артиш паёми сулҳу дӯстӣ барои кишварҳои минтақа аст ва ҳар дастеро, ки бихоҳад амният барои минтақаро ҳифз кунад мефишорад. Аммо паёми артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи мо ба нерӯҳои фароминтақаӣ ба вежа нерӯҳои омрикоӣ ин аст, ки ҳар чи зудтар минтақаро тарк кунанд.”
Вай бо баёни ин ки “ҳузури нерӯҳои фароминтақаӣ кӯмаке ба амнияти минтақа намекунад”, ёдовар шуд: “Аммо ҳузури нерӯҳои сарафрози мо ба амнияти минтақа кӯмак мекунад. Нерӯи мусаллаҳи мо дар муқобили теруристҳо чӣ гуна аз ҳузури ашрор ва нерӯҳои такфирӣ дар минтақа бо тамоми вуҷуд ва бо фармондеҳии сардори шаҳид Сулаймонӣ ҷилавгирӣ кард? Бар ҳеч кас дар минтақа пӯшида нест, ки чӣ тавр нерӯҳои мусаллаҳи мо барои тамомияти арзии кишварҳои минтақа истодагӣ карданд.”
Раисиҷумҳури Эрон хитоб ба мардум ва миллатҳои минтақа изҳор кард: “Артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи мо ҳамвора пуштибони амният, осоиш ва зиндагии ороми шумо хоҳад буд ва посдори инқилоби шукӯҳманди исломӣ ва хуни шуҳадои инқилоби исломӣ аст ва хонаводаи муаззами шуҳадо бидонанд, ки агар то имрӯз осори хуни шуҳадои онон тавониста дар баробари ҷоҳилияти модерн истодагӣ кунад, артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи мо ин масирро идома медиҳад.”
Вай таъкид кард: “Имрӯз давлат худро нисбат ба таҷҳиз ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳ муваззаф медонад. Давлат худро муваззаф медонад, ки дағдағаи нерӯҳои мусаллаҳро дар ин замина бартараф кунад.”
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн