Рамазон – моҳи баракат

Фарҳанг

Рамазон – моҳи баракат

Ривоёте дар боби рӯза ва моҳи мубораки Рамазон

“Чун ҳилоли моҳи Рамазон падид ояд, дарҳои дӯзах баста гардад ва дарҳои биҳишт кушода шавад ва шайтон ба занҷир кашида шавад.” (Паёмбари Акрам (с))

***

“Моҳи Рамазон моҳи Худост ва он моҳе аст, ки Худованд бар ҳасанот ва некиҳо меафзояд ва гуноҳонро пок мекунад ва он моҳи баракат аст.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ҳар кас як рӯзи моҳи Рамазонро (бидуни узр) бихӯрад, руҳи имон аз ӯ ҷудо мешавад.” (Имом Содиқ (а))

* * *

“Рамазон моҳе аст, ки ибтидояш раҳмат аст ва миёнааш мағфират ва поёнаш иҷобат ва озодӣ аз оташи ҷаҳаннам.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Дарҳои осмон дар аввалин шаби моҳи Рамазон гушуда мешавад ва то охирин шаби он баста нахоҳад шуд.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Агар бандаи Худо медонист, ки дар моҳи Рамазон чист (ва чӣ баракате вуҷуд дорад), дӯст медошт, ки тамоми сол Рамазон бошад.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ҳар кас дар моҳи Рамазон як оят аз китоби Худоро қироъат кунад, мисли ин аст, ки дар моҳҳои дигар тамоми Қуръонро бихонад.” (Имом Ризо (а))

* * *

“Ҳар чиз баҳоре дорад ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст.” (Имом Боқир (а))

* * *

“Дар моҳи Рамазон Қуръонро бисёр тиловат кунед.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ифтор кардан дар манзили бародари мусалмонат, бартар аз ҳафтод рӯз рӯзаи туст.” (Имом Содиқ (а))

* * *

“Дуои рӯзадор рад намешавад.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ифторӣ додан ба бародари рӯзадорат, аз рӯзаат беҳтар аст.” (Имом Мӯсои Козим (а))

* * *

“Касе ки дар моҳи Рамазон омурзида нашавад, то Рамазони оянда омурзида нагардад, магар он ки дар Арафа ҳозир шавад.” (Имом Содиқ (а))

* * *

“Худованд бар ҳар шайтони саркаше ҳафт тан аз фариштагони худро гумордааст, ки то поёни ин моҳ ҳамчунон дар банди онҳо мебошад.” (Паёмбари Акрам (с))

* * *

“Ҳар ки моҳи Рамазонро дарёбад ва омурзида нашавад, Худованд ӯро (аз раҳмати худ) дур гардонад.” (Паёмбари Акрам (с))

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Газаргоҳи дунё
Ислом, имон ва эҳсон дар баёни Расули Акрам(с)

Матолиби пурбоздид