Рамазон Қодиров: Мо аз иқдомоти Фаластин ҳимоят мекунем

Рамазон Қодиров: Мо аз иқдомоти Фаластин ҳимоят мекунем

Ахбори байналмилал

Эъломи омодагии Рамазон Қодиров барои эъзоми нерӯ ба Фаластин
Раҳбари Ҷумҳурии Чечен ва аз муттаҳидони Путин гуфт, хостори поёни ҷанг байни муқовамати Фаластин ва режими саҳюнистӣ аст ва барои эъзом дар раъси як ҳайати сулҳбон барои Фаластин омодааст.
Қодиров гуфт: “Мо комилан аз иқдомоти Фаластин ҳимоят мекунем. Чун Исроил сарзамини онҳоро тасарруф карда ва ҳоло низ дорад онҳоро мунзавӣ нигаҳ медорад. Онҳо ҳеч озодии баёне надоранд. Имрӯз ман бо ин ҷанг мухолифам ва аз ҳама мехоҳам ба ин ҷанг поён дода ва ҷилави густариши он ба саросари ҷаҳонро бигиранд. Ин ҷанг ба ҳамин осониҳо поён нахоҳад ёфт”.
Қодиров гуфт: “Ман бори дигар аз ҳамаи мусалмонон, ҳамаи шаҳрвандон ва давлати мо мехоҳам аз ҳақиқат ҳимоят карда ва ба ин ҷанг поён диҳанд ё ин ки моро дар қолаби як ҳайати сулҳбон ба онҷо бифиристанд. Мо тасмим хоҳем гирифт чӣ касоне дуруст ва чӣ касоне нодуруст ҳастанд. Мо онҳоеро, ки ба ҷанг идома диҳанд мутаваққиф хоҳем кард”.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайид Иброҳими Раисӣ: “Навои пасосаҳюнистӣ аз минораҳои Масҷидулақсо ба гӯш мерасад”
Кофир хондани мӯъмин ҷоиз нест

Матолиби пурбоздид