Рози муваффақияти урафо ва сӯфиён

Рози муваффақияти урафо ва сӯфиён

Мактаби инсоният

Рамзи  муваффақияти урафо ва сӯфия дар чӣ будааст, ки тавонистаанд исломро дар ин кишварҳо, ки иттифоқан имрӯза аз назари каммият бештарин адади мусалмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд, бидуни ҳеч лашкаркашӣ густариш бидиҳанд.

Ба назари роқими сутур, умдатарин омили он, ин равиши сӯфия аст дар бархӯрд ва таъомул бо мардумон. Асоситарин шиори онҳо, ки пайваста онро ба худ талқин мекунанд ин аст, ки: “Ту барои васл кардан омадӣ”, на “Барои фасл кардан омадӣ”.

Мавлоно дар достони “Мӯсо ва шубон” ба беҳтарин ваҷҳ ин ҳақиқатро баён карда. Феълан, коре надорам ин достон ҳақиқат дорад ё на, балки муҳим он аст, ки Мавлоно ин равиш ва ин шеваро зимни ҳамин достон бисёр зебо баён кардааст. Аз забони Худованд хитоб ба ҳазрати Мӯсо (а) мегӯяд, ман туро фиристодам, ки асбоби иртиботи бандагон бо манро фароҳам оварӣ, туро нафиристодам, ки бо рафтор ва гуфтори хашин онҳоро пас бизанӣ:

Дид Мӯсо як шубонеро ба роҳ,

К-ӯ ҳамегуфт: Эй Худову эй Илоҳ!

Ту куҷоӣ, то шавам ман чокарат,

Чоруқат дӯзам, кунам шона сарат…

Гуфт Мӯсо: Ҳой, бас мудбир шудӣ,

Худ мусулмон ношуда, кофир шудӣ.

Ин чӣ жож аст? Ин чӣ куфр асту фушор?

Пунбае андар даҳони худ фашор.

Ганди куфри ту ҷаҳонро ганда кард,

Куфри ту дунёи динро жанда кард…

Ваҳй омад сӯйи Мӯсо аз Худо:

Бандаи моро зи мо кардӣ ҷудо.

Ту барои васл кардан омадӣ,

Ё барои фасл кардан омадӣ?..

Ин ки мо биёем ва аз ҳамон ибтидо ҳукм ҷорӣ кунем дар бораи рафтори одамҳо, ки ин куфр асту он ширк асту ғайра, ин корҳо худ навъе ҷудо кардан ва ба қавли ҳазрати Мавлоно, фасли онҳост аз Худо, дар ҳоле ки мо маъмур ба васл ва пайванди эшон бо Худоем. Раъйи мо, назари мо ва довариҳои мо, барои Худованд пашизе намеарзад ва аз ин рӯ ба ҳеч кас иҷозаи доварӣ дар бораи инсонҳоро намедиҳад, ҳатто ба паёмбараш иҷозаи доварӣ ва қазоват рӯйи инсонҳоро надодааст.

Сахттарин кор дар назари урафо ва сӯфия, қазоват ва доварӣ бар рӯйи афрод аст. Ба шиддат аз он парҳез мекунанд. Чаро? Барои ин ки мо бар ботини афрод ишроф надорем, зоҳирро нигоҳ мекунем, ҳукм ба зоҳир мекунем. Ин танҳо Худованд аст, ки ба ботини умур ишроф ва огоҳӣ дорад ва Ӯст, ки метавонад дар бораи ҳама доварӣ кунад.

Албатта, ин бад-он маъно ҳам нест, ки урафо ва сӯфия нисбат ба аҳкоми динӣ беэътино буданд ва ба мардум масалан аҳкоми динӣ намеомӯхтанд. Ҳаргиз чунин набудааст. Фарқи онҳо бо дигарон дар ин аст, ки онон ғолибан амру наҳйҳои Худовандро ба мардум ба забон баён намекарданд, ки масалан, по шав намоз хон! Ё, масалан арақ нанӯш! Ё зино накун ва ғайра… Балки мардум авомир ва навоҳии илоҳиро дар вуҷуди онон мушоҳида мекарданд. Ва ба таъбири дигар, онҳо мубаллиғоне буданд бе забон, яъне бе он ки чизе бигӯянд, ба сӯйи дин ва пойбандӣ ба шариат мехонданд. Аз Имом Содиқ (а) ин ривоят нақл шуда, ки фармудааст:

كونوا دُعاةً لِلنّاسِ بِغَيرِ ألسِنَتِكُم، لِيَرَوا مِنكُمُ الوَرَعَ وَالاِجتِهادَ وَالصَّلاةَ وَالخَيرَ، فَإِنَّ ذلِكَ داعِيَةٌ

“Мардумро бо ғайри забони худ даъват кунед, то порсоӣ ва сахткӯшӣ (дар амал ва ибодат) ва намоз ва хубиро аз шумо бибинанд, зеро инҳо худ (беҳтарин) мубаллиғанд”.

Аз ҳазрати Умар (р) низ нақл шудааст, ки фармуд:

كونوا دعاة إلى الله وأنتم صامتون .. قيل وكيف ذلك ؟ قال: بأخلاقكم

“Шумо даъваткунандаҳо ба сӯйи Худо бошед дар ҳоле ки сокит ва хомӯшед!..

Пурсиданд: “Ин чӣ гуна аст?” (Яъне чӣ гуна метавон касеро ба сӯйи Худо хонд дар ҳоле ки чизе нагуфт ва хомӯш ва сокит буд?)

Фармуд: “Ба ахлоқи хеш”.

Ин будааст рамзи муваффақияти сӯфия. Урафои бузург ва вораста аслан худ муҷассимаи ислом буданд, мардум дар вуҷуди онҳо, дар гуфторашон, дар рафторашон исломро мушоҳида мекарданд, дигар ниёзе набуд, ки онҳоро амру найҳ кунанд. Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (р) – ки қабри мутаҳҳараш дар Кӯлоб воқеъ аст – аз намунаҳои боризи ин гуна инсонҳост. Ӯ ҳамроҳ бо ёронаш, ки ба Кашмир сафар кард, мардуми бумии он сарзамин, ки зоҳиран будоӣ буданд дар он авон, шефтаи ахлоқ ва рафтори ин марди бузургвор шуданд ва гурӯҳ-гурӯҳ ба ислом шарафёб мешуданд. Торихашро азизон бихонанд, бисёр омӯзанда аст. Ва ҳамчунин соири сӯфия ва урафо, ки вақте ҳамчун тоҷир ба ғарби Осиё омаданд ва корашон аслан тиҷорат буд — сӯфиҳои Фарорӯд ва бештар аҳли Бухорои худамон буданд — мардуми бумӣ шефтаи онҳо мешуданд ва ба ислом мегаравиданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дилдодагони Маҳбуб
Ташвиқ ба покизагӣ

Матолиби пурбоздид