Рамзу рози хонаводаи шоду солим

Рамзу рози хонаводаи шод

Барои шод нигаҳ доштани хонаводаам бояд чӣ кор бикунам?

Ин саволест, ки ба давру замони хоссе тааллуқ надорад ва ҳамешаи торих шоду бонишот будани хонавода ва аъзои оила аз аҳамияти зиёде бархурдор будааст.

Аммо дар асри ҳозир, афзоиши масоили зиндагӣ боис шудааст, ки аъзои хонавода замони зиёдеро ба вақтгузаронӣ дар канори ҳам ихтисос надиҳанд.

Муатаассифона талош барои ҳифзи касбу кор ва иртиқоъ ёфтан дар ҳирфаи худ, боиси нодида гирифтани ниёзҳои хонавода ва доштани робитаи амиқу самимӣ бо аъзои хонавода мешавад. Дар сурате ки мо низ яке аз ин хонаводаҳо ҳастем, ниёзе ба нигаронӣ нахоҳад дошт, зеро мо қасд дорем дар ин бахш, ба ироаи роҳкоре барои вақтгузаронии бештар бо аъзои хонавода ва афзоиши нишоту саломатии хонавода бипардозем.

1 – Дар оғӯш гирифтани якдигар

Дар робитаи падару модарҳо бо фарзандон, нуктаи муҳим, дар оғӯш гирифтани якдигар ва анҷоми фаъолиятҳое монанди китоб хондан пеш аз хоб бо якдигар ва ё анҷоми бозиҳои фикрӣ ё компютерӣ ба фарзандон кӯмак мекунад то муҳаббати волидайни худро эҳсос кунанд ва ҳисси амнияти бештаре дарёфт кунанд. Кӯмак кардан ба анҷоми фаъолиятҳои дарсӣниз яке дигар аз ин роҳкороҳост.

2 – Эҷоди фазои тафреҳӣ

Гоҳе лозим аст аз таъкид кардан баррӯи машқҳо ва дарсҳои фарзандони худ бигзаред ва бо онҳо ба анҷоми фаъолиятҳои тафреҳӣ ва истироҳатии мухталиф, монанди гашту гузор, пиёдаравӣ ва ё меҳмонӣ рафтан бипардозед, ки ин гуна фаъолиятҳо илова бар беҳбуди равобити хонавордагӣ, ба бозёбии энержӣ ва дур шудан аз изтиробу нигарониҳои ношӣ аз фаъолиятҳои рӯзмарра низ кӯмак хоҳад кард.

3 – Варзиш кардан бо якдигар

Варзишҳое монанди давидан дар табиат, дучархасаворӣ ва монанди он, фурсате барои бо ҳам будани аъзои хонаводаро фароҳам мекунад ва сармашқи муносибе аз падару модарробарои фарзандон эҷод хоҳад кард. Анҷоми тамриноти варзишӣ бо аъзои хонавода ба эҷоди ҳисси мусбат ва коҳиши изтироби рӯзонаатон кӯмаки зиёде мекунад.

4 – Қадрдонӣ кардан аз якдигар

Барои нишон додани арзиши вуҷудии аъзои хонаводаи худ бобати талошҳзои онҳо дар ҷиҳати беҳбуди равобити хонаводагиатон қадрдонӣ кунед.

5 – Эҷоди одатҳои солим

Хӯрдани ғизоҳои носолим мумкин аст барои бисёре аз афрод лаззатбахш бошад, аммо дар ниҳоят, боиси осеб расидан ба саломатии шахс хоҳад шҳуд. Бо ҳазфи ин гуна ғизоҳо, аз режими ғизоии рӯзонаи худ ва ҷойгузин кардани ғизоҳои солим, монанди меваю сабзиҷоти солим ба ҷои ин гуна маводди зараовар, ба афзоиши саломатии хонаводаи худ кӯмак кунед.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Блинкен: “Исроил ҳақ дорад ҳар коре барои ҷилавгирӣ аз такрори 7-октябр анҷом диҳад”
Тазоҳуроти мардуми Туркия дар муқобили консулгарии Исроил

Матолиби пурбоздид