Расонаи амрикоӣ: Эрон дар саросари Ховари Миёна қудрати худро нишон медиҳад

Таҳлили хабарӣ

Расонаи амрикоӣ: Эрон дар саросари Ховари Миёна қудрати худро нишон медиҳад

Таҳлиле дар нашрияи Washington Post
Ба гуфтаи тане чанд аз аъзои гурӯҳҳои “Меҳвари Муқовамат” ва таҳлилгарони низомӣ, ҷанги Ғазза, ба Эрон ин фурсатро додааст, то зарфияти шабакаи тозабозсозишудаи шибҳинизомиёни муттаҳиди худро ба намоиш бигузорад; ин шабака доманаи стратегии Теҳронро нишон диҳад ва дар айни ҳол, ба он иҷоза диҳад, аз ҷанг фосила бигирад.
Пас аз ҳамлаи 7-уми октябри Ҳамос ба Исроил, ҳар рӯз яке аз ин гурӯҳҳои шибҳинизомии наздик ба Эрон дар минтақа, ҳамлаеро дар ҷойе аз Ховари Миёна анҷом додаанд – ва дар бархе рӯзҳо чандин ҳамла дар маконҳои мухталиф сурат гирифтааст.
Ҳусиҳо дар Яман киштиҳои озими Исроилро дар баҳри Сурх ҳадаф қарор медиҳанд. Катоиби Ҳизбуллоҳ ва соири гурӯҳҳои ироқӣ, ба пойгоҳҳои Омрико дар Ироқ ва Сурия ҳамла мекунанд ва Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзона дар ҳоли табодули оташ бо нерӯҳои исроилӣ дар саросари марзи Исроил ва Лубнон аст.
Ин ҳамалот метавонанд тасодуфӣ ба назар бирасанд, аммо онҳо самараи як стратегияи дақиқи танзимшуда аст, ки дар пайи терури Қ о с и м С у л а й м о н ӣ, раҳбари нухбаи нерӯи Қудси Эрон дар соли 2020, барои эҷоди инсиҷом дар иттиҳоди шибҳинизомиён – ки аз сӯйи Теҳрон ба унвони “Меҳвари Муқовамат” номгузорӣ шудааст, шакл гирифт.
Агарчӣ ба назар мерасад ин гурӯҳҳо номуртабит бошанд – як созмони шӯришӣ дар Яман, як ҷунбиши чарикӣ дар Лубнон ва шибҳинизомиёне, ки барои мубориза бо нерӯҳои омрикоӣ дар Ироқ ташкил шудаанд – аммо аъзои ин гурӯҳҳо ва таҳлилгарон гуфтанд, ки ҳамаи онҳо як чизи муштарак доранд: вафодории онҳо ба Эрон, ки онҳоро таслеҳ карда ва барои онҳо илҳомбахш аст. Онҳо ба ҳамроҳи Ҳамос аҷзои аслии Меҳвари Муқоваматро ташкил медиҳанд.
Ҷозеф Вотел, фармондеҳи собиқи CENTCOM, ки бар нерӯҳои омрикоӣ дар минтақа назорат дошт, гуфт: “Он чи ин аносири мухталиф анҷом додаанд ва бо ин ҳамалот ба пеш мераванд, нишондиҳандаи қудрати ин шабакаи ниёбатӣ аст, ки Эрон дар сар то сари минтақа эҷод кардааст ва ин мавзӯъ бисёр нигаронкунанда аст.”
Дар мусоҳибаҳо мақомоти муртабит бо се гурӯҳи аслии Меҳвари Муқовамат, сатҳе аз ҳамоҳангӣ байни худро тавсиф карданд, ки дар муқоиса бо гузашта беназир аст. Онҳо гуфтанд, ки намояндагони шибҳинизомиён аз тариқи як утоқи амалиёти муштарак, ки ба таври муназзам, аммо на ҳамеша, дар Бейрут мулоқот доранд, ҳамкорӣ ва машварат мекунанд.
Мақомот гуфтанд, ки ҳеч гурӯҳе контролро дар даст надорад ва ҳар кадом бар асоси тавоноиҳо ва барномаҳои маҳаллии худ, дар мавриди ҳамалоте, ки дар минтақаи худ ва дар чӣ замоне анҷом диҳанд, дорои худмухторӣ ҳастанд. Барои мисол, Ҳусиҳо вазифаи ҳамла ба киштиҳоро бар ӯҳда гирифтаанд, то ҷомеаи байналмилалиро таҳти фишор қарор диҳанд, то Исроилро водор ба оташбас дар Ғазза кунад. Гурӯҳҳои ироқӣ дар вокуниш ба ҳимояти давлати Бойден аз Исроил, пойгоҳҳои Омрикоро ҳадаф қарор медиҳанд ва Ҳизбуллоҳ ба самти Исроил шиллик мекунад, то нерӯҳои исроилиро аз ҷабҳаи Ғазза дур кунад.
Ҳамзамон мақомоти ин гурӯҳҳо гуфтанд, ҳамаи иқдомот барои иҷтиноб аз як ҷанги минтақаии густурдатар танзим шудаанд – ин нишон медиҳад, дар ҳоле, ки шибҳинизомиён дар амалиётҳои фардӣ худмухторӣ доранд, аммо иқдомоти онҳо тавре тарроҳӣ шудаанд, ки бо аҳдофи стратегии Эрон дар тазодд набошад.
Яке аз мақомоти Катоиби Ҳизбуллоҳ, бузургтарин гурӯҳи ироқӣ, ки ҳамалотро анҷом медиҳад, гуфт: “Дар тӯли ҷаласот, дар бораи барӯзрасониҳо ва пешрафтҳо дар тамоми ҷабҳаҳо ва ин ки чӣ гуна амалиётҳо аз назари стратегӣ ба нафъи ҳар ҷабҳа аст, баҳс мекунем.” Ӯ гуфт: “Эрон анвоъи ҳимоятҳоро ироа мекунад, аммо вақте навбат ба тасмимот ва иқдомоти майдонӣ мерасад, тасмим бо мост.”
Мақомот мегӯянд, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон, ба унвони баландпоятарин шахсият ва қадимитарин фармондеҳ, муваффақтарин ва муборизтарин гурӯҳ, нақши раҳбариро дар таҳкими ин эътилоф ифо кардааст.
Марги (шаҳодати) С у л а й м о н ӣ, сактае дар раҳбарии Меҳвар эҷод кард. С у л а й м о н ӣ ба унвони фармондеҳи шохаи байналмилалии Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, тақрибан ба танҳоӣ ба парвариши шибҳинизомиён пардохт ва дар ин роҳ ба мақоме устураӣ даст ёфт, ки бисёр фаротар аз дараҷаи расмии ӯ буд.
Бидуни С у л а й м о н ӣ, рақобатҳо ба вежа дар миёни шибҳинизомиёни ироқӣ боло гирифт, ки раҳбари онҳо, Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис, дар ҳамон ҳамла алайҳи С у л а й м о н ӣ терур шуд.
Насруллоҳ барои миёнҷигарӣ вориди амал шуд ва шурӯъ ба иҷрои стратегияи ҷадиде кард, ки онро “ваҳдати ҷабҳаҳо” номид ва ҳамаи гурӯҳҳо ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати ҳамла ба ҳар як аз онҳо, дар манотиқи марбутаи худ вориди амал шаванд. Ҷанги Ғазза аввалин боре аст, ки ин стратегия амалӣ мешавад.
Мақомот мегӯянд, ки ҷойгоҳи Насруллоҳ дар ин ҷабҳа мунҳасир ба фард (беназир) аст. Ҳангоме, ки ӯ аввалин суханронии умумии худро пас аз шурӯъи ҷанги Ғазза эрод кард, шибҳинизомиёни ироқӣ дар майдони “Таҳрир”-и Бағдод ҷамъ шуданд, то ин суханрониро ба сурати зинда аз рӯйи сафҳаи намоишҳои бузург тамошо кунанд.
Ин мақоми Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ гуфт: “Мо Ҳасан Насруллоҳро сухангӯи расмии Муқовамат, яке аз аркони асосӣ ва аз муҳимтарин намодҳои Муқовамат медонем. Ӯ аз эҳтиром ва қадрдонии ҳамаи тарафҳои ироқӣ бархӯрдор аст ва мо ӯро чатре барои ҳамаи худ медонем.”
Вотел ба ёд меоварад, ки пас аз терури С у л а й м о н ӣ нигарон буд, ки шибҳинизомиёни ироқӣ назму инзиботи эъмолшуда тавассути фармондеҳи эронии худро аз даст бидиҳанд. Дар иваз, ӯ гуфт, ба назар мерасад дар асари бозсозии анҷомшуда, инсиҷоми онҳо дар муқоиса бо гузашта, тақвият ҳам шуда бошад.
Вотел гуфт: “Ба назар мерасад, ки онҳо ба ҷойи сохтори амудӣ, уфуқӣ шудаанд ва ин барои онҳо як нуқтаи қувват аст.”
Ҳамидризо Азизӣ, устоди собиқи мутолеоти минтақаӣ дар Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон, ки акнун узви Муассисаи умури байналмилал ва амнияти Олмон аст, гуфт: “Эрон ба як маъно, ҳам пушти ин фаъолиятҳои гурӯҳҳои Меҳвари Муқовамат ҳаст ва ҳам нест.”
Бино ба гуфтаи Азизӣ, ҷонишини С у л а й м о н ӣ, сардор Исмоил Қоонӣ, харизмаи салафи устураии худро дар равобити шахсӣ бо гурӯҳҳои Меҳвари Муқовамат надорад. Дар натиҷа, Эрон мавзеъи нерӯи Қудсро тағйир додааст, то ба гурӯҳҳои маҳаллӣ худмухтории бештаре бидиҳад ва дар айни ҳол, хайрхоҳи онҳо боқӣ бимонад.
Ба гуфтаи Азизӣ, аммо Қоони дар пушти саҳна бисёр фаъол аст ва дар миёни пойтахтҳои кишварҳое, ки шибҳинизомиён дар онҳо мустақар ҳастанд, тараддуд мекунад. Ӯ гуфт: “Қоонӣ ҳамаҷо ҳаст. Ӯ як барномарез аст. Аммо онҳо амдан мехоҳанд, ки нақши ӯро мисли С у л а й м о н ӣ барҷаста накунанд.”
Ба гуфтаи яке аз афроди муртабит бо Ҳизбуллоҳ ва ошно ба ҷараён, дар аксари ҷаласоти амалиёти муштарак, як мақоми Сипоҳ ҳузур дорад. Насруддин Омир, сухангӯи Ҳусиҳо дар Санъо, ки риёсати хабаргузории “Сабаъ”-ро бар ӯҳда дорад, гуфт: “Аммо Эрон танҳо ба унвони яке аз ҳама нишон дода мешавад, бидуни ин ки нақше аслӣ ифо кунад.”
Ба назар мерасад, ин стратегия аз дидгоҳи Эрон ба хубӣ кор мекунад. Азизӣ гуфт, ки ин кишвар тавонистааст нуфузи минтақаии худро аз тариқи ҳамалоти мутафовит, бидуни эҷоди даргирии бузург, ки метавонад муттаҳидони шибҳинизомиро дар маърази хатар қарор диҳад ва ба таври билқувва Эронро мустақиман вориди ҷанг кунад, тасбит кунад.
Ӯ гуфт: “Эрон, эҳсоси роҳатӣ мекунад. Ин гурӯҳҳо метавонанд барои дифоъ аз манофеъи худ гирди ҳам оянд ва тамоюли худро нишон додаанд, ки иҷоза надиҳанд яке аз аъзои он, дар ин мавриди Ҳамос, ба таври комил ва бидуни вокуниши Меҳвари Муқовамат аз саҳна ҳазф шавад.”
Ин ки оё ин стратегия ба суди Эрон идома хоҳад ёфт ё на, бо ибрози хашми фазояндаи Исроил аз ҳамалоти Ҳизбуллоҳ дар имтидоди марзи шимолии худ, мавриди суол аст.
Банӣ Гонтз, вазири ҷанги собиқи Исроил, ҳафтаи гузашта дар ҳушдоре мабнӣ бар ин ки Исроил мумкин аст ҳамлае тамомаёр ба Лубнон кунад, гуфт: “Агар ҷаҳон ва давлати Лубнон барои ҷилавгирӣ аз ҳамалот ба шимоли Исроил ва фосила гирифтани Ҳизбуллоҳ аз марз иқдом накунанд, артиши Исроил ин корро анҷом хоҳад дод.”
Исроил ҳамчунин ҳамалоти худро ба муттаҳидон ва дороиҳои Эрон дар минтақа афзоиш додааст. Рӯзи душанбеи гузашта, ҳамлаи Исроил ба Сурия, яке аз фармондеҳони аршади Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба номи Сайидразӣ Мусавиро кушт (ба шаҳодат расонд), ки таҳдидоти интиқомҷӯии мустақими Эронро ба дунбол дошт.
Бо ин ҳол, вуруд ба як ҷанги ошкор ва мустақим, стратегияи Эронро ба ҳам хоҳад зад. Аммо мақомоти шибҳинизомӣ мегӯянд, мутмаин ҳастанд, ки ҳамалоти онҳо боздорандагии кофӣ барои Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаро бидуни ташдиди фаротар аз сатҳи кунунии даргирӣ, фароҳам мекунад.
Washington Post
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Девони Сайфи Фарғонӣ
Мавзӯи тарбият дар Баҳористони Ҷомӣ

Матолиби пурбоздид