Расонаи украинии Kyiv Post: Мухолифони сурияӣ дар Украина омӯзиш дидаанд
Ахбори байналмилал
Як расонаи маъруфи укроинӣ навишт, мухолифони сурияӣ (теруристҳои сурияӣ) дар Укройн омӯзиш дидаанд.
Пойгоҳи Kyiv Post навишт, ҳамла ба устони Ҳалаб дар Сурия, ки аз 27-ноябр оғоз шуд, тавассути эътилофе аз гурӯҳҳои шибҳинизомӣ ба раҳбарии Ҳайати Таҳрири Шоми таҳти ҳимояти молии Туркия ва гурӯҳи собиқи вобаста ба Алқоида анҷом мешавад.
Бар асоси ин гузориш, аъзои ин гурӯҳ омӯзишҳои вежаро аз гурӯҳи “Химик”, нерӯҳои муртабит бо дастгоҳи ҷосусии Укройн дарёфт кардаанд. Ин теруристҳо давраи вежаи истифода аз паҳподҳоро дар Укройн дидаанд.
Бар пояи ин гузориш, мухолифони Башшор Асад бахусус Ҳизби исломии Туркистон (уйғурҳо) тавассути “Химик” омӯзишҳои лозимро дидаанд.
Гурӯҳҳои теруристии Сурия бавежа гурӯҳи мавсум ба Ҳайати Таҳрири Шом (Ҷабҳатун-нусра) аз охирҳои ҳафтаи гузашта ҳамла ба манотиқи ғарбии устони Ҳалабро оғоз кардаанд.
Гуфтанист, теруристҳо бо вуруд ба шаҳри Ҳалаб бисёре аз маҳаллаҳои ин шаҳрро таҳти ишғол худ дароварданд, аммо артиши Сурия эълом кардааст, ки дар ҳоли тақвияти нерӯҳои худ ва барномарезӣ барои як зиддиҳамла алайҳи ин гурӯҳҳои теруристӣ аст.
Kyiv Post
Қаламонлайн