Расонаҳои исроилӣ: Афзоиши бесобиқаи дархостҳо барои муҳоҷират аз Исроил ба Олмон

Расонаҳои исроилӣ: Афзоиши бесобиқаи дархостҳо барои муҳоҷират аз Исроил ба Олмон

Ахбори байналмилал

Irna

Коршиносони масоили сиёсӣ, водор кардани ишғолгарон ба тарки сарзаминҳои ишғолиро яке аз муҳимтарин дастовардҳои амалиёти “Тӯфон-ул-ақсо” арзёбӣ мекунанд, ки метавонад дар дарозмуддат, заминаи фурӯпошии режими Исроилро фароҳам кунад.

Телевизиони режими саҳюнистӣ, аз афзоиши бесобиқаи дархостҳои муҳоҷират аз Исроил ба мақсади Олмон хабар дод.

Ба гузориши Ирно ба нақл аз телевизиони режими Исроил, бештарин дархости матраҳшуда аз сӯйи саҳюнистҳо, барои муҳоҷират ба Олмон аст.

Телевизиони режими саҳюнистӣ эълом кард, ки саҳюнистҳои дорои асолати олмонӣ, беш аз дигар саҳюнистҳо хоҳони бозгашт ба Олмон ва гирифтани тобеияти ин кишвар ҳастанд.

Бар асоси ин гузориш, бештари саҳюнистҳои муқими сарзаминҳои ишғолӣ дутобеиятӣ ҳастанд ва ё худ ё падару модар ё аҷдодашон мутаваллиди кишвари дигаре ҳастанд, ки аз он ҷо ба ин сарзамин муҳоҷират кардаанд.

Баъд аз амалиёти “Тӯфон-ул-ақсо”, теъдоди зиёде аз саҳюнистҳои дорои тобеияти дугона, ба кишварҳояшон баргаштаанд ва муҳоҷирати маъкуси саҳюнистҳо ба кишварҳои дигар, акнун ба яке аз дағдағаҳои ҷиддии мақомоти режими Исроил табдил шудааст.

Коршиносони масоили сиёсӣ, водор кардани ишғолгарон ба тарки сарзаминҳои ишғолиро яке аз муҳимтарин дастовардҳои амалиёти “Тӯфон-ул-ақсо” арзёбӣ мекунанд, ки метавонад дар дарозмуддат, заминаи фурӯпошии режими Исроилро фароҳам кунад.

Режими саҳюнистӣ дар беш аз 70 соли гузашта, бо таъсиси Ожонси яҳуд, талош кард, то яҳудиёни сокини дигар кишварҳоро бо ваъдаи зиндагии беҳтар, барои муҳоҷират ба сарзаминҳои ишғолӣ тарғиб кунад.

Иқдомоти муқовамати Фаластин дар ноамн кардани минтақа, муҳимтарин омили шикасти пружаи саҳюнизми ҷаҳонӣ барои эҷоди давлати яҳудӣ дар Қудси ишғолӣ аст.

Irna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Табодули оташ миёни артишҳои Миср ва Исроил дар марзи Рафаҳ
Оё инқилобе дар Арманистон дар ҳоли шаклгирист?

Матолиби пурбоздид