Расонаҳои исроилӣ ва расонаҳои гурӯҳи муқовимат бо ҳам чӣ фарқе доранд?

Таҳлили хабарӣ

Расонаҳои исроилӣ ва расонаҳои гурӯҳи муқовимат бо ҳам чӣ фарқе доранд?

Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин навиштаи кутоҳ, ба асоситарин тафовути расонаҳои исроилӣ ва ҳавзаи муқовимат пардохта шудааст.

“Фарқи байни расонаҳои исроилӣ ва расонаҳои гурӯҳҳои муқовимат”

Як фарқи асосӣ байни расонаҳои режими Исроил ва расонаҳои вобаста ба гурӯҳҳои муқовимат мисли расонаҳои фаластинӣ ва ё яманӣ ва лубнонӣ ва ё эронӣ ё ироқӣ дар ин аст, ки: расонаҳои муқовимат вақте ҳамла ба Ғазза ва ё Лубнон ё Яман мешавад, манзараҳои ҳамларо нарезонда ва начаконда ба навор мегиранд ва ба ҷаҳониён нишон медиҳанд, ба ин далел, ки то ҷаҳониён бибинанд, ки саҳюнистҳо чӣ қадар масалан ваҳшианд!

Аммо расонаҳои режими Исроил баръакс ҳаргиз нишон намедиҳанд ва рақобат ва назорати бисёр шадид ва сахте болои онҳо ҳаст, ба ҳадде, ки тибқи қонунҳои дохилиашон, ироаи манозири исобати мушак дар Исроил ҷурму ҷиноят маҳсуб шуда ва наворгиранда муҷозот мешавад, магар ин ки ба сурати васеъ аз ҷониби шаҳрвандон гирифта шавад мисли мавориде, ки дар “Ваъдаи содиқи 1” ва “Ваъдаи содиқи 2” замоне ки Эрон ба Исроил ҳамла карда буд, ки ба сурати бисёр густарда мунташир шуд. Аммо дар соири маворид, ҳеч тасвире пахш нашуд, тибқи ҳамон қонун.

Дар ҳамин ҷиҳат, аз шурӯи ҷанг яъне дар 2 соли ахир, саҳюнистҳо дасти боло доштанд. Бинанда билохира ба ин сонсурҳои исроилӣ таваҷҷӯҳ надорад ва фикр мекунад, чизе нашуда, ба хилофи мавориди ҳамлаҳои Исроил ба Фаластин ва ё Яман ё Лубнон, ки ба сурати бисёр густардае мунташир мешаванд ва ин тавассурро дар назди бинанда ба вуҷуд меоваранд, ки зарару зиён фақат мутаваҷҷеҳи Фаластин ва ё Яман аст ва Исроил ба қавли маъруф тинҷу ором. Дар ҳоле ки чунин нест.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро Исроил ҷуръат пайдо кардааст?
Пайдову пинҳони музокироти Эрон ва Амрико

Матолиби пурбоздид