Расонаҳои исроилӣ: Даргирии бисёр сахте доштем

Расонаҳои исроилӣ: Даргирии бисёр сахте доштем

Ахбори байналмилал

Farsnews

Сахттарин рӯзи артиши Исроил; 21 низомӣ кушта шуданд

Артиши режими Исроил субҳи имрӯз (сешанбе, 23 январ) дар ҳоле аз кушта шудани 21 низомии дигари худ дар ҷануби Ғазза хабар дод, ки расонаҳо аз талафоти бештаре дар Хон-Юнус мегӯянд ва даргириҳои рӯзи гузаштаро “бисёр сахт” тавсиф мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, “Яке аз сахттарин рӯзҳои ҷанг, набардҳои шадиди рӯзи гузашта дар Хон-Юнус воқеъ дар ҷануби навори Ғазза буд” – ин тавсифи гузориши пойгоҳи исроилии Walla аз минтақае аст, ки низомиёни исроилӣ дар он гирифтор шудаанд.

Эъломи имрӯзи артиши Исроил мабнӣ бар марги 21 низомӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки соатҳое пеш, сухангӯи Созмони имдод ва наҷоти Исроил аз кушта ва захмӣ шудани 22 исроилӣ дар Хон-Юнус хабар дода буд.

Farsnews

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳизбуллоҳ пойгоҳи ҳавоии Исроилро мушакборон кард
Ҳамлаи Яман ба киштии низомии амрикоӣ

Матолиби пурбоздид