Раҳбари Ансоруллоҳ: “Амалиёти Яман таҳти фишорҳо мутаваққиф нахоҳад шуд”
Ахбори байналмилал
Раҳбари гурӯҳи Ансоруллоҳи Яман, бо баёни ин ки душмани саҳюнистӣ барои 64-умин ҳафтаи пай дар пай ба ҷиноят алайҳи мардуми Ғазза идома медиҳад, таъкид кард: “Амалиёти Яман алайҳи режими саҳюнистӣ таҳти фишорҳо мутаваққиф нахоҳад шуд.”
Ба гузориши Алмаёдин, Сайид Абдулмалик Ҳусӣ (панҷшанбе) дар суханоне, гуфт: “Амалиёти ин ҳафтаи Яман бисёр мумтоз буд ва мушакҳои мофавқи савт аз падофанди ҳавоии душман рад шуд, ки дастоварди бузург аст.”
Вай, бо баёни ин ки падофанди душман натавонист монеъи мушакҳои яманӣ шавад, афзуд: “Душман, ки фикр мекард ҳама чиз ба нафъаш аст, аз идомаи амалиёти нерӯҳои яманӣ ғофилгир шуд.”
Вай изҳор дошт: “Амалиёти Яман, бартарии дифоии душмани саҳюнистиро дарҳам шикаст.”
Қаламонлайн