Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “153 бор ба киштиҳои Омрико ва саҳюнистҳо ҳамла кардем”

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман: “153 бор ба киштиҳои Омрико ва саҳюнистҳо ҳамла кардем”

Ахбори байналмилал

Mehrnews

Сайид Абдулмалик Ҳусӣ гуфт, ки Омрико дар як бӯҳрони воқеӣ ва шикасти фаҷеъ гирифтор шуда ва раҳбарони он ба тавонмандиҳои Яман эътироф кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр ба нақл аз Алмасира, Сайид Абдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, раҳбари ҷараёни Ансоруллоҳи Яман, дар изҳороте, зимни интиқод аз эҳмолкории Арабистони Саудӣ дар ироаи хадамот ба ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром ва шаҳодати теъдоде аз ҳоҷиёни мисрӣ ва андунезӣ дар натиҷаи бетаваҷҷӯҳии Арабистони Саудӣ, таъкид кард, ки саудиҳо ҳазинаҳои зиёде бобати ироаи хадамот ба ҳуҷҷоҷ дарёфт мекунанд, аммо ба сурати амдӣ ба масоили марбут ба онҳо бетаваҷҷӯҳӣ мекунанд, то ҷойе, ки садҳо нафар ба ин иллат аз дунё мераванд.

Вай ба таваҷҷӯҳи вежаи режими Оли Сауд ба баргузории маросимҳои марбут ба рақс ва бебанду борӣ дар Арабистон ишора ва таъкид кард, ки ин дар ҳоле аст, ки таваҷҷӯҳи онҳо ба ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳилҳаром ба шиддат кам шудааст.

Ҳусӣ, бо ишора ба ин ки Арабистон шоистагии хадамотрасонӣ ба ҳуҷҷоҷ ва таҳаққуқи аҳдофи қуръонӣ ва исломии маросими ҳаҷро надорад, таъкид кард, ки саудиҳо аз назари сиёсӣ вобаста ба иродаи Омрико ҳастанд ва бо душмани саҳюнистӣ ибрози муҳаббат карда ва бо душманони мусалмонон эътилоф мекунанд.

Вай бо ишора ба фаҷойеъи воридомада бар сари миллати Фаластин ҳамзамон бо иди исломӣ, ба фиребкории Омрико дар ин таҳаввулот ишора ва таъкид кард, ки Вошингтун як бандари дарёӣ дар Фаластин эҳдос карда ва муддаъии таваҷҷӯҳ ба авзоъи инсонӣ дар Ғазза шуд, аммо ишғолгарони саҳюнистӣ дар амалиёти наслкушии худ дар Рафаҳ аз ин бандар истифода карданд ва дар иваз, ҳеч кӯмаки инсонӣ аз тариқи ин бандар барои рафъи ниёзмандиҳои миллати Фаластин ва Ғазза мунтақил нашуд.

Ҳусӣ ба мусибатҳои зиндониёни фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ишора ва таъкид кард, ки душмани саҳюнистӣ талош дорад, муқаддасоти исломиро ба ҳар василае дар маърази ҳатки ҳурмат қарор диҳад.

Раҳбари Ансоруллоҳи Яман ба талоши Омрико барои ирсоли 50 ҷангандаи F-15 барои ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар масири наслкушӣ дар Ғазза ишора ва таъкид кард, ки порлумони Олмон низ тасмим гирифта кӯмакҳои таслеҳотӣ ба режими саҳюнистиро густариш диҳад ва Сербистон низ ба ин мавзӯъ ифтихор мекунад.

Ҳусӣ ҳамчунин бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши талафоти артиши режими саҳюнистӣ дар Рафаҳ, таъкид кард, ки ин мавзӯъ барои Телавив нигаронкунанда аст, ин режим хисоратҳои зиёде дар Ғазза дидааст, ба ҳамин иллат бисёре аз ҷавонон дар сарзаминҳои ишғолӣ аз анҷоми хидмати низомӣ фирор мекунанд ва ин мавзӯъ шароитро барои режими саҳюнистӣ беш аз пеш мушкил кардааст.

Вай иброз дошт, ки душмани саҳюнистӣ дар ҳоли ҳозир аз як бӯҳрони мавҷудиятӣ ва адами итминон нисбат ба оянда сухан мегӯяд ва ин шароит натиҷаи талошҳо ва поймардии миллати Фаластин аст.

Ҳусӣ ҳамчунин ба ҳамалот Ҳизбуллоҳи Лубнон ба сарзаминҳои ишғолӣ дар манотиқи марзӣ ишора ва таъкид кард, ки ин ҳамалот пойгоҳҳои низомӣ ва аҳдофи ҳаётии саҳюнистҳоро ҳадаф гирифтааст. Ҷабҳаи пуштибони Ироқ низ эълом карда, ки аҳдофи ҳассоси Телавив аз ҷумла бандари Ҳифоро ҳадафи мушакборони худ қарор додааст, миллати мо низ эълом карда ба пуштибонии худ аз Ғазза идома медиҳад.

Вай бо ишора ба ин ки то кунун 153 ҳамла ба киштиҳои саҳюнистӣ ва омрикоӣ ва ангилисӣ сурат гирифта, таъкид кард, ки танҳо тайи ҳафтаи гузашта 10 амалиёт бо 26 мушаки болистик ва болдор ва паҳподҳо ва қоиқҳои ҷангӣ анҷом шуда, ки 8 киштиро ҳадаф гирифтааст. Аз ҷумлаи ин киштиҳо нови ҳавопаймобари “Эйзенҳоуэр”-и Омрико буд, ки барои севвумин бор дар шимоли баҳри Сурх дар конуни ҳамалоти яманиҳо қарор гирифт ва ҳамчунин киштии “Totor” баъд аз амалиёти бесобиқаи нерӯҳои дарёии Яман ғарқ шуд. Як киштии дигар низ дар остонаи ғарқ шудан дар халиҷи Адан аст.

Ҳусӣ бо ишора ба таъсироти амалиёти дарёии Яман дар авзоъи иқтисодии режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки содиркунандагони либос ва лавозими электруник аз масирҳои ҳавоӣ истифода мекунанд, ки барои онҳо бисёр ҳазинабар аст.

Вай идома дод, ки омрикоиҳо ва ангилисиҳо низ 24 ҳамла алайҳи Яман анҷом додаанд, ки биҳамдиллоҳ ҳеч таъсире надоштааст.

Раҳбари Ансоруллоҳ иброз дошт, ки Омрико дар як бӯҳрони воқеӣ ва шикасти фаҷеъ гирифтор шуда ва раҳбарони он ба тавонмандиҳои Яман эътироф кардаанд.

Mehrnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Арманистон кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад
Ансоруллоҳи Яман: “Омрико мехоҳад Арабистонро вориди даргирӣ бо Яман кунад”

Матолиби пурбоздид