Раҳбарони Ихвонул муслимин ба эъдом маҳкум шуданд
Ахбори байналмилал
Irna
Манобеи расонаӣ имрӯз (душанбе, 4-март) аз судури ҳукми эъдом барои раҳбари Ихвонул-муслимин тавассути додгоҳе дар Миср хабар доданд.
Ба гузориши Ирно, шабакаи Алмаёдин дар ин бора эълом кард, ки додгоҳе дар Миср барои Муҳаммад Бадеъ (81 сола), раҳбари Ихвонул-муслимин ҳукми эъдом содир кард.
Бар пояи ин гузориш, тибқи ҳукми содира, Муҳаммад ал-Балтоҷӣ, Маҳмуд Иззат, Сафват Ҳиҷозӣ, аз сарони Ихвонул-муслимини Миср ба ҳамроҳи се узви дигари ин гурӯҳ, ба эъдом маҳкум шуданд.
Шӯрои вазирони давлати Миср дар соли 2013 Ихвонул-муслиминро дар феҳристи гурӯҳҳои теруристӣ қарор дод.
Гуфтанист, пас аз барканории Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури ихвонӣ аз сӯйи артиши Миср дар як кудатои низомӣ дар 3-июли 2013, шуморе аз раҳбарон ва шахсиятҳои барҷастаи ин гурӯҳ ба зиндон афтоданд.
Irna
Қаламонлайн