Раҳбарону пешвоён ва равиши бархӯрд бо мардум

Раҳбарону пешвоён ва равиши бархӯрд бо мардум
Меҳрубонӣ бо мардумро пӯшиши дили худ бикун ва бо ҳама дӯсту меҳрубон бош. Мабодо монанди ҳайвони шикорӣ бошӣ, ки хӯрдани онҳоро ғанимат шуморӣ, зеро мардум ду дастаанд: дастае бародари динии ту ва дастаи дигар, дар офариниш ба монанди ту мебошанд. Агар гуноҳе аз онҳо сар мезанад ё гирифтори иллатҳое мешаванд ё хоставу нохоста хатое мекунанд, онҳоро бибахш ва ба онҳо осон бигир ҳамон гуна, ки дӯст дорӣ Худо туро бибахшад ва бар ту осон гирад. Ҳамоно ту аз онҳо бартар ва имоми ту, аз ту бартар ва Худо бар он кас, ки туро фармондори Миср кард, волотар аст. Ҳаргиз бо Худо ситеза накун, ки туро аз ҷазои он наҷот нест ва аз бахшишу раҳмати ӯ бениёз нахоҳӣ буд. Бар бахшидани дигарон пушаймон набош ва аз азоб додани касе шодӣ накун ва аз хашме, ки тавонӣ аз худ дураш кунӣ, шитоб накун. Ба мардум нагӯ, ки “ба ман фармон доданд ва ман низ фармон медиҳам, пас бояд итоат шавам”, ки ин гуна худбузургбинӣ дилро фосид ва динро пажмурда ва сабаби аз даст рафтани неъмат мешавад. Ва агар ба мақому қудрате, ки дорӣ, дучори такаббур ва худбузургбинӣ шавӣ, ба бузургии ҳукумати Парвардигор, ки бартар аз туст бингар, ки туро аз саркашӣ наҷот медиҳад ва тундравии туро ором мекунад ва ақлу фикратро ба ҷойгоҳи аслиаш бармегардонад.
(Наҳҷулбалоға, Номаи Молики Аштар)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Гуфтугӯи телефонии руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон
Насиҳате аз Абӯзари Ғифорӣ (р)

Матолиби пурбоздид