Риояти ҳуқуқи башар дар паймонномаи Паёмбар (с) бо масеҳиён

Таърих

Риояти ҳуқуқи башар дар паймонномаи Паёмбар (с) бо масеҳиён

Яке аз усуле, ки Паёмбари гиромӣ (с) ҳамвора ба он таваҷҷӯҳи хосс доштанд, ҳаққи мардум (ҳаққуннос) аст. Он чунон ки дар омӯзаҳои исломӣ омада, ҳаққи илоҳӣ қобили бахшиш аст, аммо ҳаққуннос ҷуз ба ризояти мардумон қобили бахшиш нест. Ва ин дар ҳолест, ки чунин мактабе имрӯза дар муқобили анвоъи иттиҳомҳо қарор гирифтааст.

Торих 175 мактубро аз Расули гиромии Ислом (с) ба ёдгор гузоштааст. Ин мактубот, ки шомили паймонномаҳо, даъвати подшоҳон ва раисони қабилаҳо ба Ислом, фармонҳои ҳукуматӣ, амонномаҳо ва бархе мактуботи дигар аст, тасвире комил аз ахлоқи сиёсӣ ва иҷтимоии Паёмбар (с)-ро ба тамошо мегузорад.

Аз миёни паймонномаҳо ва мактуботи Паёмбар (с), танҳо як намунаро барои баёни аҳаммияти Ислом ба ҳуқуқи башар бармегузинем. Яъне паймони Расули Акрам (с) бо масеҳиёни Наҷронро.

Ин паймоннома, ки матни он дар китобҳое чун: “Хароҷ”-и Абӯюсуф, “Хароҷ”-и Абӯубайд, “Футуҳул-булдон”-и Билозарӣ, “Зодул-маъод”-и Ибни Қаййим, “Сунан”-и Абӯдовуд, Торихи Яъқубӣ ва дигар манобеи исломӣ омадааст, дар соли 9-уми ҳиҷрӣ ва пас аз достони машҳури Мубоҳала байни Паёмбари Ислом (с) ва масеҳиёни Наҷрон – минтақае дар марзи Ҳиҷоз ва Яман — имзо шуда ва худ танҳо як намуна аз усули ҳоким бар ахлоқи сиёсӣ-ҳуқуқии Паёмбар (с) дар риояти ҳуқуқи башар аст.

Паёмбар (с) дар ин паймоннома, зимни ироаи намунаи беназире аз раҳмат, раъфат ва адолати исломӣ, ҳуқуқи мутақобили мардуми Наҷронро тазмин ва таъаҳҳуд менамоянд.

Бахши муҳимми ин паймоннома шомили мавориди зер аст:

Паёмбар (с) ӯҳдадор мешавад, ҳар он чӣ аз амволи ҷангии наҷрониён, ки ба сурати амонат ба сипоҳи Ислом — дар ҷиҳати ғалаба бар фитнаҳои маҳаллӣ — супурда шудааст, агар осеб бибинад ё нобуд шавад, тавассути фиристодагон ва намояндагони он ҳазрат (с) ҷуброн шавад:

وعليهم (اهل نجران) عارية ثلثين درعا وثلثين فرسا وثلثين بعيرا اذا كان كيد باليمن ذو مغدرة وما هلك مما اعاروا رسلى من خيل او ركاب فهم ضمن يردوه اليهم…

“Ва ба ӯҳдаи эшон аст, ки чун дар Яман даргирӣ ва макре пеш ояд, ба мусалмонон 30 зиреҳ ва 30 асп ва 30 шутур ория диҳанд. Ва ҳар чӣ аз он зиреҳҳо ва аспу шутурҳо ва колоҳои дигар, ки нобуд шавад, фиристодагон ва намояндагони ман зомин хоҳанд буд, ки ба эшон бипардозанд”;

Паёмбар (с) ҳуқуқи мардуми Наҷронро дар ҳифзи дин ва ойини худ ва амнияти ҷон ва посдошти мол ба расмият мешиносанд. Эшони паноҳ ва аҳди Худованд ва низ паймони худро паноҳгоҳи ҷон, мол ва дини мардуми Наҷрон қарор медиҳанд. Дар ин бахш аз паймоннома, бо ин ки ҳаққонияти рисолати Паёмбар (с) дар ҷараёни Мубоҳала бар сарони масеҳӣ ошкор шуда ва Паёмбар (с) дар мавқеияти як фотеҳ ва ғолиб, метавонистанд аз он болотарин баҳраро дар мусалмон намудани ин масеҳиён бибаранд, аммо Расули гиромии Ислом (с) на танҳо ҳеч талоше дар ҷиҳати илзоми онҳо бар пайравӣ аз дини худ надоранд, балки бар ҳифзи дин (масеҳият), ҷон ва моли наҷрониён аҳд ва паноҳи Худованд ва паймони худро гувоҳ мегиранд:

ولنجران وحاشيتها جوار الله وذمة محمد النبى رسول الله على انفسهم وملتهم وارضهم واموالهم وبيعهم ورهبانيتهم واساقفتهم وغائبهم وشاهدهم وكلما تحت ايديهم من قليل او كثير…

“Ва барои мардуми Наҷрон ва атрофи он, паноҳ ва аҳди Худованд ва паймони Муҳаммад Расули Худо дар мавриди ҷонҳо ва ойинашон, сарзамин ва амволашон, парастишгоҳҳо (калисоҳо) ва роҳибон ва усуқфҳояшон ва дар мавриди ғоиб ва шоҳидашон ва ҳар он чӣ аз каму беш дар ихтиёри эшон аст, хоҳад буд”;

Паёмбар (с) ҳаққи роҳибон ва коҳинон ва кашишони масеҳиро дар доштани вазифа ва мақоми роҳибӣ ва кашишии худ ба расмият шинохта ва тасреҳ менамоянд, ки инон ҳамчунон бар сари кори худ боқӣ монда ва аз кор барканор нахоҳанд шуд:

لايفتن اسقف من اسقفيته ولا راهب من رهبانيته ولا واقه من وقاهيته…

“Ҳеч усқуф ва роҳиб ва коҳине аз шуғл ва мақоми худ барканор нахоҳад шуд.”

Паёмбар (с) бо зикри қоидае ҳуқуқӣ, наҷрониёнро аз пардохти хунбаҳои хунҳое, ки дар ҷоҳилият рехтаанд муъоф медорад:

وليس عليهم رهن ولا دم جاهلية…

“Ва бар эшон ҳеч гуна таъаҳҳуде ва пардохти хунбаҳои хунҳое, ки дар ҷоҳилият рехта шудааст нахоҳад буд.”

Паёмбари гиромии Ислом (с) асоситарин ҳуқуқи сиёсии як миллатро, ки ҳамоно ҳаққи зиндагӣ дар сарзамини худ ва низ баҳрамандӣ аз амният аст-ро дар мавриди наҷрониён таъаҳҳуд ва тазмин менамоянд:

ولا يحشرون ولا يعشرون ولا يطأ ارضهم جيش من سئل منهم حقا فبينهم النصف غير ظالمين ولا مظلومين بنجران…

“Ононро аз сарзамини худашон табъид нахоҳанд кард ва аз онон як даҳум гирифта намешавад ва сарзамини эшон пойкӯб нахоҳад шуд ва лашкар ба он кашида намешавад. Ҳар кас аз эшон ҳаққе мутолиба кунад, дар камоли инсоф бидуни ин ки бар онон ситам шавад ё ситамкунанда бошанд, баррасӣ хоҳад шуд.”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Низоми мардумсолорӣ
Торихро кӣ месозад?

Матолиби пурбоздид