Рисолаи Қушайрия

Фарҳанг

Рисолаи Қушайрия

Муаррифии китоб

Дар таърихи насри ирфонии форсу тоҷик чандин осори мӯътабаре мақом ва ҷойгоҳи хоссе доранд, ки миёни онҳо “Рисолаи қушайрия” аз ҷумлаи таълифоти муҳимми насри сӯфиён ба шумор меравад.

“Рисолаи қушайрия”-и Абулқосими Қушайрӣ аз нахустин осори насри ирфонӣ буда, ба забони арабӣ таълиф шудааст ва шогирдаш Абӯалӣ Ҳасан ибни Аҳмади Усмонӣ ба забони форсӣ тарҷума намудааст.

Китоб аз ду фасл ва панҷоҳу панҷ боб иборат буда, фасли нахустини он ба баёни ақоиди аҳли тасаввуф ва фасли дуюм ба тавзеҳи беш аз панҷоҳ истилоҳи ирфонӣ бахшида шудааст ва метавон онро аз намунаи фарҳангномаҳои ирфонӣ шинохт.

“Рисолаи қушайрия” аз манобеи муҳимми шинохти ирфон ва тасаввуфи исломӣ буда, барои таълифи осори ирфонӣ чун сарчашма ва китоби марҷаъ ба кор меравад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Масҷиди Баҳлул
Ҳаққи фарзанд бар падар

Матолиби пурбоздид