Робитаи дин ва илм

Робитаи дин ва илм

Робитаи дин ва илм ва гузораҳои илмӣ ва динӣ

Илм ва дониш ба чӣ маъност?

Оё гузораҳои динӣ, илмӣ шуморида мешаванд?

Mizonblog

Илм ба маънои омми он, ба ҳар гуна донистание итлоқ мешавад. Ва ба маънои хосси он, бар донистаниҳое гуфта мешавад, ки аз тариқи таҷриба ба даст омада бошад.

Барои илмӣ шуморида шудани як гузора, чанд шарт лозим аст:

1) Қобилияти таҷрибаи хамагонӣ доштан, яъне ҳар касе битавонад он таҷрибаро ба даст оварад. Бо ин шарт, таҷрибаҳои шахсӣ агарчи ҳақиқат ҳам дошта бошад, аз чорчӯби илм берун мемонад. Масалан, касе хобе мебинад ва сипас дар бедорӣ таъбири он хобро воқеъан рост меёбад. Ва ё касе мукошифаи руҳонӣ мекунад ва ҳақиқатан ҳам он мукошифааш дуруст мебошад. Аммо чун ин таҷрибаҳо ҳамагонӣ нестанд ва наметавон онро ба дигарон интиқол дод, илмӣ хонда намешаванд.

2) Такрорпазирӣ. Яъне чунин набошад, ки он таҷриба фақат як бор рух дода бошад. Бо ин шарт, ҳар падидае, ки танҳо як бор рух додааст, аз қаламрави илм берун мемонад. Масалан, як асари ҳунарии нодир, ки дигар монанде барои он вуҷуд надорад, дар бораи он наметавон илмӣ сӯҳбат кард. Ва ё дар бораи пайдоиши коинот ҳам наметавон ба сурати илмӣ сӯҳбат кард, чун фақат як бор иттифоқ афтода ва мо наметавонем бо такрори он, ба хусусиёташ пай барем.

3) Исботпазирӣ ва ибтолпазирӣ. Яъне роҳе барои санҷиши дурустӣ ё нодурустии он гузора вуҷуд дошта бошад. Бо ин шарт, гузораҳое, ки ба сурати мутлақ ифода мешаванд ва ё ба сурати ҳасри ақлӣ баён мешавад, худ ба худ аз доираи илм берун мемонанд.

4) Қобилияти пешбинӣ дошта бошанд. Яъне бар асоси он гузора битавон муҳосиботе анҷом дод ва вуқӯъ ё адами вуқӯъи падидаеро пешбинӣ кард.

Бинобар ин, гузорае монанди: “Фардо ё борон меборад ё намеборад” илмӣ нест, чун дар он як ҳасри ақлӣ сурат гирифтааст ва дар ҳар сурат ин гузора исботпазир хоҳад буд, яъне чи борон биборад ва чи наборад, ин сухан рост хоҳад буд ва ҳамчунин наметавон бар ососи он чизеро пешбинӣ кард. Ва ё гузораи: “Адолат билохира пирӯз мешавад” ин гузора илмӣ нест, чун ба сурати мутлақ гуфта шудааст ва наметавон бо ҳазфу изофаи чизе, дарсади дурустӣ ё нодурустии онро санҷид. Ва ё гузораи: “Ҳар вақт аҷали касе фаро расад, он кас мемирад” ин гузора низ илмӣ нест, чун дар ҳар сурат исботпазир аст. Яъне агар фаразан он нодуруст бошад, роҳе барои ибтолаш вуҷуд надорад. Ин гузора танҳо дар сурате ботил мешавад, ки касе аҷалаш бирасад, вале намирад ва ё касе бимирад, бидуни он ки аҷалаш фаро расида бошад. Аммо чӣ гуна метавон инро санҷид?

Бинобар ин, илмӣ будани як гузора лузуман ба маънои дуруст ва мутобиқ бо воқеъият будани он нест, ҳамчуноне ки илмӣ набудани як гузора ҳам лузуман ба маънои нодуруст ва хилофи воқеъият будани он нест.

Илмӣ будани як гузора вобаста ба равиши таҳсили он аст. Бинобар ин, масалан назарияи заминмеҳвари (ҳайъати Батламюсӣ) як назарияи илмӣ аст, агарчи баъдҳо собит шуд, ки мутобиқ бо воқеъият нест. Зеро он назария қобили исбот ё ибтол буд ва бар ососи он мешуд бархе аз падидаҳоро пешбинӣ кард, ҳамон тавре ки Толес тавонист бар асоси ҳамин назария вуқӯъи офтобгирифтагиро пешбинӣ намояд.

Бинобар ин, бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки иштибоҳ будани як гузора ё назария, ба маънои ғайриилмӣ будани он нест, вагарна торихи илмро мо бояд имрӯз ҷузъи афсона бишуморем.

Ҳол, дин ба ин маъно ҷузъи илм нест. Вале ба маънои омми он ҷузъи илм мебошад, зеро илм ба маънои омм ба ҳар донистае гуфта мешавад.

Гузораҳои диниро наметавон бо меъёри илмӣ исбот ё ибтол намуд, чун дин асосан берун аз чорчӯби илм ба маънои хосс аст; ҳамон тавре ки хеле аз маълумоти сад дар садии мо инсонҳо берун аз чорчӯби илм аст.

Вале агар дин дар як мавриди хоссе сухан гуфта бошад, ки он маврид дохил дар чорчӯбаи илм ҳам бошад, мисли ҳамин мавриди иддиои шумо, дар чунин маворид, инсони донишманд зуд қазоват намекунад ва он гузораи хосси диниро такзиб намекунад. Зеро илм ҳаргиз иддиои ҳақиқати мутлақ будан намекунад, чун ҳамеша дар ҳоли исботи назарияҳои нав ва ибтоли назарияҳои қаблӣ аст, ва аз он тараф ҳам, он бардошти худ аз он гузораи диниро мутобиқ бо маълумоти нав тағйир медиҳад. Яъне ин кор ба сурати автоматикӣ ҳосил мешавад, зеро маълумоти инсон худ ба худ бо ҳам мунсаҷим мешаванд.

Ва аммо дар мавриди ин ки гуфтед: ”Тибқи мутуни динӣ насли Канъониён комилан тавассути Банӣ Исроил маҳв шудааст”, чунин матлабе дар мутуни динии ислом вуҷуд надорад. Асосан, тибқи мутуни исломӣ на ин ки Банӣ Исроил ягон қавмеро нобуд карда бошанд, балки ҳамеша мавриди хуҷум ва тохту този қавмҳои дигар қарор мегирифтанд. Дар ягон ҷои Қуръон гуфта нашудааст, ки Банӣ Исроил фалон қавмеро маҳв намудаанд, на Канъониён ва на ғайри онро.

Mizonblog

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Одатҳо
Абӯубайда: “Аз оғози ҷанги Ғазза, 335 худрави низомии исроилӣ мунҳадим шудаанд”

Матолиби пурбоздид