Роҳи расидан ба Ҳақ
Мавлоно фармояд:
“Агар роҳҳо мухталиф аст, аммо мақсад якест. Намебинӣ, ки роҳ ба Каъба бисёр аст. Баъзеро аз роҳи Рум аст ва баъзеро аз Шом ва баъзеро аз Аҷам (Эрон) ва баъзеро аз Чин ва баъзеро аз роҳи дарё аз тарафи Ҳинд ва Яман.
Пас агар дар роҳҳо назар кунӣ, ихтилоф азим ва мубойинат беҳад аст. Аммо чун ба мақсуд назар кунӣ, ҳама муттафиқанду ягона”.
(Фиҳи мо фиҳи, с. 97).
Қаламонлайн