Русия ва Эрон; тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ
Ахбори ҷаҳон
Ба гузориши Садои Хуросон, руаисои ҷумҳури Русия ва Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефонӣ охирин вазъияти тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Владимир Путин – раиси Ҷумҳури Русия баъд бо Иброҳим Раисӣ, раиси Ҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ, телефонӣ охирин вазъияти ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ ва бар тақвияти онҳо бахусус дар ҳавзаи транзити байналмилал таъкид намудааст.
Ин сеюмин гуфтугуи телефонии сарони Эрону Русия дар моҳҳои ахир аст.
Хабаргузории русии ТАСС дар ин робита навишт: Яке аз пружаҳои зерсохтии Эрону Русия – масири транзитии Шимол – Ҷануб аст, ки дар соли 2000 давлатҳои Эрон, Ҳинд ва Русия тавофуқномаи онро имзо карданд.
Солҳои баъд мушорикаткунандагон дар ин пружа ба 14 кишвар афзоиш ёфт.
Ҳадаф аз эҳдоси ин коридор интиқоли коло аз Ҳинд, Эрон ва Халиҷи Форс, аз тариқи Русия ба Аврупост.
Масири заминӣ дар муқоиса бо масири баҳрӣ ва гузар аз канали Суес 50 дарсад кӯтоҳтар буда ва коҳиши замон ва ҳазинаи ҳамлу нақлро коҳиш медиҳад.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн