Русия: Истифода аз силоҳи ҳастӣ фақат дифоӣ хоҳад буд!

Русия: Истифода аз силоҳи ҳастӣ фақат дифоӣ хоҳад буд!

Ахбори байналмилал

Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, истифода аз силоҳи ҳастаӣ мунҳасиран дар шароити фарвқулода ва бо ҷанбаи дифоӣ имкон дорад.

Мария Захарова сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт:

Истифодаи Русия аз таслиҳоти ҳастаӣ мумкин аст мунҳасиран дар шароити фавқулода иттифоқ биафтад ва фақат барои аҳдофи дифоӣ имкон хоҳад дошт.

Вай тавзеҳ дод: Сиёсати боздорандагии силоҳи ҳастаии Русия башиддат дифоӣ аст.

Захарова афзуд: Ҷанги ҳастаӣ наметавонад барандае дошта бошад. Набояд ҳаргиз боиси он шуд. Аммо доиман аз ҳамаи тарафҳои дигари баёнияи муштараки раҳбарони панҷ кишвари ҳастаӣ мехоҳем, ба худдорӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва ғайриқобили қабул будани рақобати ҳастаӣ мутааҳҳид бошанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Се кӯдак дар Амрико бар асари тирандозӣ кушта шуданд
“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад”

Матолиби пурбоздид