Рӯзона ҳалокати 500 нафар дар Амрико ба далели фақру тангдастӣ
Ахбори байналмилал
Бар асоси гузоришоти расонаҳои амрикоӣ, рӯзона беш аз 500 нафар дар ин кишвар, ба далели фақру тангдастӣ аз дунё мераванд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии Демукросии Нав, натоиҷи таҳқиқоти ҷадид дар маҷаллаи Анҷумани пизишкии Амрико нишон медиҳад, ки фақр пас аз бемориҳои қалбӣ, саратон ва бемориҳои ношӣ аз масрафи духониёт, чаҳорумин иллати аслии маргу мир дар Амрикост.
Бар асоси ин таҳқиқот, аз соли 2019 то кунун, марги ҳудуди 183 ҳазор нафар дар Амрико ба сурати мустақим ба фақр муртабит будааст ва ба баёни дигар, ба сурати миёнгин ҳар рӯз 500 тан дар Амрико ба иллати фақр ҷон медиҳанд.
Соли гузашта ҳудуди 41 миллион нафар дар Амрико мустаҳаққи истифода аз кумакҳои тарҳи изтирории ихтисоси маводди ғизоӣ ва хурокӣ шудаанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн