Рӯй овардани бесобиқаи мардуми масеҳии Руанда ба дини ислом
Ҳар моҳ як ҳазор нафар мусалмон мешаванд
Гузориши Алҷазира
Хабарнигори Алҷазира дар гузорише навишт:
Бо Марям, духтари 16-солаи аҳли Руанда, қарори дидор доштем. Вай ба ҳамроҳи модараш ҳозир шуд, дар ҳоле, ки ҳиҷоби комил дошт ва тибқи омӯзаҳои ислом бо меҳрубонӣ ва муҳаббат дар канори модараш қадам бармедошт, Марям се сол аст, ки ба дини ислом гиравидааст.
Қарори мулоқоти Марям бо хабарнигори Алҷазира дар меҳмонсаройи шайхи Раҷабу (Раҷаб), устоди ахлоқ дар Муассисаи ҳидояти исломӣ дар атрофи Кигалӣ, пойтахти Руанда буд, то достони мусалмон шудани худро таъриф кунад.
Марям, ки дар як хонаводаи масеҳӣ бо 4 хоҳар ва 2 бародар мутаваллид шудааст, мегӯяд: ман ва бародарон ва хоҳаронам аз рафтори дӯстони мусалмонамон таъсир пазируфтем ва ахлоқи волои онҳо назари мусбати моро ба худ ҷалб кард.
Афзун бар инҳо, шунидаҳо ва мутолеоти ман дар бораи нақши мусбати мусалмонон дар таърихи чандин даҳа пеш ва таърихи муосири Руанда мӯҷиб шуд, то ба таври доимӣ дар бораи дини ислом фикр кунам; дине, ки кам-кам ба қалби ман роҳ ёфт ва тамоми фикру зеҳни манро ба худ машғул кард, бинобар ин бо падару модари масеҳии худ дар бораи тамоюлам дар ислом овардан сӯҳбат кардам, ин тасмим барои онҳо душвор набуд ва хеле зуд бидуни он ки ба фикр фурӯ раванд, бетардид бо тасмимам мувофиқат карданд.
Ҳангоме, ки аз Муҳонивимо – модари Марям дар бораи дигар фарзандонаш суол шуд, бо лабханд посух дод: онҳо ҳам роҳи хоҳарашонро пай гирифта ва ҳама ислом оварданд. Дар ин замон, шайх Раҷаб, устоди ахлоқи Муассисаи ҳидояти исломӣ, ба арабии фасеҳ гуфт: бародар! Таъаҷҷуб накун, ин амре табиӣ дар Руанда аст, ҳама инҷо ҳақ доранд ҳар дине, ки мехоҳанд, дошта бошанд.
Марям тайи 3 сол тавонист ниме аз Қуръони Каримро ҳифз кунад, ҳамчунин акнун дар талош аст, то забони арабиро ёд бигирад, дар ҳоле, ки падару модари вай – ки дар андешаи гаравидан ба ислом ҳастанд – дар талош барои таъмини фазои муносиб ва оромишбахш барои фарзандонашон ба манзури анҷоми вазоифи динианд.
Як ҳазор нафар дар ҳар моҳ дар Руанда ислом меоваранд
Дар ҳамин робита, шайх Мӯсо Синдайгана, муфтии Руанда ва раиси Шӯрои олии умури исломӣ, дар мусоҳибае гуфт: “Ҳар моҳ дастикам 1 ҳазор нафар дар Руанда ислом меоваранд, пайдо кардани афроди мусалмон дар хонаводаҳои масеҳӣ дар Руанда, амре комилан табиӣ аст.”
Вай гуфт: “Он чи дар гаравидани мардум ба ислом таъсиргузор буда, баргузории мунозираҳои умумӣ байни донишмандони мусалмон ва ҳамтоёни масеҳии онҳост, ин мунозираҳо гоҳе се рӯз идома меёбад ва баъд аз он, шумори зиёде аз ҳозирон гаравидани худ ба исломро эълом мекунанд, акнун ҳудуди 8 муассисаи иршодӣ барои пазириши онҳо ва омӯзиши таолими исломӣ вуҷуд дорад.
Донишомӯзони як маркази динии ҳифзи Қуръон дар пойтахти Руанда
Шайх Мӯсо бо ишора ба фарҳанги ҳамзистие, ки дар Руанда миёни мусалмонон ва шаҳрвандони дигар ҳоким аст, гуфт: “Масеҳиёни ин кишвар Иди Фитр ва Иди Қурбонро дар канори мусалмонон ҷашн мегиранд ва аз мусалмононе, ки аз ҳаҷ меоянд, бо гул ва ширинӣ ва суруди маҳаллӣ истиқбол мекунанд.”
Вай бо тамҷид аз Пол Кагаме, раисиҷумҳури Руанда ва дигар мақомоти расмии кишвар, ки дарҳои кишварро ба рӯйи воизони мусалмон боз карданд, гуфт: “Онҳо иҷоза доданд, то воизон ва муршидони мусалмон озодона ба миёни мардум бираванд ва таъолими исломро густариш диҳанд ва мардумро ба гаравидан ба он даъват кунанд.”
Урдугоҳҳои нигаҳдории мусалмонон
Мусалмонони Руанда аз замони вуруди ислом ба ин кишвар дар беш аз 100 сол пеш ба дасти бозаргонони мусалмон дар вазъияти кунунӣ қарор надоштанд, балки онҳо мавриди ҳаҷмаи сиёсатҳои истеъмории Белжик буданд.
Истеъморгарони белжикӣ мусалмононро аз сохтани мадорис манъ мекарданд ва ҳар кас мехост дарс бихонад, бояд ба мадориси масеҳиён мерафт ва сипас маҷбур мешуд ибтидо номи худро тағйир диҳад, ки ин амр муқаддимаи тағйири динаш ҳам буд; амре, ки мусалмонон онро рад карданд ва аз бими масеҳӣ кардани фарзандонашон нагузоштанд онҳо ба ин мадорис бираванд.
Истеъморгарони белжикӣ ҳамчунин монеъ аз домдорӣ ва кишоварзии мусалмонон шуданд, ҳол он ки ин ду шуғл, муҳимтарин ҳирфа дар он замон буд, онҳо бо ин сиёсатҳо фақр ва гуруснагиро бар мусалмонони Руанда таҳмил карданд.
Белжикиҳои истеъморгар фаротар аз инҳо, мусалмононро водор ба зиндагӣ дар инзиво дар урдугоҳҳо карданд ва танҳо бо иҷозаи расмии мақомоти ҳоким иҷозаи хуруҷи мусалмонон аз урдугоҳҳоро медоданд, ин вазъият аз соли 1925 то 1962 яъне замони истиқлоли Руанда идома ёфт.
Мавзеи мусалмонон нисбат ба наслкушӣ
Давлатҳои паёпай дар Руанда ба вазъияти мусалмонон аҳаммияте намедоданд ва вазъият чунин боқӣ монд, то ин ки наслкушӣ дар соли 1994 рух дод, ки дар он нақши мусбати мусалмонон зоҳир шуд ва онҳо талоши зиёде барои муҳофизат аз аъзои ақаллияти Тутсӣ дар баробари ҳамалоти ифротиҳои Ҳуту анҷом доданд.
Ин мавзеъи мусбати мусалмонон таъсири бисёр мусбате бар раисиҷумҳур Кагаме ва умуми мардуми Руанда гузошт; амре, ки онҳоро бар он дошт, то аз мусалмонон қадрдонӣ кунанд ва ҷойгоҳи онҳоро, ки истеъмор ба дунболи таназзули он буд, иртиқо бахшанд.
Шайх Мӯсо дар ин бора гуфт: “Раисиҷумҳур чандин бор аз мусалмонон хост, то арзишҳо ва омӯзаҳои худро, ки мунҷар ба чунин мавозеъи дурахшоне ба ҳангом наслкушӣ шуд, тарвиҷ диҳанд.”
Балки ин бовар назди бисёре аз мусалмонон шакл гирифт, ки густариши арзишҳои исломӣ дар Руанда мунҷар ба коҳиши сатҳи ҷароим, мунозеъоти хонаводагӣ ва масрафи алкол мешавад, аз ин рӯ аз мусалмонон мехоҳанд арзишҳои худро дар ҷомеъа тарвиҷ диҳанд.
Акнун тибқи оморҳо, ҳудуди 15 дарсад аз ҷамъияти 15 миллион нафарии Руандаро мусалмонон ташкил медиҳанд ва раисиҷумҳури ин кишвар дастур дода, то Иди Фитр ва Қурбон ба унвони таътили расмӣ дар тақвими Руанда гунҷонда шавад.
Ҳамчунин бисёре аз мусалмонон мансабҳои баландпояе дар Руанда доранд монанди риёсати ситоди артиш, ноиби раиси порлумон, ду вазир дар давлат ва 7 намоянда ва сенотур ба ҳамроҳи чандин шаҳрдор ва мудири ниҳодҳои давлатӣ.
Алҷазира
Қаламонлайн