Сабаби паридану чаридани мурғе бо мурғе, ки ҷинси ӯ набуд

Адаб

Сабаби паридану чаридани мурғе бо мурғе, ки ҷинси ӯ набуд

Шарҳи Маснавӣ

Хулосаи достон

Фарзонае доно гуфт: рӯзе дар биёбон зоғеро дидам, ки бо лаклаке ҳамроҳ аст. Шигифтзада шудам ва бо худ гуфтам: аз чӣ рӯ ин ду ҳамроҳу ҳамдӯши якдигар шудаанд? Чӣ ваҷҳи иштироке миёни он ду вуҷуд дорад? Ба ҳар ҳол, дар атрофи ин масъала ба ҷустуҷӯ пардохтам ва вақте наздики он ду расидам, дидам пойи ҳар дуи онҳо ланг аст.

* * *

Маъхази ин достон ривояте аст, ки Фурӯзонфар аз матни арабии “Эҳёу улумид-дин” (ҷ.2, с.112) нақл карда, ки хулосаи тарҷимаи форсии он ин аст: Молик ибни Динор гӯяд, одамиён низ ҳамчун парандагонанд. Ду паранда ҳампарвоз намешаванд, магар он ки пайванде миёни онҳо бошад. Рӯзе калоғеро дидам, ки бо кабӯтаре ҳамроҳ шуда, шигифтзада шудам ва бо худ гуфтам: чӣ гуна аст, ки ин ду бо ин ки ҳамҷинсу ҳамшакл нестанд, ҳамбаста ва ҳамроҳи якдигаранд? Вақте ки он ду ба парвоз даромаданд, дидам, ки ҳар дуи онҳо ланганд.

* * *

Мавлоно дар ин ҳикоят низ масъалаи тақоруну таҷонусро тарҳ кардааст. Ӯ мегӯяд, агар мавҷуде бартар бо мавҷуде фурӯтар ҳамдӯшу ҳамроҳ шаванд, қатъан аз ваҷҳе бо ҳам нуқтаи муштарак пайдо кардаанд. Агар парандаи руҳи инсон алилу шикаста шавад, бо фурӯмоягон, ки табъе заминӣ доранд, дамсоз хоҳад шуд.

* * *

Он ҳакиме гуфт: дидам дар таке

Медавидӣ зоғ бо як лаклаке.

Ҳакиме чунин ҳикоят кард: дар биёбоне дидам, ки лаклаке бо зоғе ҳамроҳ шудааст.

Дар аҷаб мондам, биҷустам ҳолашон,

То чӣ қадри муштарак ёбам нишон.

Аз ин саҳна шигифтзада шудам ва ба ҷустуҷӯ дар ҳолу вазъияти он ду пардохтам, то нишонае аз он қадри муштарак ва иллати ҳамроҳӣ ва мусоҳибати он ду пайдо кунам.

Чун шудам наздик ман ҳайрону данг,

Худ бидидам, ҳардувон буданд ланг.

Вақте ки ман бо ҳайрату нодонӣ ба онон наздик шудам, дидам, ки ҳар дуи онҳо ланг ҳастанд, яъне шикастабол буданд ва наметавонистанд парвоз кунанд.

Хоса шаҳбозе, ки ӯ аршӣ бувад,

Бо яке ҷуғде, ки ӯ фаршӣ бувад.

Махсусан шаҳбозе, ки дар авҷи осмон ба парвоз дармеояд, бо ҷуғде ҳамроҳ шуда, ки ҷойгоҳаш замин аст.

Аршӣ ва фаршӣ: яъне осмонӣ ва заминӣ.

Он яке хуршеди иллиййин бувад

В-ин дигар хуффош, к-аз сиҷҷин бувад.

Он яке офтобе аст аз ҷаҳони барин ва он дигаре хуффоше аст аз чоҳи дӯзах.

Иллиййин: биҳишти барин, табақаи болои биҳишт.

Сиҷҷин: номи ҷойе дар дӯзах.

Нукта: Муқоисае аст тамсилӣ миёни аҳли ҳақ ва аҳли ботил.

Он яке нуре, зи ҳар айбе барӣ

В-ин яке кӯре, гадои ҳар даре.

Он яке нуре аст, ки аз ҳар айбу нақсе орӣ ва муназзаҳ аст ва ин яке нобиное аст, ки дари ҳар хонае гадоӣ мекунад.

Он яке моҳе, ки бар парвин занад

В-ин яке кирме, ки дар саргин зийад.

Он яке дар масал монанди моҳе аст, ки болотар аз Сурайё қарор гирифта ва ин яке ҳамонанди кирме аст, ки дар саргин зиндагӣ мекунад.

Он яке юсуфрухе, исонафас

В-ин яке гурге ва ё хар бо ҷарас.

Он яке дар масал монанди ҳазрати Юсуф (а) зеборухсор ва исодам аст ва ин яке монанди гург ва ё харе аст, ки бар гардан зангӯла дорад.

Он яке паррон шуда дар ломакон

В-ин яке дар коҳдон ҳамчун сагон.

Он яке дар олами бемакон ва номаҳдуд парвоз мекунад ва ин яке монанди сагҳо дар коҳдон мемонад.

Сайидюнус Истаравшанӣ

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Замин такон хӯрд, қалбҳои мо чӣ?
Маҷаллаи Экономист: «Дунё дар интизори ҷанг!»

Матолиби пурбоздид