Саволҳои кӯдакон ва посухҳои волидайн
Фарзандони мо гумон мекунанд, ки мо падару модарон ҷавоби ҳамаи саволҳои онҳоро медонем, ба ҳамин далел аз мо мепурсанд, онҳо эҳсос мекунанд, ки ҳар чиз иллате дорад ва кӯдаконамон бо савол пурсидан ба масоили мухталиф пай мебаранд.
Бинобар ин вақти кӯдаке аз модараш мепурсад: чаро он мард қадаш ин қадар баланд аст? – Тааҷҷубе надорад; гоҳе вақҳо кӯдак барои коҳиши изтиробу таниши худаш савол мепурсад.
Кӯдак аз ҳайвонот метарсад ва мепурсд: чаро он саг ин қадар садояшро баланд мекунад?
Гоҳе вақтҳо ҳам кӯдак шурӯъ мекунад ба ҳарф задан ва савол пурсидан то битавонад бо волидайнаш иртибот барқарор карда ва ба онҳо наздик шавад.
Дар бисёре аз маворид вақте падару модар посухи саволоти кӯдакро медиҳанд, ӯ дубора ҳамон саволро мепурсад ва ё ин ки аз онҳо дубора савол мепурсад ва мегӯяд, чаро волидайн мумкин аст аз ин ки маҷбуранд пайваста ҷавоби саволҳои фарзандашонро диҳанд, нороҳат мешаванд.
Гоҳе падару модарҳо воқеан намефаҳманд, ки кӯдакашон чӣ мехоҳад, чун бо тавзеҳоти онҳо қонеъ намешавад.
Бинобар ин беҳтар аст, қабл аз посух ба саволҳои кӯдак, аз онҳо савол бипурсед то бифаҳмед манзури онҳо чист ва онҳо воқеан чӣ аз шумо мехоҳанд.
Гоҳе кӯдак пайваста аз шумо савол мепурсад ва вақте ҷавоби ӯро медиҳед, дубора аз шумо савол мепурсад чун манзури шуморо нафаҳмидааст. Ӯ наметавонад чизҳое, ки худаш таҷриба накардааст, дарк кунад.
Нигариши кӯдак ба масоили мухталиф бо шумо тафовут дорад, ба ҳамин далел шумо бояд бо таваҷҷӯҳ ба синну соли ӯ посухи саволҳояшро бидиҳед.
Шумо ҳамчунин бояд омодагии шунидани саволҳои такрории кӯдакро дошта бошед, чун ӯ бояд як матлабро борҳо дар зеҳнаш такрор кунад то битавонад онро дарк кунад.
Кӯдакон маъмулан саволҳое мепурсанд, ки посух додан ба онҳо мушкил аст.
Рӯзе бачаи чаҳорсола аз дӯсташ пурсид, ки чаро онҳо фақат ду бача доранд. Модари он кӯдак дилаш намехост фарзандашро нороҳат кунад ва бигӯяд мо фақат дӯст доштем дуто бача дошта бошем, бинобар ин саволро ба кӯдак баргардонад ва аз ӯ пурсид, ту чаро фикр мекунӣ мо фақат дуто бача дорем? Кӯдак ҳам гуфт, чун дилатон хостааст!
Гоҳе кӯдакон саволҳое аз шумо мепурсанд, ки сабаби шармандагии шумо мешавад. Масалан вақте бо кӯдактон ба мағоза рафтаед, ӯ фарёд мезанад ва мегӯяд: чаро он мард ин қадар фарбеҳ аст? Кӯдак шояд намедонад, ки он мард аз шунидани ин масъала нороҳат мешавад.
Кӯдак бо дидани он мард тааҷҷуб карда ва чунин саволеро пурсидааст ва сабаби шармандагии шумо шудааст. Дар ин шароит беҳтар аст посухи кӯдакро хеле мухтасару муфид бидиҳед ва бигӯед: Худо вайро ин тавр офаридааст. Баъд саъй кунед мавзӯи баҳсро иваз кунед ва баъдан дар мавриди ин масъала бештар бо ӯ ҳарф бизанед.
Агар саволҳои кӯдакатон шуморо нороҳат мекунад, ба хотир дошта бошед, ки ҳамеша маҷбур нестед, ки посухи ӯро бидиҳед.
Гоҳе кофӣ аст дар таъйиди ҳарфҳои ӯ сарро такон диҳед ва бо ин кор ба ӯ нишон диҳед, ки ҳарфҳояшро фаҳмидаед. Вақте кӯдак огоҳ мешавад, ки ба ҳарфҳояш гӯш медиҳед ҳамин барояш кифоят мекунад.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: