Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи Эрон ба ин таҷовуз ҳатмӣ аст”

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи Эрон ба ин таҷовуз ҳатмӣ аст”

Ахбори байналмилал

Farsnews

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар маросиме, шаҳодати сардорон ва размандагони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар ҳамлаи режими ишғолгар ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқро таслият ва гуфт: “Посухи Эрон ба ин таҷовуз ҳатмӣ аст ва Исроил ҳаросон ва дар ҳолати омодабош дар қиболи посухи Эрон аст ва ин низ ҷузъе аз набард барои ба фарсоиш кашондани душман аз лиҳози руҳия ва моддӣ аст.”

Ба гузориши хабаргузории форс, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ Лубнон, имрӯз дар охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии Қудс ба суханронӣ пардохт.

Ӯ гуфт, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ки Имом Хумайнӣ (р) охирин ҷумъаи моҳи Рамазонро ба он ихтисос дод, рӯзе аст, ки дар он таъаҳҳуд, мавзеъ ва пойбандии худро ба муқовамат ва ормони он эълом мекунем.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома ба шаҳодати сардорон ва размандагони Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон дар ҳамла режими саҳюнистӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ишора кард ва гуфт, ки ин шуҳадо дорои ҷойгоҳи таърихӣ ва арзишманд дар масири муқовамат ҳастанд.

Сайидҳасан Насруллоҳ, таҷовузи режими ишғолгар дар Димишқро рӯйдоде донист, ки таҳаввулоти минтақаро ба баъд ва қабл аз худ тақсим кард.

Ӯ, бо ишора ба номгузории охирин ҷумъаи моҳи Рамазон аз сӯйи Имом Хумайнӣ (р) ба унвони Рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт, ки аз лиҳози шаръӣ ҳеч хадшае наметавон ба ин масъала ворид кард ва Имом Хумайнӣ (р) пеш аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ низ мавзеъи равшане дар хусуси режими саҳюнистӣ, Омрико ва мавзӯъи барқарории равобит бо ин режим дошт.

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин гуфт, ки мароҷеъи бузург муҷаввизи истифода аз бахше аз вуҷуҳоти шаръиро дар роҳи ормони Фаластин ва Қудс содир кардаанд, ки ин нишон аз умқи решаҳои динӣ ва мазҳабии ҳимоят аз Фаластин дорад.

Эрониҳо фиреби Омрикоро намехӯранд

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин ба тамҷид аз мавзеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи ормони Фаластин ва муқовамат пардохт ва гуфт, ки яке аз далоили аслии ҳамалот ва ҷангҳо алайҳи Эрон, мавзеъи ин кишвар дар қиболи Исроил ва Қудс ва муқовамати Фаластин аст.

Ӯ таъкид кард: “Эрон дар масири истодагӣ рӯйи мавзеъи худ, фидокориҳо ва ҳазинаҳои бузурге додааст ва то ин лаҳза ҳозир ба ҳеч дидори мустақим ва музокираи мустақиме бо омрикоиҳо нашудаст; омрикоиҳо ҳамвора аз омодагии худ барои музокираи мустақим сухан гуфтаанд, аммо эрониҳо фиреб намехӯранд.”

Сайидҳасан Насруллоҳ ба бахше аз таблиғоти расонаҳо ва маҳофили зидди муқовамат дар минтақа пардохт ва гуфт: “Гоҳе мешунавем, ки бо камоли вақоҳат мегӯянд, ки иттифоқоти минтақа намоиши Омрико ва Эрон аст ва ин ду кишвар нақшҳоро миёни худ тақсим кардаанд; онҳо наметавонанд пирӯзиҳои муқовамат дар минтақаро бовар кунанд ва аз ин рӯ ба таваҳҳум рӯй овардаанд, дар ҳоле ки ақибнишинии Исроил аз ҷануби Лубнон (дар соли 2000) ва Ғазза дар соли 2005) шикасти ин режим буд.”

Ӯ таъкид кард: “Мавзеъи Эрон возеҳ ва мустаҳкам аст ва хуни шуҳадои зиёде дар ин роҳ рехта шудааст; Эрон дар мавозеъи худ такягоҳи воқеии ҳамаи касоне аст, ки дар Фаластин ва Лубнон ва минтақа муқовамат мекунанд ва бо ҳимояти худ бисёре аз муъодилотро тағйир дода ва бисёре аз султаталабонро ба зер кашидааст.”

Сайид Насруллоҳ ҳамчунин ба роҳпаймоии азими имрӯз дар шаҳрҳои Эрон ишора кард ва гуфт, ки ҳузури миллати Эрон дар беш аз 2 ҳазор шаҳр нишон аз илтизоми мардуми ин кишвар ба мавзеъи худ дорад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон афзуд: “Бояд эҳсос кунем, ки робита бо Эрон мояи шарофат ва ифтихор ва каромат аст.”

Насруллоҳ таъкид кард, он ки бояд хиҷолат кашида ва шарманда бошад, касе аст, ки бо Исроил робита барқарор карда ва аз ӯ дифоъ мекунад. Ӯ бо хитоб қарор додани созишкорон гуфт: “Аз равобит бо Омрико, ки масъули тамоми ҷиноятҳо дар минтақа аст, хиҷолат бикашед!”

Исроил ақлашро аз даст додааст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”-ро рӯйдоде таъйинкунанда ва таърихӣ дар минтақа донист ва гуфт: “Бисёре аз мақомоти исроилӣ шунидаем, ки эътироф доранд аз соли 1948 ба ин сӯ чунин рӯйдодеро надида буданд ва мегӯянд, ки ҳаводиси мавҷуд бақои Исроилро дар доираи хатар қарор додааст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ, аз далоили аслии шикасти Исроил дар ҷанги Ғаззаро “ғайри ақлонӣ” будани он барои ин режим донист ва гуфт, ки Исроил аз рӯйи ақл вориди ин ҷанг нашудааст ва ин ки ба ҷанг идома медиҳад, нишон аз ин дорад, ки “ақлашонро аз даст додаанд”.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард, ки бо гузашти беш аз 6 моҳ аз ҷанг, Натонёҳу ҳамчунон аз ғалаба бар Ҳамос ва муқовамати Ғазза ва бозгардондани асирон оҷиз аст.

Насруллоҳ ҳамчунин бо ишора ба шароит ва мавқеияти байналмилалии режими ишғолгар гуфт, ки барои аввалин бор дар таърихи ин режим, аз соли 1948, Исроил эҳсос мекунад, ки ҳимояти байналмилалиро аз даст додааст ва бисёре аз кишварҳо дар ҳоли баррасии таваққуфи фурӯши силоҳ ба Исроил ҳастанд.

Ӯ ҳамчунин дархости Омрико барои таваққуфи ҷангро ба далели ҳимояти Вошингтун аз режими Исроил донист ва гуфт, ки Омрико шароити байналмилалиро алайҳи Натонёҳу ва Исроил мебинад.

Насруллоҳ афзуд: “Омрико ба далели ҳимоят ва пӯшиши Исроил бо гузашти 6 моҳ аз ҷанг дар шароити ногуворе аст; ҷанге, ки ҳеч кадом аз аҳдофи он муҳаққақ нашудааст ва аз сӯйи дигар Омрико бо интихоботи пеш рӯ мувоҷеҳ аст.”

Сайидҳасан Насруллоҳ сипас ба таҳдидоти сарони режими саҳюнистӣ ба барангехтани ҷанги фарогир дар Лубнон пардохт ва гуфт, ки ин таҳдидот ҳаргиз ба таваққуфи ҳамалоти муқовамат мунҷар нашуд ва мавзеъи муқовамати Лубнонро дар фишор алайҳи артиши ишғолгар тағйир надод.

Ӯ таъкид кард, ки ҷабҳаи Лубнон ҳамчунон ба ҳимоят аз Ғазза идома медиҳад.

Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин ба муқовамати Яман ишора кард ва гуфт: “Бародарони яманӣ тавонистаанд монеъи убури бисёре аз киштиҳо (ба самти банодири Исроил) шаванд ва тамоми ҳаросафкании Омрико ва Ангилис натавонистааст ин ҷабҳа ва дигар ҷабҳаҳоро мутаваққиф кунад.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Ҳангоме, ки ҷанг поён ёбад, режим дар баробари паёмадҳои бузурге аз ҷумла муҳокимаҳо ва истеъфоҳо қарор хоҳад гирифт, дар тамоми нишонаҳо ба вузуҳ сухани Имом Хоманаиро аз рӯзи аввал мебинем, ки фармуд: Исроил шикаст хоҳад хӯрд ва Ғазза пирӯз хоҳад шуд!”

Эрон бетардид посух хоҳад дод

Сайидҳасан Насруллоҳ бори дигар ба мавзӯъи таҷовуз ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ишора кард ва гуфт: “Посухи Эрон ба ин таҷовуз ҳатмӣ аст ва Исроил ҳаросон ва дар ҳолати омодабош дар қиболи посухи Эрон аст ва ин низ ҷузъе аз набард барои ба фарсоиш кашондани душман аз лиҳози руҳия ва моддӣ аст.”

Ӯ дар идома гуфт: “Бахше аз набард, ин аст, ки душман дар хусуси мушаххас шудани замон ва макон ва навъи посух, дучори фарсоиш ва заъф шавад; ҳамоқате, ки Натонёҳу дар ҳамла ба консулгарии Эрон муртакиб шуд, боби кушоиш ва яксара кардани набард ба нафъи Меҳвари Муқоваматро хоҳад гушуд.”

Силоҳҳое дорем, ки ҳанӯз истифода накардаем

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар бахши поёнии суханони худ ба сатҳи омодагӣ ва тавони муқовамати Лубнон пардохт ва гуфт, ки дастовардҳои муқовамат дар сатҳи заминӣ, дарёӣ ва ҳокимиятӣ мояи баракат барои тамоми лубнониҳо аст.

Ӯ гуфт, ки муқовамат дар болотарин сатҳи омодагӣ аст ва агар душмани саҳюнистӣ ҷанге алайҳи Лубнон ба роҳ андозад, бешак пушаймон хоҳад шуд.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “Муқовамати Лубнон ҳаросе аз ҷанг надорад ва комилан омодаи ҳар ҷанге аст, мо силоҳҳое дар ихтиёр дорем, ки то ин лаҳза алайҳи Исроил истифода накардаем, ба онҳо мегӯем, ки агар дунболи ҷангафрӯзӣ ҳастед, мо ҳам омодаем ва медонем, ки душман ба авоқиби ҷанг бо Лубнон ба хубӣ огоҳ аст.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар поён гуфт, ки муқовамати Лубнон дар ҷанг алайҳи ишғолгарон шакку тардиде ба худ роҳ нахоҳад дод ва ин набард то пирӯзии муқовамати Ғазза идома хоҳад дошт.

Farsnews

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бозии хатарноки Исроил бо Эрон
Ҳушдори Эрон ба Омрико

Матолиби пурбоздид