Сайидҷамолуддини Асадободӣ
Ҷаҳони ислом дар қарни 19 ва 20, бо мушкилоте ҳамчун ҷаҳлу ноогоҳӣ, зулму ситам, ҳуҷуми истеъморгарон ва ғайра рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароити таърихӣ, шахсияте по ба арса гузошт, ки зимни огоҳӣ аз улуми исломӣ, ирфон ва фалсафа, аз улуми ҷадид ва донишҳои муосир ва моҳияти муносибот ва муодилаҳои ҷаҳонӣ бохабар буд ва ба забонҳои хориҷӣ тасаллут дошт. Бинобар ин, ба далели рафту омадҳои тӯлонӣ бо ҳукуматдорони кишварҳои исломӣ ва иқомат дар Эрон, Афғонистон, Ҳинд ва Миср, бо масоил ва чолишҳои онҳо ошно шуд ва ба ин натиҷа расид, ки омили асосии заъфи ин кишварҳо, дахолати истеъморгарон аст ва барои рафъи ин мушкил кишварҳои исломӣ бояд бо якдигар муттаҳид шаванд. Ин шахсият, Сайидҷамолуддини Асадободӣ буд.
Таваллуд ва аслу маншаи Сайидҷамол
Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ, дар соли 1839 мелодӣ дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Сайидсафдар ва модараш Сакинабегим духтари Миршарафуддин Ҳусайнии қозӣ буд.
Аслу маншаи ӯ маҷҳулу мактум монда ва чун шӯҳраташ “Афғонӣ” буда, ҷамъе ӯро аз Асадободи Кобул ва аз содоти ҳусайнии муқими Афғонистон медонанд ва гурӯҳе низ аз ҷумла Лутфуллоҳи Асадободӣ, хоҳарзодаи Сайидҷамол, ӯро аз мардуми Асадободи Ҳамадони Эрон медонад.
Таҳсил дар Эрон ва Ироқ
Сайидҷамол дар кӯдакии худ ба суръат дар улуми исломӣ мутабаҳҳир шуд ва дар илми ҳикмат, риёзӣ ва нуҷум ва ғайра дасте пайдо кард. Дар илми таърих иттилооти кофӣ ба даст овард ва дар 10-солагӣ Қуръони Маҷид ва муқаддимоти онро фаро гирифт. То ин ки пас аз гузарондани таҳсилоти ибтидоӣ дар 1849, ба ҳамроҳи падару модари худ ба Қазвин рафт ва пас аз 2 сол зиндагӣ ва таҳсил дар онҷо, ба ҳамроҳи хонаводааш раҳсипори Теҳрон шуд ва дар хонаи Сулаймонхон, ҳокими Асадобод сокин шуданд.
Сайидҷамол дар Теҳрон бо Сайид Муҳаммад Содиқи Сангалҷӣ, муҷтаҳиди онҷо, ошно мешавад. То ин ки аз Теҳрон озими Ироқ мешавад. Дар миёнаи роҳ дар Буруҷерд се моҳ дар манзили Ҳоҷӣ Мирзо Маҳмуди Буруҷердӣ иқомат мекунад ва аз онҷо ба Ироқ меравад ва дар Наҷаф ва Карбало дар маҳзари уламо махсусан Шайх Муртазо Ансорӣ ҳозир мешавад.
Сайидҷамол дар муддати чаҳор сол таҳсилоташро ба поён мерасонад ва дар илми тафсир, ҳадис, ҳикмат ва мантиқ ва ғайра, аз устодони фан баҳра мебарад, ки тамоми махориҷаш низ дар ин муддат, бар ӯҳдаи Шайх Муртазо Ансорӣ буд.
Сайру сафар дар сарзаминҳои исломӣ барои иттиҳоди ҷаҳони ислом
Асадободӣ дар 16-солагӣ ба Эрон бозгашт ва дар Бушеҳр муддате иқдомат гузид ва аз роҳи Бушеҳр раҳсипори Ҳинд шуд. Як солу ним дар онҷо иқомат дошт ва ба фаро гирифтани риёзӣ ва бархе дигар аз улум пардохт. Чанд моҳе дар Калкатта манзили Ҳоҷӣ Абдулкарим буд ва аз онҷо ба Макка рафт. Сипас муддате дар Ҳиҷоз монд ва дар хусуси иттиҳоди мусалмонони дунё, бо уламо ва руасои мазҳабӣ музокира кард.
Сайидҷамол аз Макка барои бори дуввум ба Наҷаф ва Карбало рафт ва сипас ба азми Хуросон ва Афғонистон аз Ироқ берун рафта се шаб дар зодгоҳи хеш Асадобод таваққуф кард ва аз онҷо озими Теҳрон шуд. Чанд моҳе дар онҷо монд, бо Мирзо Бобои Заҳабӣ, сарсилсилаи Заҳабия мулоқоте дошт ва пас аз он озими Хуросон шуд. Дар миёни роҳ тоифае аз туркманҳо, ки амволи зоиронро ғорат карда буданд, пас аз мулоқот бо Сайидҷамол, узрхоҳӣ карда ва амволи онҳоро пас доданд.
Асадободӣ сипас ба тарафи Афғонистон ҳаракат кард ва бо амири Кобул ҳамроҳ шуд. Қариб ба 5 сол дар он мамлакат сукунат ихтиёр кард ва муддате мушовиру ҳамкори наздики Дӯстмуҳаммад, амири Афғонистон буд ва пас аз даргузашти ӯ ва даргирӣ ва ҷанг миёни ҷонишинонаш, яъне Шералӣ ва фарзандони Дӯстмуҳаммад, ҷониби яке аз писарони Дӯстмуҳаммад ба номи Муҳаммад Аъзамро гирифт. Муҳаммад Аъзам аз Шералӣ шикаст хӯрд, ба Эрон гурехт ва дар Теҳрон даргузашт, аммо Сайидҷамол дар Афғонистон монд ва ба воситаи ҳақгӯиҳо мавриди интиқоми Шералӣ воқеъ нашуд, то ин ки муддате баъд, аз Афғонистон ба азми ҳаҷ хориҷ шуд.
Мақолоте дар бораи иттиҳоди мусалмонон дар “Ҳаблул-матин” ва фаъолият дар Истонбул
Сайидҷамолуддин дар 1868 мелодӣ аз роҳи Ҳинд озими ҳаҷ шуд, як моҳ дар Ҳинд иқомат дошт ва дар “Ҳаблул-матин” мақолаҳое дар бораи иттиҳоди мусалмонон навишт. Дар он муддат аз тарафи ҳукумат аз рафту омад мамнӯъ буд ва баъд, маъмурони ангилисӣ иқомати Сайидро дар Ҳинд салоҳ надиданд ва Сайид озими Миср шуд. Дар Миср 40 рӯз дар ҷомеаи Алазҳар бо уламои онҷо мулоқот кард. Дар ин сафар бо Шайх Муҳаммад Абдуҳ, муфтии Миср (ки баъдҳо пеши Сайид дарс хонд) ошно шуд. Сайид аз рафтан ба Макка мунсариф ва ба Истонбул рафт.
Дар Истонбул аз тарафи риҷоли давлати Усмонӣ ва махсусан Олипошшо, садриаъзам, мавриди истиқбол қарор гирифт ва ба далели ин ки бо бархе аз пешравони ислоҳоти фарҳангӣ ва омӯзишии усмонӣ дар давраи танзимот (асри ислоҳот дар Усмонӣ) ошно буд, онон ҳузури Сайидро ҳам ба далели иттилооташ аз улуми қадима ва ҳам тараққихоҳӣ ва ошноӣ бо маорифи урупоӣ, дар ҷамъи худ муғтанам мешумурданд.
Дар ҳамин замон воқеае дар тайи иқомати Сайид дар Истонбул сабаб шуд, ки вазъ ба муроди ӯ дарнаёяд, ва он ин ки ба муносибати кушоиши Дорулфунуни Истонбул, ки қарор буд маркази густариши улуму фунуни ҷадид бошад, суханрониҳое аз тарафи таҷаддудхоҳон дар мавзӯъҳои гуногун барои ҳамагон баргузор шуд ва Сайидҷамол, ки ба узвияти Шӯрои олии омӯзишӣ мансуб шуда буд, яке аз ин суханрониҳоро дар боби пешрафти улуми санъатӣ эрод кард. Суханронии Сайидҷамол дастовезе барои шайхулислом Фаҳми Афандӣ ва дигар руҳониюни иртиҷоъии усмонӣ фароҳам кард ва баҳонае муғтанам барои барангехтани эҳсосоти мазҳабӣ бар зидди низоми тозаи омӯзишӣ барои ӯ ба вуҷуд овард ва дар натиҷа андаке пас аз ин воқеа Сайидҷамол аз Истонбул ихроҷ шуд.
Иттиҳоди мусалмонон алайҳи истеъмор дар Миср
Асадободӣ дар соли 1870 ба Қоҳира рафт. Дар онҷо буд, ки пурсамартарин давраи зиндагии худро оғоз кард. Ба ин сурат, ки дар Алазҳар ба тадриси улуми мухталифи исломӣ пардохт. Дар миёни пайравону муридони Сайидҷамол дар Миср, метавон аз Шайх Муҳаммад Абдуҳ, ки пешвои ҷунбиши таҷаддудхоҳии динӣ буд ва низ аз Саъд Зағлул, бунёнгузори ҳизби “Вафд” ва раҳбари пайкори мисриён дар роҳи истиқлоли миллӣ, ёд кард.
Ҳамчунин дар ҳамин давра ҷунбиши меҳанпарастонаи мисриён бар зидди дахолатҳои Ангилис ва Фаронса нерӯ гирифт ва саранҷом бо қиёми Аъробипошо ба авҷи худ расид ва Сайидҷамол дар раҳбарии ин ҷунбиш саҳми бузурге дошт. Бахусус, ки бисёре аз нависандагон ва рӯзноманигорони мисрӣ, ки дар басиҷ кардан ва бедории афкори умумӣ мекӯшиданд, аз муридони Сайид буданд.
Сайидҷамол, ки дар мусофиратҳои худ ба ҳадафи аслиаш яъне иттиҳоди мусалмонони дунё машғул буд, дар Миср ба ин кор муваффақ шуд ва анҷумане ба номи “Маҳфили ватанӣ” таъсис кард ва бо як маромномаи бисёр олӣ ва ба тамоми маъно исломӣ, ба кор машғул шуд, то он ҷо, ки рӯз ба рӯз ба афроди анҷуман афзуда мешуд ва дар андак замоне ин маҳфил шӯҳрати ҷаҳонӣ ба даст овард. Аммо беш аз 10 моҳ аз умри “Маҳфили ватанӣ” нагузашта буд, ки сару садое баланд шуд ва мунҷар ба инҳилоли он шуд. Саранҷом, ба далели таҳрикҳои ангилисиҳо ва мухолифати баъзе аз шахсиятҳои муҳофизакори Алазҳар ва иддае аз вузаро, Сайидҷамол аз Миср ихроҷ шуд.
Иттиҳоди мусалмонон дар Ҳинд
Асадободӣ пас аз манъи иқомат дар Миср, бо шогирди худ Абӯтуроб Ориф Афандӣ раҳсипори Ҳинд шуд. Дар Ҳайдаробод монд ва ба хоҳиши Муҳаммад Восил, мударриси риёзии мадрасаи Аъизза, “Рисолаи Ничерия”-ро дар радди даҳрия навишт, ки дар Бомбаӣ чоп шуд ва “Таърихул-афғон”-ро ба арабӣ иншо кард.
“Рисолаи Ничерия” бар зидди тафаккуроти Сайид Аҳмадхон, мутафаккири ҳиндӣ, буд. Чун Сайид Аҳмадхон ба унвони ҳавохоҳи сиёсати Ангилис дар Ҳинд шинохта шуда буд, Сайидҷамол миёни андешаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ӯ фарқе нагузошта, нияти Сайид Аҳмадро бар хилофи зоҳири гуфтаҳои ӯ, тазъифи ислом дониста ва такяи Сайид Аҳмад бар фитрату табиат инсонро нишони даҳригарии ботинии ӯ шумурд.
Сайидҷамолуддин дар охирҳои 1881 пеш аз лашкаркашии Ангилис ба Миср, аз тарафи ҳукумати Ҳинд ба Калкатта эҳзор шуд, мақомоти Ангилис, ки дар ҳама ҳол аз ӯ бимнок буданд, ӯро дар Калкатта чандон нигаҳ доштанд, то муқовимати Аъробипошо (дар Миср) яксара дарҳам шикаста шавад ва Ангилис бар Миср мусаллат шуд, то ин ки Сайидҷамол дар ҳудуди 1882 аз Калкатта ба Ландан ва пас аз андаке таваққуф, раҳсипори Порис шуд.
Интишори “Урватул-вусқо” ва иттиҳоди мусалмонон дар Порис
Он чи аз фаъолиятҳои Сайид дар Порис шоёни таваҷҷӯҳ аст, нахуст ҳамкории ӯ бо Шайх Муҳаммад Абудуҳ дар нашри рӯзномаи “Урватул-вусқо” буд. Нахустин шумораи “Урватул-вусқо” дар 13 марти соли 1884 мунташир шуд ва нашри он то 18 шумора давом ёфт. Мақолоти ин рӯзнома ба забони арабӣ ва фаронса буд ва бештар рӯи иттиҳоди ҷомеаи мусалмонон ва ҳамла ба мақосиди давлатҳои истеъморгар такя дошт.
Бо интишори ин маҷалла, ки дар тамоми мамолики исломӣ ва шарқ тавзеъ мешуд, инқилоби аҷибе дар дунёи ислом ба вуҷуд омад ва саранҷом давлати Фаронса ба фишору исрори давлати Ангилис ҳукм ба таътилии ин маҷалла дод. Сайидҷамол Англисро на танҳо қудрати истеъморӣ, балки душмани сарсахти мусалмонон медонист ва мӯътақид буд, ки ҳадафи Ангилис нобудии ислом аст.
Вай дар Порис бо фирориёни сиёсии мисрӣ дидор мекард ва бо яке аз озодихоҳони мисрӣ ба номи Ҷемс Сонуро маъруф ба Абӯназзора, ки аслан калимӣ буд ва фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ дошт, ошно мешавад.
Сайидҷамол илова бар интишори мақолот дар нашрияи Абӯназзора ва эътироз бар нуфузи Ангилис дар Миср, фаъолиятҳои шадидтари дигаре низ дар ҳамин замина дошт. Барои намуна, номаҳои таҳдидомезе бо имзои мустаори “Алмунтақим” ба Сэр Ивлин, раиси кулли қувваҳои Миср ва Эдворд Молт, намояндаи сиёсии Ангилис дар Қоҳира мефиристад ва дар он номаҳо онҳоро водор ба тахлияи ҳар чи зудтари Миср мекунад ва назири ҳамин номаҳоро барои Шарифпошо низ ирсол мекунад.
Дифоъ аз ислом дар муқобили Эрнест Ренон
Сайидҷамол ҳангоме, ки дар Порис буд, бо Эрнест Ренон, таърихнигор ва нависандаи фаронсавӣ мукотиботе дошт. Ба ин сурат, ки Эрнест Ренон дар суханронии худ бо унвони “Ислом ва илм” дар Донишгоҳи Сурбун, ки баъд матни он дар журноли Дебот (Journal des Debats) чоп шуд, гуфта буд, ки ислом бо руҳи илмӣ ва фалсафӣ мухолифати асосӣ дорад ва хусусан аъроб ба таври зотӣ аз фаро гирифтани илму фалсафа нотавон ҳастанд. Он чи аз илму фалсафа низ дар ҷаҳони ислом пайдо шудааст, ба ҳиммати мардуми ғайриараб ба миёни мусалмонон роҳ ёфтааст. Пас аз интишори ин мақола, иддае аз равшанфикрон ва мутафаккирони мусалмон ба он посух доданд. Посухи Сайидҷамол, ки нахуст ба забони арабӣ навишта шуда буд ва баъд ба забони фаронса баргардонда шуд, бозтоби васеътар аз ҳама дошт.
Посухи Сайид, ки пеш аз гуфтаи Ренон, бо тарзи фикри илмии урупоиён дар рӯзгори ӯ созгор менамуд, ин буд, ки таърихи ҳар қавмро бояд ба сурати ҷунбише нигарист, ки дорои мароҳилу маротиби гуногун аст ва дар бораи ҳар хусусияте аз он қавм, бо таваҷҷӯҳ ба марҳилаи таърихии хосси бурузи он хусусият, доварӣ кард ва ҳеч рафтору хислатеро зотии як қавм набояд донист. Сайидҷамол бар асоси ин асл, ҳар 2 ақидаи Ренонро рад мекунад. Сайидҷамол дар идома унвон мекунад, ки дуруст аст, ки урупоиён имрӯза дар хираду донишу ҳикмат аз мусалмонон бартаранд, лекин ин амр на маълули нубуғи зотии урупоиён, балки ҳосили тасодуфе таърихӣ аст. Бад-ин маънӣ, ки чун дини Масеҳ 6 қарн пеш аз дини ислом зуҳур кард, марҳилаи пухтагӣ ва булуғи ҷомеаи пайравони он зудтар аз ҷомеаи мусалмонон фаро расидааст. Бад-ин ҷиҳат бояд умедвор буд, ки мусалмонон низ рӯзе занҷирҳоро бигсаланд ва дар роҳи тараққӣ гом бардоранд.
Дар ин айём мақомоти Ангилис дар садад баромаданд, то аз андешаи иттиҳоди ҷаҳони исломи Сайидҷамол ба суди мақосиди истеъмории худ баҳрабардорӣ кунанд, чун дарёфтанд, ки ӯ бо Маҳдии Судонӣ мукотиба дорад, аз вай хостанд, то воситаи сулҳ миёни ӯ ва англисиҳо шавад. Бад-ин манзур Сайидро ба Ландан фаро хонданд, аммо чун аз ӯ бимнок буданд, саранҷом раҳояш карданд ва Сайидҷамол ба Порис бозгашт ва аз онҷо ба тарафи Наҷд ва Қатиф ва Яман ҳаракат кард, то хилофати исломии мутамаддине дар он ноҳияҳо ба вуҷуд оварад ва асбоби иттиҳод миёни мусалмонони Эрон, Туркия ва Афғонистонро фароҳам созад.
Вуруди муҷаддад ба Эрон
Сайидҷамол дар идомаи сафарҳои худ барои иттиҳоди ҷаҳони ислом, дар соли 1886 вориди Бушеҳр шуд, Носируддиншоҳи Қоҷор, ки шарҳи таблиғоту амалиёти Сайидро шунида буд, тавассути Эътимодуссалтана Муҳаммад Ҳасанхон, ӯро ба Теҳрон даъват кард. Дар Исфаҳон Масъуд Мирзо Зиллуссултон, ҳокими онҷо, пазироии шоёне аз ӯ ба амал овард ва тақозо кард, ки Сайидҷамол барои валиаҳдии ӯ кӯшиш кунад. Сайидҷамол пас аз 10 рӯзи мондан дар Исфаҳон, ба тарафи Теҳрон ҳаракат кард ва дар 19 декабори 1886 бо истиқбол вориди Теҳрон шуд. Чаҳор моҳ дар манзили Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳасанхони Аминуззарб сукунат дошт ва мардумро ба озодихоҳӣ ва машрутаталабӣ даъват мекард. Вай дар ин муддат чанд бор бо Носируддиншоҳ дидор дошт, аммо чун бепарво аз харобии авзоъ ва зарурати ислоҳот ва барқарории ҳукумати қонун сухан мегуфт, шоҳ аз ӯ бимнок шуд ва пас аз муддате дигар ӯро назди худ напазируфт ва Сайидҷамол аз Теҳрон роҳии Русия шуд.
Иттиҳоди мусалмонон дар Русия
Сайидҷамол чанд рӯз дар Қафқоз меҳмони Муҳаммадалихони Кошӣ буд дар онҷо муддате монд, то Аминуззарб низ аз Теҳрон расид ва ба иттифоқи ҳам ба Маскав рафтанд. Дар Маскав 2 ҳафта дар хонаи Оқо Мирзо Неъматуллоҳи Исфаҳонӣ, ки баъдҳо консули Эрон дар он шаҳр шуд, меҳмон буданд.
Сайидҷамол 2 сол дар Маскав ва Петерзбург иқомат дошт. Бо Конкуф, мудири як ҷарида мулоқот кард ва кӯшид, то зимомдорони Русияро ба иттиҳод бо милали мусалмон ва ҳамла ба Ҳинд водорад, аммо чун дар мақосидаш тавфиқе наёфт, раҳсипори Олмон шуд. Сайид дар муддати иқомати худ дар Русия иҷозаи чопи Қуръонро аз имперотурии Русия мегирад, аммо дар охир маъмурони давлать бо ӯ ҳамроҳӣ намекунанд.
Дидор дар Олмон бо шоҳи Қоҷор ва вуруд ба Эрон
Сайидҷамол дар 1888 ба Олмон рафт ва дуруст дар ҳамон айём Носируддиншоҳ барои дидани намоишгоҳ ба Порис мерафт, ки дар Муних (Мюнхен) бо Сайид дидор кард ва аз рафтори гузаштааш пӯзиш хост ва ӯро ба Теҳрон фаро хонд. Ба ҳамин далел ҳам Асадободӣ андаке пас аз бозгашти шоҳ, ба Теҳрон омад ва ин бор низ дар манзили Аминуззарб иқомат дошт, аммо ҳамчунон бепарво аз фасоди давлат ва ғафлати шоҳ сухан мегуфт. Ба ҳамин сабаб гурӯҳи бисёре аз мардуми ситамдида гирди ӯро гирифта ва ба гуфтаҳояш гӯш фаро медоданд. Пас аз се моҳ Носируддиншоҳ фармон дод, ки Сайид аз Теҳрон ба Қум биравад, аммо ӯ ба Рай рафт ва дар Ҳазрати Абдулазим муддати ҳафт моҳ нишаст. Мардум дар онҷо низ гирди ӯ ҷамъ мешуданд ва барои раҳоӣ аз тирарӯзиҳои худ аз ӯ истимдод меҷустанд, то ин ки саранҷом дар 1890 маъмурони давлатӣ Сайидҷамолро ба зӯр аз Ҳазрати Абдулазим берун кашиданд ва дар сармои зимистон ба тарафи марзи Усмонӣ дар Хониқин ҳаракат доданд.
Талош барои ҳимояти ислом ва маҳви решаи зулм
Сайидҷамол аз Хониқин ба Басра рафт ва дар Басра бо Ҳоҷӣ Сайид Алиакбари Шерозӣ, аз уламои Эрон, ки табъид шуда буд, мулоқот кард. Тавассути ҳамин Шерозӣ буд, ки рисолаи арабиии мавсум ба “Ҳуҷҷатул-болиға” ва “Ҳамлатул-қирон”-ро аз Басра ба Ҳоҷӣ Мирзо Ҳасани Шерозӣ ва дигари уламо ва муҷтаҳидони Карбало ва Наҷаф ва Сомирро мабнӣ бар ҳимояти ислом ва маҳви решаи зулм ва қатъи нуфузи аҷнабиҳо навишт, ки баъдҳо дар Ландан худи Сайид онро ба табъ расонд. Ба далели ин ки Сайид руҳониюни Наҷаф ва Карбалоро бар зидди дарбори Эрон бармеангехт, сафири Эрон дар Усмонӣ аз мақомоти он кишвар хост, ки вайро аз наздики марзҳои Эрон ба ҷои дуртаре мунтақил кунад.
Асадободӣ пас аз муддате аз Басра ҳаракат кард ва дар 1891 вориди Ландан шуд. Вай масъала ва мавзӯи инҳисори духониётро ба унвони мадрак матраҳ кард ва дар маҳофили умумӣ шурӯъ ба эроди нутқ ва хитобаҳое роҷеъ ба авзоъи вахими Эрон ва сафоҳату ҷаҳолати зимомдорони он эрод кард ва дар ҷаридаҳо мақолоте ба сурати мусоҳиба ва ғайра ба ангилисӣ интишор медиҳад ва бо Мирзо Малкумхон, ки дар он замон аз сафорати Эрон маъзул шуда буд, дидор мекунад.
Сайидҷамол рӯзномае ба номи “Зиёул-хофиқин” дар Ландан доир кард ва дар ҳар шумораи он бо имзои Ассайидул-Ҳусайнӣ мақолоти тунде бар зидди шоҳ ва давлати Эрон мунташир кард. Мақолаи шумораи аввали он роҷеъ ба харобии авзоъи Эрон буд ва шумораи дуввум мактуберо, ки худи Сайид хитоб ба ҳамаи уламои бузурги Эрон, ки онҳоро ба халъи Носируддиншоҳ таҳрик карда буд, мунташир кард. Чанде нагузашт, ки мақомоти ангилисӣ ин рӯзномаро низ таътил карданд ва Сайидҷамолуддин дар миёнаҳои 1892 ба даъвати Султон Абдулҳамиди дуввум роҳии Истонбул шуд.
Дар Истонбул
Султон Абдулҳамиди дуввум, ки умедвор буд аз нуфузи Сайид дар миёни милали исломӣ ба суди эҳёи хилофати Усмонӣ истифода кунад, вайро ба назди худ хонд ва дастур дод, ки Сайид ба уламои руҳонии шиъа дар Эрон номае навишта ва онҳоро ба иттиҳоди ҷаҳони ислом даъват кунад. Сайид ҳудуди 4 солу 9 моҳ дар Истонбул иқомат дошт. Дар онҷо фикри иттиҳоди исломиро, ки аз муддатҳо қабл дар сараш буд таъқиб кард ва анҷумане аз донишмандони шиъамазҳаби эронӣ ва ғайра ташкил дод, аммо тӯле накашид, ки уламои суннӣ бавежа Абулҳудо Афандӣ, қозиюлқузоти Истонбул, ки худро нахуст аз тарафдорони Сайид нишон медод, чандон назди Султони Усмонӣ аз ӯ бадгӯӣ карданд, ки саранҷом Султон Сайидҷамолро зери назар гирифт.
Даргузашт дар Истонбул
Дар ҳамин айём, ки Сайидҷамол дар Истонбул буд, Носируддиншоҳ ба зарби гулӯлаи Мирзо Ризои Кирмонӣ, аз шогирдони Сайидҷамоуддин кушта шуд. Давлати Эрон аз мақомоти Усмонӣ хост, то Сайид ва ёрони эронии ӯ чун Шайх Аҳмади Руҳӣ, Мирзооқохони Кирмонӣ ва Мирзо Ҳасанхони Хабирулулкро дар марз ба маъмурони эронӣ таслим кунад, аммо давлати Усмонӣ дархости истирдоди Сайидро рад кард, дар сурате, ки ёронашро пас аз муддате ба Тробузон табиъд кард ва саранҷом дар марз ба намояндагони Эрон таҳвил дод ва Муҳаммадалӣ Мирзо, валиаҳд низ ононро дар Табрез эъдом кард.
Саранҷом Сайидҷамолуддин низ, ба ривояте, дар Усмонӣ масмум шуд ва пас аз муддате чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Пайкари ӯ ба гӯристони “Шайхлар Мазорлиқи” бурда ва ба хок супурда шуд.
Худо раҳмат кунад ин сайиди бузургворро!
Манобеъ:
Кирмонӣ, Нозимулислом. Таърихи бедории эрониён;
Сафоӣ, Иброҳим. Раҳбарони машрута;
Асадободӣ, Мирзо Лутфуллоҳхон. Шарҳи ҳол ва осори Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ;
Тақизода, Сайидҳасан. Сайидҷамолуддини Асадободӣ маъруф ба Афғонӣ;
Мударрисӣ, Муртазо. Сайидҷамолуддин ва андешаҳои ӯ;
Ансорӣ, Муртазо. Зиндагонӣ ва шахсияти Шайхи Ансорӣ;
Восиқӣ, Садр. Сайидҷамолуддин Ҳусайнӣ, поягузори неҳзатҳои исломӣ;
Хусравшоҳӣ, Сайидҳодӣ. Маҷмӯаи комили асноди Вазорати хориҷаи Ангилис дар бораи Сайидҷамолуддини Асадободӣ;
Касравӣ, Аҳмад. Таърихи машрутаи Эрон;
Маликзода, Маҳдӣ. Таърихи инқилоби машрутияти Эрон.
Irna
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: