Сайре дар сираи набавӣ – I I

Таърих

Сайре дар сираи набавӣ – I I

Бахши дуввум

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дебоча (2)

б) Мавҷи исломӣ:

Ҳар ҳодисае дар ҷаҳони табиат (хоҳ табиати беҷон ё табиати ҷондор) ҷунбише меофаринад ва мавҷе гирдогирди хеш ба вуҷуд меоварад. Балки ҳар ҳодисае худ мавҷе ва ҷунбише аст, ки бар сатҳи ин уқёнуси бекарон намудор мегардад.

Ин уқёнус, ки мо онро бо номҳои ҷаҳон, табиат, гетӣ ва ғайра мехонем ва аз тӯлу арзу умқи он фақат Худо огоҳ аст, ҳамвора аз даруни хеш амвоҷе бурун мефиканад ва ҷунбишҳое тавлид мекунад. Он чи бар мо аз ин уқёнус намудор мешавад ва дар ҳитаи ҳавосси мо қарор мегирад ва ақли мо дар ҷустуҷӯи кунҳ ва моҳияти онҳо бармеояд — аз назаре — ҳамин амвоҷ ва чину шиканҳост, ки онҳоро “ҳодиса” мехонем ва номҳои мухталиф бар онҳо мениҳем ва дар ҷустуҷӯи маърифати онҳо бармеойем. Агар ин амвоҷ ва чину шиканҳо ва ба иборати дигар, агар ин “тааюнот” намебуд, роҳе барои маърифат набуд, зеро нишоне набуд, балки табиат ва ҷаҳоне дар кор набуд. Чӣ, ҷудоии табиат аз ҷунбишу тамаввуҷ имконпазир нест.

Ҳамин нишонаҳо ва аломатҳо ва печу хамҳо ва нишебу фарозҳост, ки ба ҳавосси мо имкони аксбардорӣ аз ашё медиҳад ва он аксу тасвирҳо ба дасти қозии ақл супурда мешавад.

Аз ин рӯ, ҳар чизе дар табиат то ҳаст, мутамаввиҷ аст ва дар ҷунбишу такопӯст ва то мутамаввиҷ аст ва дар такопӯст ҳаст. Бемавҷӣ ва беҷунбишӣ мусовии нестӣ аст:

Соҳили афтода гуфт: гарчи басе зистам,

Ҳеч на маълум шуд, оҳ, ки ман чистам.

Мавҷи зи худ рафтае тез хиромиду гуфт:

Ҳастам, агар меравам, гар наравам, нестам.

(Иқболи Лоҳурӣ)

Амвоҷ тибқи хоссияти зотии худ, ба маҳзи пайдоиш, рӯ ба вусъату густариш мениҳанд; мутаволиян (пай дар пай) бар вусъати доираи хеш меафзоянд ва фосилаи муҳиту марказро бештар мекунанд. Ва аз тарафи дигар, ба ҳар нисбат, ки бар вусъати доираи худ меафзоянд, аз қуввату шиддати тӯли онҳо коста мешавад; тадриҷан заифу заифтар мегарданд ва тӯлашон каму камтар мешавад, то он ки ба нестӣ ва нобудӣ — лоақал аз назари мо — мегароянд ва ба дунёи адам мепайванданд.

Бархӯрди амвоҷ бо якдигар сабаби хунсо шудани мавҷи заифтар мегардад. Амвоҷи қавитар ҷилави тавсиъаи амвоҷи заифтарро мегиранд ва онҳоро ба диёри нестӣ мефиристанд. Аз ин рӯ, бархӯрд бо мавонеъ ва омилҳои қавитар омили дигарест барои нобуд шудани амвоҷ ва ҳаводис ва падидаҳои ҷаҳон. Ҳукамо ин навъ аз нестӣ ва нобудиро, ки дар асари бархӯрд бо мавонеъ аст, “мавти ихтиромӣ” (1) ва навъи аввалро, ки аз поён ёфтани нерӯи бақо ношӣ мешавад, “мавти табиӣ” меноманд.

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ طِينٍ ثُمَّ قَضَى أَجَلًا وَأَجَلٌ مُسَمًّى عِنْدَهُ

(“Ӯст Худое, ки шуморо аз гиле офарид, пас фармони аҷалу маргро бар ҳама кас муайян кард ва аҷале, ки муайяну маълум аст ба назди ӯст…” (Сураи Анъом, ояти 2))

Муҳити иҷтимои башарӣ бо маҷмӯи ҳаводиси бузургу кучак, судманд ё зиёноваре, ки дар он рух медиҳад, худ дарёест пур аз мавҷу ҷунбишу тӯфону ларзиш. Амвоҷи ин дарё низ ба тадриҷ рӯ ба вусъат мениҳанд ва дар бархӯрд бо ҳам, якдигарро мағлуб менамоянд. Аммо бархе аз амвоҷи ин дарёи азим, бар хилофи соири амвоҷ — ки ҳар чи бар вусъаташон афзуда мешавад, аз қудрату қувваташон коста мешавад ва рӯ ба нобудӣ мераванд — ба мувозоти вусъати доира, бар қуввату қудрату тӯли онҳо афзуда мешавад ва тавони муқобилаи онҳо бо амвоҷи мухолиф фузунӣ мегирад; гӯӣ аз навъе хоссияти ҳаётӣ баҳраманданд ва нерӯи мармузи “нумӯ”-ву рушд дар онҳо нуҳуфтааст.

Оре, бархе аз амвоҷи иҷтимоӣ зиндаанд. Амвоҷи зинда ҳамонҳост, ки аз ҷавҳари ҳаёт сарчашма мегирад; масирашон масири ҳаёт ва ҷиҳаташон болоравӣ ва такомул аст.

Порае аз наҳзатҳои фикрӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва ҳунарӣ аз он ҷиҳат ҷовид мемонанд, ки худ зиндаанд ва аз нерӯи мармузи ҳаёт баҳраманданд.

Зиндатарин амвоҷи иҷтимоӣ, амвоҷ ва ҷунбишҳои динӣ аст. Пайванди ин амвоҷ ва ин наҳзатҳо бо ҷавҳари ҳаёт ва фитрати зиндагӣ, аз ҳар чизи дигар асилтар аст. Дар ҳеч ҳаракат ва дар ҳеч мавҷи дигар ин андоза нерӯи ҳаётӣ ва қудрати рушду боландагӣ вуҷуд надорад.

Таърихи ислом, аз ин назар сахт омӯзанда ва такондиҳанда аст. Ислом дар ибтидо ба сурати як мавҷи бисёр кучаке падид омад. Он рӯз, ки ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (Саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ!) аз кӯҳи Ҳиро ба зер омад, дар ҳоле, ки дунёи дарунаш дигаргун шуда буд ва бо (дунёи) ғайб ва малакут иттисол ёфта ва аз файзҳои илоҳӣ лабрез шуда буд ва фарёд баровард:

قولوا لا إلهَ إلَّا اللهُ تُفلِحوا

(“Бигӯед: нест худое ҷуз Аллоҳ, растгор мешавед.”)

— ин мавҷ шурӯъ шуд. (Ва) бар хилофи ҳазорон амвоҷи пурсарусадо ва пурдабдабаи ҷаҳон, дар рӯзҳои аввал, аз чаҳордевори хонае, ки танҳо се тан: Муҳаммад (Саллаллоҳу алайҳӣ ва олиҳӣ!) ва Хадиҷа ва Алӣ (алайҳис салом)-ро дарбар мегирифт, таҷовуз намекард. Андаке тӯл накашид, ки ба соири хонаҳои Макка сироят кард. Пас аз ҳудуди даҳ сол, ба хориҷи Макка бахусус Мадина кашида шуд ва дар муддати каме, ба соири нуқоти ҷазиратулараб имтидод ёфт ва дар камтар аз ним қарн доманааш саросари ҷаҳони мутамаддини он рӯзро гирифт ва овояш ба ҳамаи гӯшҳо расид.

Ин мавҷ — ҳамон тавр, ки хоссияти мавҷҳои зинда аст — ба мувозоти ин ки рӯ ба вусъату густариш ниҳод, бар қуввату қудрату тӯли хеш афзуд. Ҳеч дин, ойин, маслак ва наҳзатеро наметавон ёфт, ки дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн таҳти таъсири ислом қарор нагирифта бошад ва ҳеч нуқтаи мутамаддинро наметавон пайдо кард, ки дар онҷо ислом нуфуз накарда бошад. Имрӯз низ пас аз чаҳордаҳ қарн ва дар оғози понздаҳумин қарни биъсат, башар шоҳиди вусъати тадриҷӣ ва қуввату қудрати рӯзафзуни он аст.

Таърих ва омор нишон медиҳад, ки ин ойини пок қарн ба қарн пештар рафта ва бар адади пайравони хеш афзудааст ва ин пешрафт тадриҷӣ ва табиӣ будааст ва агар сарзаминеро монанди Андалус (Испания) ба зӯр аз зери сояи парчами муқаддасу пурҷалолаш берун бурдаанд, сарзаминҳои бузургтару пурҷамъияттаре монанди Индонезия ва Чин ва ғайра ба тавъу рағбат, ифтихори пайравиашро пазируфтаанд.

Қуръони Карим хоссияти рушду нумӯи ҷунбиши исломиро чунин тавсиф мекунад:

وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنْجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ فَآزَرَهُ فَاسْتَغْلَظَ فَاسْتَوَى عَلَى سُوقِهِ يُعْجِبُ الزُّرَّاعَ لِيَغِيظَ بِهِمُ الْكُفَّارَ

“Ва масали онҳо дар Инҷил масали зироате аст, ки аввал фақат сабзаи нозуке аз он аз замин бармедамад, пас Худованд ӯро нерӯманд месозад, он гоҳ ситабр мегардад, пас рӯи танаи хеш меистад, рушду нумӯи сареъ ва сабзӣ ва хуррамии ин зироат мӯҷиби шигифтии ҳамаи кишоварзон мешавад, то Худованд кофирон ва бадхоҳонро ба хашм орад.“ (Сураи Фатҳ, ояти 29))

Мавҷи исломӣ дар тӯли таърихи чаҳордаҳ қарни худ бо амвоҷи мухолифи хавфноки нажодӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯбарӯ шудааст. Бигзарем аз саддҳо ва деворҳое, ки мардуми лаҷуҷу мутаассиб ва ҷоҳили араби садри ислом дар ҷилави ин мавҷи муқаддас кашиданд ва яке пас аз дигаре дарҳам шикаст. Таърихи ислом, махсусан дар дивистсолаи аввал пур аст аз амвоҷи мухолифи мазҳабӣ, нажодӣ ва сиёсӣ, ки ҳеч кадом тоби муқовамат наёварда, несту нобуд шудаанд ва акнун ҷуз номе аз онҳо дар таърих нест ва танҳо дар ин қарн истеъморгарони ғарбӣ — ки ба ҳар ресмони пӯсидае алайҳи ислом даст меёзанд — дар садади баҳрабардорӣ аз онҳо афтодаанд.

Аз онҳо болотар, наҳзатҳо ва мавҷҳои фикрӣ ва фалсафӣ ва илмӣ ва билохира фарҳангии ин чаҳордаҳ қарн аст. Наҳзатҳои фарҳангӣ бо касе ва чизе сари инод надоранд, аммо ҳар монеъ ва саддеро аз ҷилави худ бармедоранд ва ҳар дарахти куҳансолеро, ки сари роҳро бигирад, решакан мекунанд.

Ислом дар таърихи чаҳордаҳ қарни худ на танҳо зарба ва садамае аз наҳзатҳои фарҳангӣ надидааст, балки худ мӯҷид (ба вуҷуд оваранда)-и наҳзатҳои азими фарҳангӣ шуд; тамаддуну фарҳангро дар хидмати хеш гирифт ва раҳбарӣ кард ва ба онҳо ҷону имон дод ва қавӣ ва пойдорашон сохт.

Акнун низ, ки нимаи дуввуми қарни бистум аст ва даврони ҷанги идеологияҳо ва ақоид аст, ислом рақиби сарсахте барои онҳо ба шумор меравад; онҳоро ё ба хидмати худ мегуморад ва ё пирӯзмандона бо онҳо дасту панҷа нарм мекунад. Чӣ нишоне барои ҷондор будан ва ҷовид мондан, беҳтар аз ин?!

Ислом аз тарафе, паймони хешро бо ақл сахт устувор кардааст; ақлро ба унвони яке аз аркони аслии дин пазируфта; болотар, паёмбари даруниаш хондааст. Аз тарафи дигар, мулку малакут, дунёву охират, ҷисму руҳ, зоҳиру ботин, моддаву маъниро якҷо дар назар гирифта ва ҳамаҷониба нигариста ва аз ҳар ифроту тафрите дурӣ ҷустааст. Аз инҳо гузашта, “барномаи комил”-и хешро ба василаи раҳбари шоиста ва муҷриёни лоиқ ба ҷаҳон арза кардааст.

Аз ин рӯ аҷиб нест, ки вақте имрӯз дар фосилаи чаҳордаҳ қарни тамом корномаи мушаъшаи ин ойини покро мутолеа мекунем, онро мамлув аз ифтихорот мебинем.

Бигзарем аз гурӯҳе муғриз ва ҷоҳил, ки ба иллатҳое — ки бар касе пӯшида нест — гоҳу бегоҳ қазоватҳои муғризона дар бораи ислом кардаанд. Виҷдони ҷаҳон тарозуи адли илоҳӣ аст. Ҳақиқат барои ҳамеша мактум намемонад. Ҳақиқат худ ба таҷриба нишон додааст, ки дар ниҳояти амр виҷдону инсофи душманро бармеангезад.

Нерӯмандтарин ва муҷаҳҳазтарин мухолифони ислом дар тӯли ин чаҳордаҳ қарн, масеҳиён будаанд. Ҳангоме, ки ба таърихчаи доварии ин рақиби нерӯманд менигарем, мебинем давра ба давра ба сӯи инсоф гароидааст; ва ин худ аз тарафе, нишонаи виҷдони ҷаҳонӣ аст ва аз тарафи дигар, нишонаи ҳақиқати ислом аст.

Мавҷе чунон зинда, ки фарҳангҳои ҷаҳонро дар худ ҷазб ва ақлҳои нерӯманди муфаккирону фалосифа ва донишмандонро дар пешгоҳи худ хозеъ ва инсофи душманро барангезад ва пайваста дар ҳоли рушду нумӯ бошад, то онҷо, ки дар ҳудуди ҳафтсад миллион (2) ҷамъияти башариро дар пешгоҳи худ хозеъ намояд, ҷуз ин ки аз самими “ваҳй” сарчашма бигирад ва паёми Худои башар барои башар бошад ва барои наҷоти башар расида бошад, чизи дигаре наметавонад бошад. Ҳаргиз мавҷе, ки аз димоғи як башар бархезад, наметавонад ин андоза хоссияту асар дошта бошад.

Ростӣ, ҳайратовар нест, ки марде “уммӣ” ва дарснахонда аз миёни мардуми бесавод (уммийин) ва дар сарзамине, ки ҷуз ҷаҳлу фасоду худхоҳиву худпарастӣ асаре дар он нест, бапо хезад ва наҳзате чунин мубораку маймуну пурсамар эҷод намояд?!

Оре,

فَأَمَّا الزَّبَدُ فَيَذْهَبُ جُفَاءً وَأَمَّا مَا يَنْفَعُ النَّاسَ فَيَمْكُثُ فِي الْأَرْضِ

(“Аммо каф пучу табоҳ шуда аз байн меравад ва аммо он чи барои мардум судманд аст, дар замин мемонад.” (Сураи Раъд, ояти 17))

* * *

(1) Мавти ихтиромӣ иборат аст аз хомӯш шудани ҳарорати ғаризӣ ба воситаи авориз ва офот, на ба асбоби зарурӣ.

(2) Мутобиқи омори ҳамон замон.

* * *

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бахше аз васиятномаи Абуалӣ ибни Сино
Шабакаи Bloomberg омили аслии шаҳодати Ҳаниаро аз қавли Ҳамос эълом кард

Матолиби пурбоздид