Салоҳият ва бесалоҳиятӣ

Салоҳият ва бесалоҳиятӣ

Ҳафиз Раҳмон

Ибораи “муносибати босалоҳият ба таълим”-ро ҷойе шунидаму андешае ба сарам зад: дар мактабе, ки мо хондем (сад сол пеш) ва роҳбари синфамон хондани 3 китоби бадеиро дар як моҳ ва давоми тобистон мутолиаи 15 китобро талаб мекарданд, магар муносибат ба таълим бесалоҳият буд??? Ҳар рӯзи шанбеи хатми ҳафтаи дарс аз хондаҳо пурсида мешуд ва бо шеваи ниҳоят тезутунд…

Аз китобдори мактаб бисёр сахт дар ташвиш мешудем, зеро он кас (Эмма Константиновна) ҳар рӯзи шанбе рост ба ҳуҷраи директори мактаб бо журнали дасташ мерафт ва тарсу ҳароси мо авҷ мегирифт…

Дар китоби аз китобхона гирифташуда чизе навиштан ё саҳифаеро дарондан ҷиноят ҳисоб мешуд…

Ҳар рӯзи душанбе барои ворид шудан ба китобхонаи мактаб навбат буд…

Баъдан ҳамсари директори мактаб китобдор шуд ва масъулият ҳам дучандон гашт: вақти баргардонидани китоб саҳифаеро боз мекарду мепурсид: канӣ, бигӯй, ин номи кист ва ин ҷо аз кадом воқеа сухан меравад? Канӣ, ҷумлаи охирини қисса ё романро бигӯ…

Ҳоло хиёл мекунам, ки он ҳамсари директори мактаб китоби зиёд нахонда буд, вале тарзи пурсишаш чунон буд, ки баъзе ҷойҳои асари бадеиро маҷбур азёд мекардем, то “дар бало”-и пурсишгар намонем… Аҷаб, ки зани директор буд, аммо аз саҳар то бегоҳ дар китобхона ба тоза кардани китобҳо аз чангу ғубор ва ҷобаҷогузории онҳо машғул мешуд… Аксар муаллимаҳоямон олмонитабор буданд ва ҳатто ба сардорони синфҳо “раҳм” намекарданд… Нақшаи (он замон “плани”) хондани китоби бадеӣ (ҳоло фикр мекунам) аз иҷрои нақшаи “тиллои сафед” (яъне пахта) вазнинтар буд…

Акнун ибораи “таълими босалоҳият”-ро мешунаваму андеша мекунам, ки таълими он айёму давраҳо магар “бесалоҳият” буд??? Ёдам мерасад, ки духтаракеро барои нахондани “Муму”, ки як ҳикояти хурд аст, ончунон сарзаниш карданд (дар миёни мардум, дар линейка ё ҷамъомади саҳаргоҳӣ), ки як ҳафта ба дарс наомад аз шарму ҳаё…

Магар он таълим “бесалоҳият” буд? Ҳоло аз фаҳмидани фалсафаи Ҳабермас ё ҳикмати адабии Шеллинг дида, дарки ҳамин ибораи “таълими босалоҳият” бароям душвортар шудааст…

Ҳафиз Раҳмон

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳикматнома
Дидори сафири Қирғизистон бо муовини додситони кулли Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид