Саргузашти босмачиҳо – ХУ

Таърих

Саргузашти босмачиҳо – ХУ

Бахши понздаҳум

(Ёддоштҳо ва хотираҳои Аҳмад Закӣ Валидӣ Туғон аз қиёми миллӣ-исломии босмачиён дар баробари болшевикҳо дар Осиёи Марказӣ)

Фаъолияти ҳаводорони амир

Дар ин ҳангом, дар шаҳри Душанбе, чандсад сарбози русӣ зери дасти Морозов ва 600 тан сарбози бумӣ зердасти Алиризо мустақар буданд. Алиризо тавониста буд бо Анварпошшо, ки дар Кӯктош асир буд, робита барқарор кунад ва ҳатто шахсан ба диданаш биравад. Ӯ ва Усмон Хоҷа, шаби 12 январ, фармондеҳони низомии руси муқими Душанберо ба зиёфат даъват ва боздошт карданд. Дар ин мавқеъ, Ҳоҷӣ Сомӣ низ ба ёрии Алиризо ва Усмон Хоҷа омад ва иддае аз нерӯҳои русиро халъи силоҳ карданд ва теъдоди 16 қабза мусалсал ва 250 қабза силоҳи дигар ба даст оварданд. Аммо нерӯҳои русии мустақар дар бемористони русӣ таслим нашуданд ва ҷангиданд.

Афроди амир ва қабилаи Лоқой ба ёрии русҳо омаданд ва вақте ки дар муҳосира буданд, барои онҳо гӯсфанду арзоқ оварданд. Консули рус низ шахсан ба Кӯктош, яъне маҳалле, ки Анварпошшо дар он ҷо асир буд рафт ва бо Иброҳимбек мулоқот кард.

Алиризо пас аз се рӯзи набард бо русҳо, дар 13 декабр, Душанберо тарк кард ва дар ҳоле, ки ҳаводорони амир муҳосирааш карда буданд ва дунболаш мекарданд, дар 17 январ ба рустое воқеъ дар наздикии Ҳисор омад. Иддае аз нерӯҳои ӯ таслими афроди қабилаи Лоқой шуданд ва ба қатл расиданд. Ӯ агар ба афроди қабилаи Лоқой, ки таъқибаш мекарданд, эълони ҷанг медод, онҳо Анварпошшоро мекуштанд. Ва агар намедод, нерӯҳояшро халъи силоҳ мекарданд.

Дар 14-январ, ки Ҳоҷӣ Сомӣ бар асари асабоният, бо таппонча яке аз афроди қабилаи Лоқойро захмӣ карда буд, чизе намонда буд, ки онҳо Анварпошшоро ба қатл бирасонанд. Дар натиҷа, афроди Лоқой, афроди дастаи Алиризоро торумор карданд ва аз 600 тан, фақат ҳудуди 150 нафар зинда монданд. Алиризо, ки дар асорат ба дасти афроди Лоқой ҳатман кушта мешуд, аз Саксонтеппа, дар атрофи Юрчӣ, ва Ҳоҷӣ Сомӣ ва Усмон Хоҷа, бидуни нафарот, аз Қаршӣ ба Афғонистон рафтанд. Ва Дониёлбек ва Абдуррасулбек низ бо иддае аз нерӯҳои худ, ба атрофи Шаҳрисабз ақиб нишастанд. Боқии нерӯҳо ҷумла халъи силоҳ ва сахт ғорат шуданд, ва афсарҳо (Нофеъ, Халил, Ҳасан, Форуқ Усмон ва Мустафо Шоҳқулӣ) ҳамагӣ чаповул ва канори Анварпошшо оварда шуданд. Ба ин тартиб, ҳам нерӯҳои худи Анварпошшо ва ҳам урдуи “ҷадидиҳо”-и Алиризо аз миён рафтанд.

Агарчи дар ин ҳангом амири Афғонистон аз Кобул номае навишт ва хостори ҳифзи эҳтироми Анварпошшо ва адами таъарруз ба ӯ шуд, аммо Тоғой, фармондеҳи нерӯҳои тобеъи амир дар Хонобод, барои Иброҳимбеки Лоқой дастуроте ба ин мазмун содир кард:

“Анвар гаравгони мост, муроқибаш бошед; имкони ҳеч фаъолияте ба ӯ надиҳед; ӯ ҳамон касе аст, ки Султон Абдулҳамидро аз салтанат халъ карда ва “таҷаддудхоҳӣ”-ро бунён ниҳодааст. Ҳатто агар афғонҳо ӯро хостанд, посух диҳед: вақте метавонем ӯро ба Афғонистон бифиристем, ки амир Олимхон иҷозаи рафтан ба Бухороро ба даст оварад ва дар ин роҳ ба ӯ ёрӣ шавад.”

Ин дастуротро худи амир Олимхон – ки пас аз рафтан ба Кобул худро чандон ҳам озод ҳисс намекард – содир карда буд. Агар Анварпошшо назди қабилаи Лоқой намеомад ва аз ноҳияи Ҷилликӯл мустақиман ба Ҳисор мерафт ва нерӯҳои муназзами 660 нафарии Алиризоро ба нерӯҳои худ мулҳақ мекард, метавонист бо нерӯҳои 700-800 нафарӣ ва бо фишор овардан бар русҳо, дар моҳи декабр, онҳоро аз Душанбе биронад ва ё нобудашон кунад. Русҳо, ки теъдоди нафароташон ночиз буд, ҳатто наметавонистанд дар Бойсун ва Ғузор низ бимонанд. Ба ин тартиб, сарзамини Бухоро то маҳалли роҳи оҳани Самарқанд-Бухоро аз вуҷуди русҳо пок мешуд.

Аммо Анварпошшо чунин коре накард ва хост дар нақши Масеҳ дарояд ва ҳаводорони амирро ҳидоят кунад ва ба ҳамин сабаб кори худро низ хароб кард.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – ХХУI
Ниёиш

Матолиби пурбоздид