Сафари расмии вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон
Ахбори байналмилал
Сайидалӣ Маданизода, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рафти сафари расмии худ
ба Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе–2025 ширкат намуда, суханронӣ анҷом дод.
Дар ҳошияи форум, ӯ бо чанд нафар аз мақомоти баландпояи давлатӣ дидор ва мулоқот дошт.
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷараёни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо масоили рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва зерсохторӣ миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири эронӣ таъкид намуд, ки таҳкими робитаҳои бародарона ва густариши ҳамкориҳо миёни Эрон ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар ва минтақа мебошад.
Маданизода дар оғоз аз мавзеи устувори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳкум намудани ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон изҳори сипос намуда, ин мавзеъро нишонаи дарки амиқи ҷониби тоҷик аз вазъияти ҳассоси минтақа арзёбӣ кард. Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди таҳримҳо ва фишорҳои хориҷӣ, шароити кунунӣ имконоти тозае барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба фароҳам овардааст.
Тарафҳо ба аҳамияти натиҷаҳои сафарҳои расмии мақомоти олирутба, тавофуқоти бадастомада дар сатҳи олӣ ва ҳуҷҷатҳои нави имзошуда барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки соли 2024 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ба 380 миллион доллар расидааст ва интизор меравад дар ояндаи наздик ин нишондиҳанда ба 500 миллион доллар ва бештар афзоиш ёбад.
qalamonline.net
Қаламонлайн