Сафири Исроил дар Испониё эҳзор шуд

Сафири Исроил дар Испониё эҳзор шуд
Ахбори байналмилал
Ба гузориши расонаҳо, Испониё сафири Исроилро бар сари изҳорот дар мавриди ҷанги Ғазза эҳзор кард.
Хосе Мануэл Албарес, вазири умури хориҷаи Испониё гуфт: “Бо сафири Исроил тамос гирифта то дар бораи иддаоҳои козиб ва ғайриқобили қабули давлаташ дар бораи нахуствазири Испониё тавзеҳ диҳад”.
Нахуствазири Испониё дар ҷараёни боздид аз гузаргоҳи марзии Рафаҳ, ҳамроҳ бо нахуствазири Белжик дар рӯзи ҷумъа, бомбборони Ғазза тавассути Исроилро “ғайриқобили қабул” тавсиф карданд.
Исроил дар вокуниш ба ин изҳорот, сафирони ду кишварро эҳзор карда буд.
Вазири умури хориҷаи Испониё ҳафтаи гузашта аз эҳтимоли ба расмият шинохтани кишвари мустақилли Фаластини хабар дода буд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Барселона равобит бо Исроилро таълиқ кард
Исмоил Ҳаниа: “Душман дар баробари шартҳои муқовамат таслим шуд”

Матолиби пурбоздид