Сафҳаи адабиёт

Адаб

Сафҳаи адабиёт

Дӣ назар кардам ба гул, рӯи туам омад ба ёд

Чун шамидам бӯи гул, бӯи туам омад ба ёд

Ғунчаро дидам табассумофарин дар саҳни боғ

Хандаи лаъли сухангӯи туам омад ба ёд

Бар лаби ҷӯ аз назокат сарви гулшан сар кашид

Қомати мавзуни дилҷӯи туам омад ба ёд

Печутоби ҷаъди сунбул рафт дар хотир маро

Ҳалқаи зулфи суманбӯи туам омад ба ёд

Чун тамошои чаман кардам ба гулгашти баҳор

Хуррамиҳои сари кӯи туам омад ба ёд

Кард гул аз абр барқею шарарафшон гузашт

Шӯълае аз тезии хӯи туам омад ба ёд

Нуктае бигзашт аз ваҳшиғизолони Хутан

Шӯхии чашмони ҷодуи туам омад ба ёд

Ҷилвагар шуд дар маҳи идам ҳилол аз осмон

Моҳи рӯю тоқи абрӯи туам омад ба ёд

Гашт дил девонаву афтод дар қайди ҷунун

То хами занҷири гесӯи туам омад ба ёд

Тӯтиеро маҳви нутқи хеш дидам, Ҷавҳарӣ

Килки дурбори сухангӯи туам омад ба ёд.

Зуфархон Ҷавҳарӣ

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аморот ҳамлаи Фаластин алайҳи Исроилро маҳкум кард
Эҳуд Борок Исроилро тарк кард

Матолиби пурбоздид