Сафҳаи андеша

Сафҳаи андеша

Андешаҳои Устод Луқмон Бойматов

Сиёсатбозоне, ки кӯдаконро ба унвони василаи расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд, ноҷавонмардтарин афроди ҷомеаанд.

***

Хатоҳое дорем, ки ислоҳашон имрӯз арзону осонпазиранд, вале фардо гарону напазируфта хоҳанд шуд.

***

Қуқнус – намоди ҷовидонист. Забони миллат – қуқнуси миллат аст. Қуқнуси миллатро насӯзем!

***

Ҳар зарраи хоки Ватан, ҳарфе аз ояти қудс аст. Мо ба қадри он чиро ки имрӯз аз даст медиҳем, нарасидаем.

***

Тарс хатарноктарин офаридаи ҷаҳлу нодонӣ аст.

***

Вусъати нафси инсон, домани дунёро танг мекунад.

Сомонаи Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Биё, эй дӯст…
Паёми Дориюш…

Матолиби пурбоздид