САҲА озодии рӯзноманигорони тоҷикро дархост намуд

САҲА озодии рӯзноманигорони тоҷикро дархост намуд

Интиқоди созмонҳои байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон, ба далели саркӯбии расонаҳои озод

Хабарнома

САҲА – Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хоҳони озодии рӯзноманигорон дар Тоҷикистон шудааст.

Инчунин чанд созмони байналмилалӣ, аз ҷумла, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ва Гузоришгарони бидуни марз, гузориш кардаанд, тӯли чанд моҳи ахир, ҳукумати Тоҷикистон ба саркӯби хабарнигорон пардохтааст.

Дар гузорише, ки Озодӣ (ozodi.org) нашр намудааст, гуфта мешавад, дар ним сол, ҳафт хабарнигор ва блогери тоҷик дастгир ва чаҳор нафари онҳо аз 7 то 10 сол ҳукми зиндон гирифтаанд. Онҳо дар Ютуб мушкилоти сокинонро бозтоб дода, масъулини кишварро ба посухгӯӣ хонда будаанд.

Аммо аз тарафе, Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзноманигрони боздоштшударо ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуа, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гуруҳи 24”, муттаҳам донистанд. Мурофиаи ин хабарнигорон, пушти дарҳои баста сурат гирифтааст ва ба ҳамин далел, тавзеҳоте ба дасти хабарнигорон ва созмонҳои ҳуқуқии дигар, нарасидааст.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамнишини Мӯсо(а)
Ҳамоиши мухолифин: Ҷанги Русия алайҳи Украина – ҷанги империалистӣ

Матолиби пурбоздид