Се кӯдак дар Амрико бар асари тирандозӣ кушта шуданд

Се кӯдак дар Амрико бар асари тирандозӣ кушта шуданд

Ахбори байналмилал

Расонаҳои амрикоӣ гузориш додаанд, ки се кӯдак дар иёлати Уҳою мавриди асобати тир қарор гирифта ва кушта шудаанд.

Расонаҳои маҳаллии амрикоӣ гузориш додаанд, пулис баъд аз дарёфти гузоришҳое аз ин ҳодиса, ба як манзил дар минтақаи Клермунти иёлати Уҳою муроҷиат кардааст.

Бар асоси гузоришот, ин се кӯдак, 3, 4 ва 7 сол син доштаанд ва бо ҳам бародар будаанд. Гумонбар дастгир шудааст.

Мутобиқи ин гузориш, наздики соати 16:15 ба вақти маҳаллӣ зане баъд аз тамос бо пулис эълон кард, ки кӯдаконаш мавриди ҳадафи аслиҳа қарор гирифтаанд.

Се дақиқа баъд, фарди дигаре, ки таҳти таъсири ҳодиса қарор гирифта буд, бо пулис тамос гирифт ва гуфт, ки духтарбачаеро дида, ки ҳангоми давидан дар хиёбон фарёд мезанад, ки падараш “ҳамаро мекушад!”

Пулис баъд аз вуруд ба саҳнаи ҳодиса бо марди 32 солае бо номи Чад Дурман рӯбарӯ шуд, ки тибқи асноди сабтшуда, молики он хона аст.

Пулис ҳамчунин се кӯдакро дар дохили ҳавлӣ дид, ки бар асари зарби тир захмӣ шуда буданд. Авомили имдод иқдомоти эҳёро бар рӯи ин кӯдакон анҷом доданд, ки бефоида буд ва онҳо ҷонашонро дар саҳнаи ҳодиса аз даст доданд.

Озод будани хариду фуруш ва ҳамли силоҳи гарм дар Амрико, ҳар ҳафта ҷони чанд нафарро дар ин кишвар мегирад. Оморҳои хушунат бо силоҳ дар Амрико нишон медиҳад, теъдоди вуқӯи тирандозиҳои хушунатбор дар ин кишвар аз ҳар кишвари дигаре бештар аст.

Ҷадидтарин оморҳо нишон додаанд, бо он ки Амрико ҳудуди панҷ дарсади ҷамъияти дунёро ташкил медиҳад, наздик ба 31 дарсади омилони кушторҳои ҷамъӣ бо силоҳ, дар ҷаҳон, ба ин кишвар тааллуқ дорад.

Ҷадидтарин омори маркази “Бойгонии хушунатҳои мусаллаҳона” дар Амрико нишон дод, 14 ҳазору 600 нафар аз ибтидои соли 2023 бар асари хушунати мусаллаҳона дар ИМА ҷони худро аз даст додаанд. Дар байни ин қурбониён, 521 навҷавон ва 93 нафар кӯдак будаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳати падар ба писар
Русия: Истифода аз силоҳи ҳастӣ фақат дифоӣ хоҳад буд!

Матолиби пурбоздид