Се озмуни кучак

Адаб

Се озмуни кучак

Сабки зиндагӣ

Рӯзе як нафар Суқроти ҳакимро дид ва гуфт:

— Оё медонӣ, ман чӣ чизе дар бораи фалон дӯстат шунидам?

Суқрот гуфт:

— Як лаҳза сабр кун. Қабл аз он ки чизе ба ман бигӯӣ, мехоҳам аз се озмуни кучак бигзарӣ.

Он мард гуфт:

— Монее надорад.

Суқрот фармуд:

— Аввалин озмун ин аст, ки бигӯ, бибинам, оё ту комилан мутмаин ҳастӣ, ки он чи ки дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, ҳақиқат дорад?

Гуфт:

— Росташ, ман фақат онро шунидаам.

Суқрот гуфт:

— Бисёр хуб, пас ту воқеан намедонӣ, ки он ҳақиқат дорад ё хайр. Ҳоло биё аз озмуни дуввум бигзар. Бигӯ, бибинам, оё он чи ки дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, хабари хубе аст?

Гуфт:

— На, баръакс…

Суқрот гуфт:

— Пас ту мехоҳӣ чизи бадеро дар бораи ӯ ба ман бигӯӣ, тоза мутмаин ҳам нестӣ, ки ҳақиқат дошта бошад. Бо ин ҳол, мумкин аст, ки ту аз озмун бигзарӣ, зеро ҳанӯз як озмуни дигаре боқӣ мондааст. Бигӯ бибинам, оё он чи ки ту дар бораи дӯстам мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, барои ман судманд аст?

Гуфт:

— Дар воқеъ на ҷаноби ҳаким!

Суқрот гуфт:

— Бисёр хуб, пас гӯш бидеҳ. Агар он чи ки мехоҳӣ ба ман бигӯӣ, на ҳақиқат дорад ва на хуб аст ва на судманд, чаро аслан мехоҳӣ ба ман бигӯӣ?!

(Латоиф ва зароиф)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё мусалмон будан, тақлид аз фарҳанги арабҳост?
Намояндаи Ҳуқуқи Башар: Тирборон ва эъдоми майдонии 670 нафар дар Сурия

Матолиби пурбоздид