Севвумин даври музокироти Эрон ва Амрико
Ироқчӣ: “Мавзӯи мо фақат ҳастаӣ аст ва ҳеч мавзӯи дигареро мавриди музокира қарор намедиҳем”
Байналмилал
Ба гузориши пойгоҳи Садо ва симои Ҷ.И.Эрон, Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи шанбе ва дар поёни даври севвуми гуфтугӯҳои ғайримустақим миёни Эрон ва Омрико дар Масқат, гуфт: “Даври севвуми музокирот дар Масуат баргузор шуд. Мо аз Уммон ва вазири хориҷаи ин кишвар бисёр муташаккирем. Як муҳити ором ҳукмфармо буд. Музокирот хеле ҷиддитар аз гузашта буд ва ба тадриҷ вориди баҳсҳои ҷузъитар, фаннитар ва текникитар шуд.”
Ӯ дар идома гуфт: “Чандин бор назаротро ба сурати мактуб радду бадал кардем. Дар маҷмӯъ фазои музокира, комилан ҷиддӣ ва корӣ буд.”
Вазири хориҷаи Эрон бо баёни ин ки “ҳам дар мавзӯъоти калон ва ҷузъиёт ихтилофот вуҷуд дорад”, гуфт: “То ҷаласаи баъдӣ қарор аст дар пойтахтҳо баррасӣ сурат гирад, ки чӣ тавр метавонем ихтилофотро кам кунем.”
Ироқчӣ гуфт: “Ин ки ҳар ду тараф бо ҷиддият вориди музокирот шуданд, комилан машҳуд буд ва ин, фазоеро эҷод мекунад, ки умедвор бошем, ки мешавад пешрафт кард. Умедвории мо ба шиддат мӯҳтотона аст ва масоиле ҳаст, ки бояд дар мавриди он тафоҳумоти куллӣ ба даст ояд ва баъд дар бораи ҷузъиёт музокира шавад.”
Ӯ дар бораи даври баъдии музокирот ҳам гуфт: “Эҳтимолан муҷаддадан шанбе хоҳад буд ва ҷузъиёт ва макони онро давлати мизбон, ки Уммон аст, танзим мекунад ва ба иттилоъи тарафайн мерасонад.”
Вазири хориҷаи Эрон дар бораи сатҳи музокирот ҳам гуфт: “Дар ҳамин сатҳи феълӣ бо ҳузури банда ва оқои Уиткофф хоҳад буд бо ҳамроҳии коршиносон.”
Ироқчӣ дар бораи таркиби ҳайати коршиносӣ низ гуфт: “Мо бо таваҷҷӯҳ ба мавзӯоте, ки дар ҷаласа матраҳ мешавад, коршиносони лозимро ба ҳамроҳ мебарем. Алъон, ки аз баҳси куллиёт ба тадриҷ вориди баҳсҳои ҷузъитар ва тахассуситар ҳам ба тадриҷ изофа мешаванд. Мо дар ин ҷаласа коршиносони иқтисодиро барои аввалин бор ба ҳамроҳ доштем ва ҳузури онҳо бисёр муфид буд. Аз ҷаласаи оянда, ҳадс мезанам коршиноси Созмони энержии атомӣ ҳам изофа шавад. Мо ба мавқеияте расидем, ки баҳсҳои фаннитари ҳастаӣ ҳам дошта бошем. Ҳар чи ҷилавтар биравем, бо таваҷҷӯҳ ба мавзӯъоте, ки дар дастури кор аст, коршиноси марбута ҳам изофа хоҳад шуд.”
Ӯ дар бораи мавзӯи гуфтугӯҳо ва ин ки “оё мумкин аст дастури кори гуфтугӯҳо тағйир кунад?”, гуфт: “Ба ҳеч ваҷҳ. Мавзӯъи мо фақат ҳастаӣ аст ва ҳеч мавзӯъи дигареро мавриди музокира қарор намедиҳем. Вақте аз ҳастаӣ сӯҳбат мекунем, яъне эътимодсозӣ дар барномаи ҳастаии Эрон дар муқобили рафъи таҳримҳо. Мо фақат дар ин мавзӯъ музокира мекунем ва ҳеч мавзӯъи дигареро намепазирем, ки дар бораи он музокира кунем. Дар се даври гузашта ҳам ин мавзӯъ комилан аз сӯйи ҳар ду тараф риоят шудааст.”
Қаламонлайн