Сегафредо – II

Адаб

 

 

Сегафредо – II

Салими Аюбзод

Бахши дуввум

Меҳрӣ вақте ин суханонро мегуфт, дигар ба ман наменигарист ва сараш хам буд.

Дили бе ин ҳам тангам то ба ҳадди як дарди сӯзони сари сина фишурда шуд. Мисли ин ки дасти маҳкаме онро ҳамчун як дона лимӯ дар қабза гирифта, зер кард, то об шаваду резад. Туршӣ ба ҳалқам давид.

Меҳрӣ баъд аз як сукути ин қадар дарозу мағшуш ва қаҳромез суханҳое гуфт, ки дарун андарун буданд. Ва ба лаҳни ороме гуфт, ки намешуд, касро ба ҷанҷол кашад. Надонистам, дар посух чӣ бигӯям. Хостам, бипурсам, чаро чунин сард бо ман вохӯрдӣ кардӣ ва ҳоло ин тавр мегӯӣ, аммо нӯги забонамро газидам ва фурсат талабидам, ки нахуст ба маънии гуфтаҳои Меҳрӣ сарфаҳм равам. Ишора ба “шарқиҳо” унвонии рӯшан дорад. “Ҳиссиёти нопойдору вайронгар” низ. Якеаш манам ва дуюмӣ — ончӣ, ки гӯё дар ман аст.

Меҳрибону, ки мо, наздикон, ӯро “Меҳрӣ” ва дӯстони аврупоияш “Мэрӣ” мегӯянд, ҳафт сол пеш бо падару модараш ба мулки бобоӣ, яъне деҳаяки кулбагии мо меҳмон шуда буд. Ин шояд хушбахттарин рӯзҳои умри ман буд, ба истиснои ду рӯзи охирини меҳмонии ӯ. Дар ду рӯзи охирин, баракс, ман донистам, ки дӯзах бояд чӣ гуна ҷое бошад.

Рӯзҳои биҳиштӣ мо лаби рӯдхона мерафтем, оббозӣ мекардем, дар долону ҳуҷраҳои холии қалъачаи қадимӣ русташавакон мебозидем, мегуфтему механдидем, механдидему мегуфтем. Бачаҳои хурдсолтар ва ё ба қавли онвақтаи ман, “фискашолҳо”, корвонвор ба думболи мо медавиданд. Доду фарёди онҳо хоки деворҳои қалъаҳаро мерезонд, барги дарахтонро ба ларзиш меовард ва ба осмони кабуди тобистон дакка мехӯрд.

Меҳрӣ ба ҳамаи ин бо шодию шигифтӣ ва кунҷковию зиракӣ ворид шуда буд. Вай мегуфт, ҳама чиз барояш нав ва дӯстдоштанист.

Меҳрӣ русташавкони оддии моро бо хурсандӣ пазируфт, вале дертар онро тағйир дод. Акнун ҷӯянда ва ё пиллабон на танҳо мебоист, пинҳоншудагонро пайдо мекард, балки онҳоро сур карда, ба китф ва ё шонаашон даст мезад. Вақте ки ман ба китфони Меҳрӣ даст мерасондам, дилам ба ларза меомад, гум мезад, сахт метапид. Ҳолатам ончунон дигаргун мешуд, ки замини зери поямро намефаҳмидам. Чашмонам худ ба худ хира ва баста мешуданд, атрофам мисли ҳавр мавҷ мезад ва танҳо суроби сабзи пироҳани нафиси Меҳриро медидам. Мавҷи гарме аз вуҷудам мегузашт ва гӯё мисли паре ба партгоҳи миёни хобу бедорӣ меафтодам. Ин эҳсос он қадар фораму гуворо буд, ки шаб дар рахти хоб танҳо ба ёд овардани он кофӣ буд, дубора мадҳушам кунад.

Вақте навбати пиллабонии ӯ мерасиду аз пасам медавид ва бо муштчааш ба пушти ман мезад, ин ҳолат боз такрор мешуд. Аз зарбаи мушти ӯ мавҷе ба ҷисми ман мегузашт ва саропоямро гармӣ медод. Гоҳо аз зӯрии ин мавҷ маро ларза мегирифт. Раги пойҳоям сахт, вале худи пойҳоям сусту беҳол мегаштанд. Ҳарчанд мо ҳама бозӣ мекардем, ҳисси ман ин буд, ки ману Меҳрӣ бачаҳои хурдсолро фиреб мекардем ва дар асл машғулу саргарми ҳамдигар будем.

Падари Меҳрӣ, устоди донишгоҳ, хеши дури падарам ва модари Меҳрӣ — Маҳинбону — хоҳари падарам, аз бозиҳои мо ба шавқ меомаданд. Ман дертар аз модарам шунидам, ки онҳо ба ману Меҳрӣ бо ҳавас менигаристаанд ва ҳар дам ба падарам ишора мекардаанд, ки кош, Меҳрӣ шавҳари бегона накунад. Ин ишораҳо хеле рӯшан буданд ва шабе модарам бо падарам машварат кардаанд, ки зуду бановақт бошад ҳам, масъаларо ошкоро дар миён бигузоранд ва ба қавле моро “домандаррон”-и ҳамдигар номанд. Он шаб, ба гуфтаи модарам, ду тан то субҳ ояндабинӣ кардаанд, орзуҳо парвардаанд ва фол задаанд, ки оё ман ба Лондон мекӯчам ва ё Меҳрӣ ба ватани аҷдодӣ бармегардад. Онҳо аз ин шодӣ мекарданд, ки хонаводаи Меҳрибону сарватманд мебошад ва ману Меҳрӣ дар нуқтае ба ҳам пайванд мегирем, ки донишу биниши фарохи Меҳрӣ якҷо бо пешадории ниёии ман оилаи хуберо ба вуҷуд хоҳад овард ва авлодро нерӯмандтар хоҳад сохт. Онҳо ба қароре омадаанд, ки бояд шитоб кунанд, зеро то поёни сафари таътилии Меҳрӣ ҳамагӣ ду рӯзи дигар монда буд.

…Он сапедадам аз ғавғои баланди гуҷишкҳо бедор шудам. Аввал рафта, аз чашма об овардам. Баъд хостам, ба паллаҳо боло равам ва бубинам, оё Меҳрӣ бедор шудааст ё не. Ин вақт буд, ки модарам оҳиста маро садо зад ва ҳамроҳаш ба пушти хона, зери хавозаи ангури ҳусайнӣ бурд.

Мо ҳарду рӯи харак нишастем, модарам бо лабханд ба ман нигарист ва дасташро ба китфам гузошта гуфт:

– Бачаи ширинам, ману падарат ба як фикр омадем, ки як сол ё ду сол пас туву Меҳриро ҳамхона кунем. Падарат мехоҳад, фикри туро бидонад. Ҳа ё неи туро. Бубин, Меҳрӣ чӣ хубу нозанин ва меҳрубон аст…

Аз ин хабари ногаҳонӣ ман гӯё миёни танӯри пур аз гули оташ афтодам, ки сарпоям якбора аланга гирифт. Давоми суханони модарамро нашунидам ва ё фақат порчаҳое аз гуфтори ӯ ба гӯшам расид. Ларзидам, такон хӯрдам, надонистам, хурсанд шавам ё ғамгин, шодӣ кунам ё ваҷоҳати ҷиддӣ ба худ гирам.

Модарам ҳолати маро фаҳмид, ки кафи дасташро ба пешониям гузошт ва пасту оҳиста гуфт:

– Ноҷӯр нашав ва нагӯ, ки зуд аст. Ба дилат гӯш деҳ, ки чӣ мегӯяд.

Ман наметавонистам, ҳиссиёти худро дарк кунам. Дар ҳоле ки чашм аз замини пур аз барги ангур ва донаҳои зер по пахшшудаи он намебардоштам, ба хотири риояти одоб ва бо ибрат аз ончӣ ҷавонони аз ман калонтар дар чунин ҳолат ҷавоб додаанд, бо сари хам гуфтам, “Худатону падарам медонед, ман чӣ медонам.”

Модарам бо лаҳни пур аз навозиш гуфт:

– Як чизро фаҳм, ки фурсати зиёде дар миён нест. Ду рӯзи дигар мондааст. Бояд ризоияти дигарҳоро ҳам гирифт, бояд нақшаи ояндаро кашид ва корро сар кард…

Ғайриинтизори худам сар бардоштам ва ба модарам гуфтам: “Мешавад, ки фардо ҷавобашро бигӯям?”. Дар сари ман фикре пайдо шуд, ки барои як посухи саҳеҳ аввал бояд бо худи Меҳрӣ гап зад.

Модарам гӯё аз ҳарфи ман ҳамин рамузро гирифт, ки чизе нагуфт ва ин аломати ризоияти ӯ буд. Вай бо табассум сари жӯлидамӯйи маро сила кард, бархост ва рафт. Ҳама хубию сабзгунию зебоиҳо аз баргу навдаи ангур поин шуданду аз думболи ӯ рафтанд.

Он рӯз гунаҳои Меҳрӣ фавқулодда арғувонӣ буданд.

Он рӯз вай сари бод аз назди ман гузашт ва ба ман нигоҳ накард.

Он рӯз вай на ба қалъачаи кӯҳна рафт ва на ба лаби рӯдхона. Ҳатто дигар дар рӯйи ҳавлӣ ҳам намудор нашуд ва садои ҷарангдораш ба гӯш нарасид. Пеши панҷараи болохона нишаста буд ва ҳар бор ки ман бо баҳонае туи боғча мерафтам, то ӯро бубинам, зуд пинҳон мегашт. Гӯё рустшавакони мо дар шакли дигар ва бо қоидаҳои дигар давом мекард. Пушти ман ба ёди зарбаи муштчаи ӯ мехорид.

Он рӯз маро боз ба паси хона, зери хавозаи ангури ҳусайнӣ хонданд. Боз баргҳои пажмурдаи ангур ва донаҳои мисли болинаки ангушти занон дар зери по буданд. Онҳо пахш шуда буданд ва хуни сиёҳашон дар фарши санги ҳавлӣ нақш баста буд. Боз ҳамон хараке он ҷо буд, ки рӯйи чӯби қадимияш доғи донаҳои фишурдаи ангур сиёҳӣ мекард.

Ин бор холаам маро он ҷо бурд. Ҳарду рӯйи харак нишастем ва ӯ дафъатан ба танқиди духтарони шаҳрию шаҳргашта пардохт ва хоса устухонҳои онҳоеро хойид, ки ба Аврупо ҳиҷрат кардаанд. Вай гап мезаду ман ба чашмонаш нигоҳ намекардам, зеро аз онҳо мерамидам ва нигоҳи маро дандонҳои зардаш пур мекарданд. Ман намехостам ба суханони ӯ гӯш диҳам, вале мехостам, мақсадашро дарёбам. Вай бо шитоб мегуфт:

– Уно ахлоқ надоранд. Дур аз дину диёнату масҷид калон шудаанд. Дар мобайни фаҳшу фасод. Фарзанди мӯъмину мусулмон набояд бо чунинҳо издивоҷ кунад. Имонаш месӯзад…

Холаам зоҳиран қазияро медонист. Вақте дид, ки ман ба чашмонаш наменигарам, лаҳзае хомӯш монд. Ман ба чашмони хокистаррангаш нигаристам. Вай як оҳи сард кашид ва ошкоро гуфт:

– Меҳриро нагир. Ту аз дунёи дигар ҳастӣ, вай аз дунёи дигар. Ин аммаат аз худо шарм намекунад, ки духтарашро дар шаҳрҳо гардонда, расво карда, баъд мебиёраду ба як тифли бегуноҳ якҷоя кардан мехоҳад. Магар кинои онҳоро намебинӣ, китобҳояшонро нахондаӣ? Ҳамаашон аз хурдӣ олудаи бадиҳоянд. Духтарашон ҳама “бойифаренд” ва писаронашон “гӯлафаренд” доранд. Валлоҳ, агар ягонтоаш бокира бошад. Хуб давр меронанду баъд ягон лаппаргӯшро таҳи каш мекунанд. Духтари аммаат ҳам аз ҳамунҳо…

Хостам, ба холаам бигӯям, ки … аммо чизе дар гулӯям дармонда буд ва овозам намебаромад. Ягона коре, ки метавонистам дар он лаҳза бикунам ва ҳам кардам, ин буд, ки башиддат бархостаму рафтам. Холаам боз чизе мегуфт, аммо гӯшҳои ман баста буданд. Лабони ҷумбанда, дандонҳои зард ва чашмони бемору дамидаашро медидам, лекин чизе намешунидам.

Мухолифати холаам на ин ки маро аз Меҳрӣ дилсард накард, балки ангезишам дод, ки ҳамон лаҳза модарамро ёбам ва ӯро танҳо карда, бигӯям, ки розиям, то Меҳрӣ зани ман шавад. Бале, “издивоҷ кунад” ё “ҳамсар шавад” не, балки “зани ман шавад, зан”.

Аз миёни боғча мегузаштам, ки пироҳани сабзи Меҳрии азизро дар байни гулҳои садбарг дидам. Наздаш рафтам. Ва мо на аз дарвоза, балки аз поёни боғча фирор кардаву то сари қалъача давидем.

Охирин рустшавакони мо саросар рамз буд. Ин на бозӣ, балки як рақси бесадо буд, ки маросими хурофотии мазҳабиёни хосро мемонд. Вай ба ман фурсат медод, руст шавам, аммо ман намехостам, он гуна пинҳон гардам, ки вай маро зуд ёфта натавонад. Мо аз ҳам намегурехтем, балки ба сӯйи ҳамдигар майл мекардем, дар мадори ҳамдигар мечархидем ва наметавонистем, аз ҷозибаи якдигар раҳо гардем. Дертар, ман ин ҳолатро замоне ба ёд овардам, ки дар телевизион рақси ишқии турнаҳоро дидам. Гоҳе ин қадар ба ҳам наздик меомадем, ки фақат чашмони ҳамдигарро медидем. Ва якдигарро дар чашмони ҳамдигар.

Мижгонҳои махмалии ӯ ба ноз баста мешуданд. Чашмони маро пардае мепӯшонд. Мерамидем ва аз ҳам дур мешудем. Аз миёни буттаҳои ангат ба ӯ менигаристам ва медидам, ки пироҳани сабз ӯро дар марғзори саҳни қалъачаи фурӯрафта нопадид месозад. Тарс маро фаро мегирифт, ки дигар аз миёни ин сабзгунӣ чашмонаш ба сӯям наоянд. Наздик мерафтам ва дастонашро мегирифтам. Дастонаш тафсон буданду дастони маро месӯзонданд. Аммо ин сӯзиш ин қадар роҳатафзо ва оромкунанда буд.

Гӯё ҳамин ҳоло мебинам, ки вай кафи дастонашро аз оби чашма пур мекунад ва оби сардро ба рӯяш мепошад. Об аз рӯйи пӯсти нафису барфгуни ӯ мешорад ва аз гиребонаш поин меравад. Вай бо дастони тар сари дилашро нам мекунад. Ман фикр мекунам, вай месӯзад.

…Суръати мошин якбора паст мешавад ва ман аз таконе ба худ меоям. Мо ҳанӯз ба самти шаҳр дар ҳаракатем ва мошине бо суръати баланд роҳи Меҳриро бурида, пеш рафтаасту сабаби фишанги истро пахш кардани Меҳрӣ шудааст. Акнун мошин оҳистатар меравад, аммо вай боз ҳам ба ман наменигарад.

…Дурудароз ба ман менигарист ва чизе намегуфт. Ман ҳам наметавонистам, чизе бигӯям. Аммо ҳеҷ ҳарфе ба мо даркор набуд. Мо бесадо бо ҳам сухан мегуфтем.

Аз чашмаи ҳавлии қалъа об менӯшем. Боз ба ҳам менигарем. Садои Меҳрӣ мисли тарона ба гӯш мерасад:

– Чӣ оби ширин аст, оби ин ҷо. Агар одамон ин хел обро дар Лондон пайдо кунанд, шояд онро бо чашмонашон бинӯшанд. Шояд он гоҳ ғизояшон болаззаттар ва чояшон камширтар шавад.

Ман мегӯям:

– Ин ҳоло чизе нест. Ба дараи Шигарф равем, оби чашмаҳои он ҷоро бичаш. Якеашонро Чашмаи Амирӣ мегӯянд. Гӯё оби онро дар кӯзаҳои бузурги сафолӣ гирифта, ба шутурҳо бор карда, барои амири Бухоро мебурдаанд. Ҳеҷ каси дигар ҳақ надоштааст, аз он чашма об бинӯшад.

Меҳрӣ бо ин ки кафҳои худро ба ҳам оварда, аз оби зулолу дурахшон онро пур мекунад, мегӯяд:

– Барои инглисҳо ҳаминаш ҳам оби ҳаёт аст.

Ман мегӯям, ки ӯ ба бонувони тоблуҳои Рерих монанд аст, ҳарчанд гандумгун нест. Баъд аз он баҳс мекунем, ки ҳиндуҳо аз таъсири инглисҳо чӣ қадар тағйир карданд, аммо чаро инглисҳо аз ин ҳамзистӣ дигар нашуданд?

Чанд лаҳза дастонамонро андаруни оби сарду поки чашма ба рӯйи сангчаҳои рангоранги бистари он мегузорему ба сукути оби сеҳрангез ғарқ мешавем. Торҳои мӯйи ӯ ба ҷабини ман мерасанд ва ҷисмам аз ин расиш оташ мегирад. Баъд чашмони ӯ хаёлӣ мешаванд. Оҳ мекашад ва мегӯяд:

– Сегафредоро ёд кардам дар ҳамин вақт. Бо вуҷуди ҳамаи хушиҳои ин ҷо, варо мурданивор ёд кардам. Охир чӣ қадар вақт шуд. Кай бозмегашта бошам…

Ин тири заҳрогине буд ба ҷигари ман.

Пас, холаам рост мегуфтааст. Вай дар он ҷо, дар он кишвари бегона ёре дорад, беҳтар аз ман. Вагарна ҳар дафъа кӯшиш намекард, ба камдонишии ман таъкид кунад. Ва ё дар шигифт намеомад, ки ман Рериху Модиляниро аз куҷо медонам. Пас вай номзади худро кайҳо ёфтааст. Чӣ гуфт холаам? Ҳо “бойфирендо” дорад, ки ҳамин ҳоло бо ин қадар сӯзу гудоз аз ӯ ном гирифт.

Дар пиндори ман дафъатан инглиси баландболои зарди чашмонаш кабуд, пӯсташ сафеду нозук мисли пӯсти занони танноз, шиму пиҷаки оростаи гаронбаҳо ва шоҳпараке сари гулӯяш пайдо шуд. Рӯям оташ гирифт, як сӯзиши тунде аз ҳалқам поён рафт.

Меҳриро онгуна ки об ба рухсораҳояш мезаду донаҳои гӯё шишагини об ба лабони гулобию занахаш мешорид ва ӯ рӯ ба офтоб нигаҳ медошт, дар ҳамон сари чашма гузоштам ва то ҷон дар рамақ доштам, ба сӯи хонаамон давидам. Бод дар гӯшҳоям ҳуштаки ҷигарсӯз мекашид, ашк чашмонамро монанди тезоб месӯзонд, дилам қанотак мезад ва аз қафаси сина берун медамид, пойҳоям ба сангу хор мехӯрду дард намекард. Фақат насиме, ки ба рӯям мезад, мехост оромам кунад.

Идома дорад…

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҷанги ҷаҳонӣ
Мубориза дар роҳи қонунӣ ва миллӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид