Сенатори амрикоӣ: Амрико муносибатҳои худро бо Тоҷикистон амиқтар кунад

Сенатори амрикоӣ: Амрико муносибатҳои худро бо Тоҷикистон амиқтар кунад

Ахбори минтақа

Намояндаи Маҷлиси Амрико Крис Мерфи хостори аз байн бурдани мавонеъ дар масири тиҷории Амрико ва Тоҷикистон шуд.

Ин сенатори саршиноси амрикоӣ аз Кунгураи ин кишвар хост, то санади қадимиро, ки ба Амрико иҷозати таҷорат ва музокираи густарда бо Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбекистонро намедиҳад, лағв кунад.

Вай гуфт: Лағви қонуни Ҷексон-Винник дар соли 1974, ҳам ба нафъи Амрико ва ҳам се кишвари Осиёи Миёна хоҳад буд.

Ба гуфтаи Крис Мерфи давлати Амрико бояд ҳамкории худро бо кишварҳои Осиёи Миёна, бо дар назар гирифтани тағйироти жеополитикӣ дар ҷаҳон, бознигарӣ ва амиқтар кунад.

Ислоҳияи Ҷексон-Винник муртабит бо қонуни тиҷорати федерол дар соли 1974 аст, ки бар асоси он, тиҷорати одӣ ва музокираи давлати Амрико бо кишварҳое, ки муҳоҷирати яҳудиён ва соири ақалиятҳо аз Иттиҳоди Шӯравиро мамнуъ мекунад, маҳдуд мешавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Путин: Русия музокироти сулҳ бо Украинаро рад намекунад
Фалсафаи ахлоқ

Матолиби пурбоздид