Сипос Худовандро…

Сипос Худовандро…

Сипос Худовандеро, ки суханварон аз сутудани ӯ нотавонанд ва шуморандагон аз шумориши неъматҳои ӯ оҷиз ва талошгарон аз адои ҳаққи ӯ дармондаанд…

Худое, ки афкори жарфандеш зоти ӯро дарк намекунанд ва дасти ғаввосони дарёи улум ба ӯ нахоҳад расид.

Парвардигоре, ки барои сифоти ӯ ҳадду марзе вуҷуд надорад ва таърифи комиле барои он наметавон ёфт ва барои Худо вақте муайян ва саромаде мушаххас наметавон таъйин кард.

Махлуқотро бо қудрати худ офарид ва бо раҳмати худ бодҳоро ба ҳаракат даровард ва ба василаи кӯҳҳо изтироб ва ларзиши заминро ба оромиш табдил кард…
(Наҳҷулбалоға)

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Робитаи ахлоқ ва сиёсат
Дар он замонҳо…

Матолиби пурбоздид