Сиёсатмадори исроилӣ хоҳони ҳамлаи атомӣ ба Ғазза шуд
Ахбори байналмилал
Сиёсатмадори ифротии исроилӣ хостори истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар навори муҳосарашудаи Ғазза шуд.
Моше Фейглин, узви собиқи Кнессет, дар сафҳаи худ дар X, зимни дархост барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Ғазза, бо интишори тасвире аз шаҳри Ҳирушимо дар Жопун (Япония) пас аз нобудии он дар соли 1945 тавассути бомби атомии Омрико дар ҷараёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум навишт: «Чанд сарбози омрикоӣ дар набарди Ҳирушимо кушта шуданд?»
Ин сухани Фейглин дар рӯзи дуввуми таҳоҷуми заминӣ сурат мегирад, ки нерӯҳои исроилӣ мутаҳаммили хасоратҳои ҷонии зиёде шуданд, ба тавре ки артиши режими саҳюнистӣ аз кушта шудани 17 сарбози худ дар он рӯз хабар дод.
Қаламонлайн