Содироти маҳсулоти Қазоқистон аз тариқи Эрон ва Халиҷи Форс

Содироти маҳсулоти Қазоқистон аз тариқи Эрон ва Халиҷи Форс

Ахбори минтақа

Қазоқистон тасмим дорад, маҳсулоти кишварзии худро аз тариқи Эрон ва Халиҷи Форс, ба Осиё ва Африқо интиқол диҳад.

Ба ин манзур, давлати Қазоқистон эълом намудааст, ин кишвар дар ҳоли музокира бо Абу-Дабӣ, барои роҳандозии як барномаи сармоягузории муштарак аст, ки ирсоли маҳсулоти кишоварзии Қазоқистонро аз тариқи Эрон ва бандари Халиҷи Форс ба Осиё ва Африқо осон мекунад.

Дар нишасти Серик Жумонгорин, муовини нахуствазири Қазоқистон бо Довуд Тафти мудири иҷрои ширкати ҳамлунақл ва ҳамлунақли Khazar Shipping Company (Эрон), гуфтугӯи ду тараф дар мавриди интиқоли маҳсулоти кишварзии Қазоқистон аз тариқи Эрон ва Халиҷи Форс ба кишварҳои осиёӣ ва африқоӣ анҷом гардид.

Қазоқистон кишварест мисли дигар кишварҳои Осиёи Миёна маҳсур дар хушкӣ ва ба таври суннати ғаллот ва донаҳои равғании худро умдатан ба кишварҳои ҳамсояи худ арза мекунад. Инчунин миқдоре аз маҳсулоти кишварзии худро аз тариқи Русия ба бандарҳои баҳри Сиёҳ ирсол мекунад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таъкиди Фаластин ва Узбекистон бар рушди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ
Панде аз Саъдӣ

Матолиби пурбоздид