Созмони Ҳамкории Исломӣ хостори иқдом алайҳи иҳонаткунандагон ба Қуръон шуд

Созмони Ҳамкории Исломӣ хостори иқдом алайҳи иҳонаткунандагон ба Қуръон шуд

Ахбори ҷаҳони ислом

Созмони Ҳамкории Исломӣ иҳонати мукаррар ба Қуръони Каримро маҳкум кард ва хостори тасмимоти муносиб алайҳи кишварҳои иҳонаткунанда шуд.

Созмони Ҳамкории Исломӣ дар нишасти маҷозии вузарои хориҷаи кишварҳои узви  ин созмон, аз ин ки мақомоти Суед ба сурати мукаррар муҷаввизи иҳонат ба Қуръони Каримро содир мекунад, ибрози таассуф кард.

Дар баёнияи ин нишаст омадааст, ки набуди тадобире аз сӯи мақомоти Суед ва Донморк барои мамониат аз такрори чунин беэҳтиромиҳо, бар хилофи қатъномаи шумори 2686 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи сулҳ ва амнияти байналмилал аст.

Дар баёнияи ин нишаст ҳамчунин бар аҳамияти тақвияти гуфтугӯ, тафоҳум ва ҳакории байни адён, фарҳангҳо ва тамаддунҳо таъкид шуда ва омадааст, ки тарвиҷи арзишҳои баробарӣ ва сулҳ, беҳтарин роҳи муқобила бо нафратпароканӣ, ифротгарӣ ва хушунат аст.

Созмони Ҳамкории Исломӣ ҳамчунин бар зарурати тасмимоти муносиби сиёсӣ ва иқтисодӣ алайҳи кишварҳое, ки иҳонат ба Қуръон дар онҳо сурат гирифтааст, таъкид намуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фалсафаи ахлоқ – (3)
Натиҷаи дидори мақомоти Амрико ва толибон дар Доҳа

Матолиби пурбоздид